Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини якуми Раиси палатаи қонунбарории Олиӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Саидов

14 Сентябр 2020, Душанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини якуми Раиси палатаи қонунбарории Олиӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Саидов, ки ҷиҳати иштирок дар кори Конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «Саҳми сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, ифтитоҳи саҳифаҳои нав дар муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон» ба Душанбе ташриф оварда буд,  бо хоҳиши ӯ  мулоқот намуд.
Зимни мулоқоти судманду самимӣ Маҳмадтоир Зокирзода  қабл аз ҳама меҳмони олиқадрро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хушомадед гуфт.
Сафари Шумо ба Тоҷикистон,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода    ин боз як нишондиҳандаи муносибатҳо дар сатҳи олӣ миёни ду кишвар аст, ки ба он на танҳо муносибатҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, балки робитаҳои парлумонӣ низ мусоидат мекунад.
Ҳоло қонунгузорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  ба дастёбӣ ба як шакли  пойдору ҳамешагии ҳамкориҳо қодир мебошанд.
Дар як муддати кутоҳ метавонем даст ба дасти ҳам диҳем, то робитаҳои байнипарламонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав боло равад, ҳам дар қолаби дуҷониба ва ҳам чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалии парламонӣ рушд кунад. Онҳо ҳамчунон дар оянда низ нақши муҳиме дар тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ, башардӯстӣ ва фарҳангӣ, густариши робитаҳои байниминтақавӣ хоҳанд бозид.
Мо аз ин воқеъият натиҷа мегирем, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро таърих ва фарҳанги муштарак, ягонагии арзишҳои маънавӣ ба ҳам мепайвандад. Халқҳои мо аз кадимулайём паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам зиддагонӣ мекарданд. Ва ин анъанаҳои ҳамсоягиву муносибатҳои дуҷониба имрӯз бояд ба унвони як пояи маҳкаму устувор барои ҳамкорӣ бошад.
Мо ба ин назарем, -афзуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ки Ӯзбекистон шарики стратегии Тоҷикистон аст ва ба мо лозим аст ин муносибатҳоро аз тариқи робитаҳои парламонӣ тақвият бахшем. Мо аз ҷониби худ барои робитаҳои пурбортарин ва ҳамаҷониба бо ҳамкорони бародари ӯзбек омодаем.
Вохӯриҳои гузаштаи Пешвоёни мо дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд, ки дар ҷараёни он санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид, баёнгари он буд, ки ду ҷониб ташнаи таҳкими робитаҳои дуҷониба,  шона ба шонаи ҳам ниҳодану бо боварӣ гомҳои устувор бардоштан барои ба даст оврадан ва расидан ба марзҳои нави ҳамкориҳо мебошанд. Дар аснод орзуҳои қадимӣ, иродаву қотеъияти халқҳои бародари мо таҷассум ёфтаанд.
Дар рӯ ба рӯи мо,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода  фурсатҳои азиме барои таҳқиқи комили имкониятҳои пурраи иқтидори тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва ҳамлу нақли кишварҳои мо, фаъол гардидани мубодилоти фарҳангиву башардӯстона боз шудааст.
Дар як муддати басо кутоҳ дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар Палатаи қонунгузори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамаи созишномаҳои имзокардаи Сарварони ду кишвар тасвиб шудаанд. Ман фикр мекунам, ки ин як намунаи хуб аз кори созанда, пӯё ва ҳамоҳанги мо аст.
Бо ибрози ризоият аз вазъияти феълии робитаҳо байни парламенти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мехоҳам зикр кунам, ки мақомоти қонунгузори мо минбаъд низ бояд ҳамчунон иқдомоти ҷиддиро барои рушди густардаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни кишварҳои мо идома диҳанд. Бовар дорам, ки таҳкими ҳамкориҳои байнипарламонии кишвраҳои мо барои боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар сатҳи сифатан нав фароҳам меорад.
Фикр мекунам ба ёд овардан бамаврид аст, ки Пешвои мо Эмомалӣ Раҳмон ба тавсеъаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҳамаи соҳаҳо таъкид мекунад. Вай ба густариши ҳамешагиву пайвастаи муносибатҳо миёни ду кишвар, ки пайвандҳои таърихиву фарҳангӣ доранд ва сиёсати дӯстиву ҳамсоягии онҳо пойдор аст, алоқаманд мебошад.
Дар хотимаи суханонам мехоҳам таъкид кунам: мо бовар дорем, ки дар баробари болоравии ҳамкориҳои мутақобили чандҷониба байни ду кишвар робитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи қонунгузории Олиӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон  низ бо маъниву муҳтавои нав саршор хоҳад шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин муовини якуми Раиси палатаи қонунбарории Олиӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Саидов номаи табрикотии Раиси парлумони Узбекистонро ба Маҳмадтоир Зокирзода ирсол намуда таъкид намуданд, ки ҷараёни инкишофи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии байни Тоҷикистону Узбекистон бо назардошти манфиатҳои мутақобилан муфид ба роҳ монда шуда, муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ мустаҳкам мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки дар мулоқот Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов иштирок намуданд.

Илова кунед