Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он

17 Июл 2017, Душанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018, №2, мод.65)

 

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, талабот оид ба сифати ғалла ва тайёр кардани ғаллаи озуқавӣ, инчунин емиҳайвоноти кишоварзӣ ва тухмиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

— ғалла – ҳосили зироатҳои хўшадор, лўбиёӣ ва равғандор, ки мутобиқи стандартҳо ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасниф карда мешаванд;

— муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он – фаъолиятоид ба истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, тайёркунӣ, фурўш, воридоту содирот, инчунин истифодаи партовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

— сифати ғалла (сифати маҳсулоти коркарди ғалла) – маҷмўи хусусиятҳои истеъмолии ғалла (маҳсулоти коркарди ғалла), ки ба талаботи стандартҳо, регламентҳои техникӣва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ғалла ва маҳсулоти коркарди онҷавобгўй мебошад;

— истеҳсоли ғалла –фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) вобаста ба кишт, парвариш, ҷамъоварӣ ва интиқолиғалла барои коркарди минбаъда;

— маҳсулоти коркарди ғалла – орд, ярма, маҳсулоти нону макаронӣ, еми чорвою парранда ва маҳсулоти дигари коркарди ғалла;

— орд – озуқаворие, ки дар натиҷаи осиёб намудани донаҳои растаниҳои хўшадор ва зироатҳои лўбиёӣ ҳосил мешавад;

— ярма –озуқаворие, ки аз ғалладонаҳои бутун ва (ё) майда кардашудаи растаниҳои хўшадор ва зироатҳои лўбиёӣ ҳосил мегардад;

-нигоҳдории ғалла раванди технологии фароҳам овардани шароит барои таъмини бехатарӣ, ки банигоҳ доштани хусусиятҳоиистеъмолии он мусоидат мекунад;

— коркарди ғалла –тозакунӣ, хушконидан ва (ё)безараргардонӣ, инчунин бартараф кардани қисмҳои дорои арзиши пастихўрокворӣ бо мақсади таъмин намудани бехатарии ғалла ва беҳсозии хусусиятҳои истеъмолии он;

— безараргардонии ғалла –таъсиррасонии кимиёвӣ, радиатсионӣ ё физикӣ ба ғаллабо мақсади нобуд сохтани зараррасонҳо ва микроорганизмҳо, аз ҷумла объектҳои карантинӣ;

регламенти техникӣ –санади меъёрии муқарраркунандаи талаботи риояаш ҳатмӣ, ки вобаста ба бехатарии маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурўш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва  хизматрасонӣ таҳия шудааст;

— ҳуҷҷатҳои техникӣ – ҳуҷҷатҳое (талаботи техникӣ, дастурамалҳои технологӣ, дастурҳо), ки мутобиқи онҳо истеҳсол, нигоҳдорӣ интиқол ва фурўши ғалла ва маҳсулоти коркарди он амалӣ мегарданд;

— сертификати сифати ғалла (сертификати маҳсулоти коркарди ғалла)– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифату бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад;

— захираҳои давлатии ғалла – захираҳои мақсаднок, ки аз ғаллаи озуқавӣ, емӣ, тухмӣ, фурўшӣ ва устуворгардонии бозори ғалла иборат мебошанд;

— истифодаи партовҳои ғалла ё маҳсулоти коркарди он истифодаи ғалла ё маҳсулоти коркарди он, ки ба талаботи стандартҳо ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгўй набуда, аз мақсадҳои таъинотии ғалла ё маҳсулоти коркарди он фарқ мекунанд;

— мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он (минбаъд — мақомоти ваколатдори давлатӣ)– мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки татбиқи сиёсати давлатиродар бозори ғалла, ҳамоҳангсозӣ ва танзими фаъолияти иштирокчиёни он, инчунин идора намудани захираҳоидавлатии ғалларо амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 2. Таснифоти ғалла

  1. Вобаста ба таъиноти худ ғалла аз намудҳои озуқавӣ (бо мақсади хўрокворӣ истифодашаванда), тухмӣ (барои кишт), инчунин вобаста ба сифатҳои навъӣ ва киштшаванда аз ғаллаи емӣ (барои хўроки чорво ва парранда) иборат мебошад.
  2. Таснифоти ғалла дар асоси маҷмўи нишондиҳандаҳои биологию технологӣ тибқи стандартҳо ва регламентҳои техникӣ оид ба ғалла ва маҳсулоти коркарди он амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

 

 

Моддаи 4. Вазифаҳои Қонуни мазкур

Вазифаҳои Қонуни мазкур иборатанд аз:

— коҳиш додани вобастагии истеъмолкунандагонба бозори берунии ғалла, ба даст овардани тавозуни сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли ғалла;

— муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқии низоми назорати давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои субъектҳои хоҷагидор;

— мусоидат намудан ба тиҷоратикунонии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, рушди бозори ғалла ва ташаккули фазои рақобатпазир;

— муқаррар намудани тартиби бақайдгирии миқдор ва сифати захираҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

— мусоидат ба мутобиқсозии сохтори истеҳсолии ғаллаба шароити табиию иқлимӣ ва вазъи бозор, такмили технологияи истеҳсол, нигоҳдорӣ, фурўши ғалла ва маҳсулоти коркади он.

 

Моддаи 5. Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба муомилоти ғалла ва

маҳсулоти коркарди он машғуланд

Ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди онсубъектҳои хоҷагидоре мансубанд, ки:

— ғалла ва маҳсулоти коркарди онро истеҳсол мекунанд;

— нигоҳдории ғалла ва маҳсулоти коркарди онро анҷом медиҳанд;

— бо фурўши ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд;

— бо воридоту содироти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд.

 

Моддаи 6. Принсипҳои асосии ташкили фаъолият дар соҳаи

муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он

Муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба принсипҳои зерин  асос меёбад:

— кафолати манфиатҳои шаҳрвандон ва ҳифзи муҳити зист;

— самаранокӣ ва рақобати озод ҳангоми истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

— баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ ҳангоми истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

— истифодаи технологияи муосири истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

— шаффофияти иттилоотоид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

— пешгўӣ ва банақшагирӣ ҳангоми истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

— таъмини риояи стандартҳо ва регламентҳои техникӣ, талабот оид ба бехатарии меҳнатва ҳифзи муҳити зист.

 

Моддаи 7. Ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидорие, ки ба

муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд

  1. Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд, ҳуқуқ доранд:

— маълумоти ба фаъолияташон вобастаро ба даст оранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад;

— дар интихоби расмии намунаҳо, баркашидани расмӣ, санҷиши сифату бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди он иштирок намоянд;

— ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд.

  1. Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд, уҳдадоранд:

— чорабиниҳоро оид ба пешгирии вайроншавии ғалла ва маҳсулоти коркарди он таҳия ва амалӣ гардонанд;

— чорабиниҳоро оид ба таъмини бақайдгирии миқдору сифати ғалла таҳия карда, амалӣ намоянд;

— стандартҳо ва регламентҳои техникӣ, талаботи санитарӣ, санитарию байторӣ, экологӣ ва бехатарӣ аз сўхторро риоя кунанд;

— сифат ва бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди онро тавассути истифодаи озмоишгоҳҳои истеҳсолӣ ва марказҳои санҷишии бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда таъмин намоянд;

— қоидаҳои ташкил ва амалисозии ҷараёнҳои технологиро дар элеваторҳо ва корхонаҳои қабулкунандаи ғалла, корхонаҳои ордбарорӣ, ярмабарорӣ ва корхонаҳои истеҳсоли хўроки омехтаи чорво риоя кунанд;

— уҳдадориҳои дигари  пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро кунанд.

 

Моддаи 8. Баҳисобгирии миқдору сифати ғалла

  1. Баҳисобгирии миқдору сифати ғалла аз низоми мураттаби ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва ҷамъбаст намудани иттилоот оид ба амалиёти хоҷагидорӣ вобаста ба ғалла ва маҳсулоти коркарди он тавассути баҳисобгирии саросарӣ, бефосила ва ҳуҷҷатӣ мебошад, ки бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:

— назорати истеҳсол, нигоҳдорӣ ва истифодаи босамари ғалла;

-муайян намудани тағйирёбии нишондиҳандаҳои миқдору сифати ғалла ҳангоми истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди он;

— таъмини иҷроидахлдори уҳдадориҳо мувофиқи шартномаҳои нигоҳдории ғалла дар анбор;

— пешгирии вайроншавӣ ва паст шудани сифати ғалла.

  1. Баҳисобгирии миқдору сифати ғалларо субъектҳои хоҷагидор бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣамалӣ менамоянд.

 

БОБИ 2. МУОМИЛОТИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН

        

Моддаи 9. Хусусиятҳои муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он

  1. Муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  2. Воридоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки аз лиҳози ирсӣ дигаргун (модификатсия) карда шудаанд,ба Ҷумҳурии Тоҷикистонманъ аст.
  3. Тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври транзит интиқол додани ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки аз лиҳози ирсӣ дигаргун (модификатсия) карда шудаанд,тибқишартномаҳоибайналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  4. Муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он бе ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи ҷавобгўй будани онҳо ба талаботи бехатарӣ манъ аст.
  5. Шахсоне, ки муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди онро амалӣ менамоянд, уҳдадоранд назорати истеҳсолии бехатарии онро ташкил кунанд ва анҷом диҳанд, инчунин талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникиро риоя кунанд.

 

Моддаи 10. Кишт ва истеҳсоли ғалла

  1. Кишти ғалла бо назардоштидастовардҳои селексионӣ, ноҳиябандии навъҳои он, инчунин маҷмўи чорабиниҳои муосири агротехнологӣ анҷом дода мешавад.
  2. Дар таркиби тухмии барои кишт истифодашавандаи ғалла миқдори пайвастагиҳои эҳтимолан хавфноки кимиёвӣ ва биологӣ, миқдори боқимондаи пеститсидҳо ва заҳрдоруҳо, моддаю омехтаҳои зарарнок набояд аз меъёрҳои ҷоизи муқаррарнамудаи регламентҳои техникӣ зиёд бошад.
  3. Субъектҳои хоҷагидор уҳдадоранд,ки истеҳсоли ғалларо бо усулҳои таъминкунандаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, инчунин маҳдудкунандаи таъсири номатлуб ба муҳити зист, ба роҳ монанд.

 

Моддаи 11. Нигоҳдорӣва хизматрасонӣ оид ба нигоҳдории ғалла

  1. Нигоҳдории ғалла дар анборҳое, ки ба талабот ва меъёрҳои экологӣ, сохтмонӣ, зиддисўхторӣ, санитарию эпидемиологӣ ва фитосанитарӣ ҷавобгўй мебошанд, анҷом дода мешавад.
  2. Хизматрасонӣ оид ба нигоҳдории ғалла тибқи талаботи тахассусӣ ва дар асоси шартномаи интихоби намунаи ғалла барои ташхис сурат мегирад.
  3. Талаботи бехатариро ҳангоми нигоҳдории ғалла аз рўйи дараҷаи хавфнокӣ регламентҳои техникӣ муқаррар менамоянд.
  4. Масъулият барои нигоҳдории ғаллаи қабулшуда, таъмини сифати он ва риояи меъёрҳои талафоти табиии ғалла дар муддати нигоҳдорӣ базиммаи субъекти хоҷагидор вогузор карда мешавад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.

 

Моддаи 12. Коркарди ғалла

  1. Коркарди ғалла бо мақсади тозакунӣ, хушконидан ва (ё)безараргардонӣ, инчунин бартараф кардани қисмҳои дорои арзиши пастихўрокворӣ (бехтан, тоза ва ҷудо кардан, дурушт кардан) ҷиҳати таъмин намудани бехатарии он ва беҳсозии хусусиятҳои истеъмолии ғалла анҷом дода мешавад.
  2. Меъёрҳои талафёбии табиии ғалла ҳангоми тоза намудан, хушконидан ё безараргардонии он бо регламентҳои техникӣ муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 13. Маҳсулоти коркарди ғалла

  1. Маҳсулоти коркарди ғалла бояд дар шароити аз ҷиҳати гигиенӣ тоза истеҳсол, баркашида ва бандубаст шаванд, дар таркиби онҳо моддаҳои зараровар набошанд (ё басатҳи барои организми инсон безарар бошанд), ҳангоми нигоҳдорӣ, интиқол ва фурўш бехатарии он таъмин карда шавад. Таҷҳизот, мавод ва маҳсулоти дарҷараёни коркарди ғалла истифодашаванда бояд ба талаботи сифат ва бехатарӣ вобаста ба чунин таҷҳизот, мавод ва маҳсулот ҷавобгўй бошанд.
  2. Меъёри ҳосилшавии маҳсулоти коркарди ғалла (миқдор ё таносуби фоизии маҳсулоти ҳосилшуда, ки дар натиҷаи коркарди миқдори муайяни ғалла ба вуҷуд меояд) бо регламентҳои техникӣ муқаррар карда мешавад.
  3. Арзишнокии ғизоии маҳсулоти коркарди ғалла, аз ҷумла бо илова намудани витамину маъданҳо, бояд ба талаботи сифат ва бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ мутобиқ бошад ва эҳтиёҷоти физиологии инсонро ба моддаҳои зарурӣ ва нерўӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда тавонад.

 

Моддаи 14. Фурўши ғалла ва маҳсулоти коркарди он

  1. Фурўши ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
  2. Маҳсулоти коркарди ғаллаи барои фурўш тайёршуда бояд ба стандартҳо, регламенти техникӣ ва меъёрҳои дигаре, ки талаботро нисбат ба маҳсулоти хўрокворӣ, аз ҷумла ба тамғагузории он муқаррар менамояд, ҷавобгў бошад.
  3. Дар варақаизамимаи борҷомаи маҳсулоти коркарди ғалла, тамғакоғаз ё борҷома бояд ба забони давлатӣ маълумоти ҳаммонандкунандаи маҳсулот, аз ҷумла маълумоте, ки номгўйи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муқаррар карда шудааст, дарҷ гардад.
  4. Фурўши ғалла ва маҳсулоти коркарди он бе риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ, қоидаю меъёрҳои санитарӣ, байторӣ ва фитосанитарӣ манъ аст.
  5. Ҳангоми риоя накардани қоидаю меъёрҳои дар қисми 4 моддаи мазкур муқарраршуда, ки дар натиҷа ғалла ва маҳсулоти коркарди он хусусияти хавфнок пайдо мекунанд, соҳибони онҳо уҳдадоранд, чунин ғалла ва маҳсулоти коркарди онро аз фурўш гиранд ватибқихулосаи ташхиси дахлдор коркард, инчунин партовҳоро аз нав истифода баранд ё нобудсозанд.
  6. Маҳсулоти коркарди ғаллаи муҳлати истифодааш гузаштабо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонадбарои хўроки чорво ва парранда коркард ва (ё) нобуд карда шавад.

 

Моддаи 15. Воридот ва содироти ғалла ва маҳсулоти коркарди он

  1. Воридоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба ҶумҳурииТоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ба муомилоти озод баровардани навъи ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки дар феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гумрук дар сурати мавҷуд будани сертификати мутобиқат ё шаҳодатномаи эътирофи он, агар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошанд,иҷозат дода мешавад.
  2. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки сертификати дахлдорро надоранд, танҳо барои ба намоиш гузоштан, инчунин бо мақсадҳои тадқиқотӣ ва санҷиш бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонметавонад ворид карда шавад.

3.Содироти ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вашартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 16. Истифодаипартовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди он

1.Истифодаи партовҳои ғалла ё маҳсулоти коркарди ондар мувофиқа бо мақомотиваколатдори давлатӣамалӣ карда мешавад.

  1. Соҳиби ғалла ва маҳсулоти коркарди он уҳдадор аст, ки имконияти минбаъд аз рўйи таъинот истифода бурдани онро истисно намояд.Имконияти минбаъдаи истифодаи ғалла ё маҳсулоти коркарди он ба сифати хўроки чорво ва парранда бо хулосаи экспертиза муайян шуда, бо хадамоти давлатии байторӣ мувофиқа карда мешавад.
  2. Соҳиби ғалла ва маҳсулоти коркарди он усулу шартҳои истифодаи партовҳоионҳоро интихоб намуда, бо мақомоти ваколатдори давлатӣ мувофиқа мекунад.
  3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ бо мақсади пешгирӣ намудани заҳролудшавии эҳтимолии шаҳрвандон, ҳайвонот ва парранда, паҳншавии бемориҳо ва олудашавии муҳити зист ҳуқуқ дорад дар бораи партовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки барои истифодаи минбаъда корношоям мебошанд, қарор қабул намояд ва уҳдадор аст нобудсозии онҳоро назорат кунад.

 

БОБИ 3. ТАНЗИМ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ

МУОМИЛОТИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИОН

 

Моддаи 17. Принсипу усулҳои танзими давлатии муомилоти ғалла

вамаҳсулоти коркарди он

  1. Танзими давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он аз маҷмўи чорабиниҳое, ки фаъолияти дахлдори бозори ғалла, сифату бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди онро таъмин менамоянд, иборат мебошад.
  2. Танзими давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба принсипҳои зерин асос меёбанд:

— афзалиятнокии таъмини бехатарии инсон ва муҳити зист;

— самарабахшии истифодаи ғалла бо назардошти шартҳоизахиравӣ, истеҳсолию технологӣ, экологӣ, иҷтимоӣ ва шартҳои дигар;

— фаъолияти озоди иқтисодӣ, ягонагии фазои иқтисодӣ, таъмини риояи принсипҳои умумии ташкил ва танзими муносибатҳои иқтисодӣ оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

— волоияти Қонун, муттасилӣ, муназзамӣ, мушоҳидашавандагӣ, маҷмўиятва пешгўишавиирушди соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он.

  1. Усулҳои танзими давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он аз инҳо иборатанд:

— муқаррар намудани талаботи зиддиинҳисорӣ нисбат ба ташкили муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

— муқаррар намудани талаботи ҳатмӣбарои татбиқ ва иҷро нисбат ба ғалла ва маҳсулоти коркарди он дар ҷараёни истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард, тозакунӣ, хушконидан, безараргардонӣ, интиқол ва истифодаи партовҳо;

-дастгирии давлатии субъектҳои хоҷагидор, ки муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди онро амалӣ менамоянд;

— назорати давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

— сертификатсияи ғалла ва маҳсулоти коркарди он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— назорати фаъолияти озмоишгоҳҳоиташхисисифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

— ташаккули захираҳои давлатии ғалла ва назорати миқдору сифати он;

— маблағгузории давлатии чорабиниҳо оид ба ҳифз ва карантини растанӣ.

  1. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дигар усулҳои танзими давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он истифода карда шавад.

 

Моддаи 18. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба

танзими муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он мансубанд:

— таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

— ташкили захираҳои давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

— қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзим ва рушди бозори ғалла;

— таъмини устувориинархи ғалла тавассути мудохилаи (интервенсияи) — давлатӣ ба бозори ғалла дар шакли харид ва мудохилаи молӣ;

— муқаррар намудани талабот нисбат ба субъектҳои хоҷагидор, ки нигоҳдории ғалла ва маҳсулоти коркарди онро барои эҳтиёҷоти давлатӣ анҷом медиҳанд;

— муқаррар намудани шаклҳои дастгирии давлатӣ;

— муайян намудани самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ;

— муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид бамуомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 19. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ

Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дохил мешаванд:

— амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, мусоидат ба ташкили бозори ғалла, ҳамоҳангсозии фаъолияти иштирокчиёни он;

— таҳия ва тасдиқи дастур оид ба бартараф намудани ҳолатҳои риоянакардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

— додани дастур оид ба бартараф намудани оқибатҳои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— муқаррар намудани қоидаҳо ва гузарондани мониторинги бозори ғалла;

— назорати давлатии сифатва бехатарии ғалла;

— назорати фаъолияти озмоишгоҳҳоиташхиси сифати ғалла ҷиҳати риояи тартиби гузарондани ташхиси сифати ғалла;

— мусоидат ба рушди селексия, тухмипарварӣ, технологияи коркарди зироатҳои ғалладонагӣ, нигоҳ доштани ҳосилхезии хок, ҳифз ва карантини растанӣ;

— таҳияи низомномаи нозирони давлатии ғалла, тартиби гузарондани ташхиси сифати ғалла ва додани шиносномаи сифати ғалла, регламентҳои техникии истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди ғалла ва пешниҳоди онҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— таҳия ва бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омормувофиқа намудани шаклҳои намунавии ҳисоботи субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истеҳсол, нигоҳдорӣ, тозакунӣ, хушконидан, безараргардонӣ, интиқол ва истифодаи партовҳои ғалла;

— назорати истифодаи захираҳои давлатии ғалла дар доираи ваколатҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигарипешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 20. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар

                                  соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он

Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он дохил мешаванд:

— тасдиқи барномаҳои маҳаллии рушди истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди он, назорати иҷрои онҳо;

— ҷудо намудани қитъаҳои замин барои кишти ғалла бо назардошти дастовардҳои селексионӣ;

— назорати риояи талабот нисбати ноҳиябандии навъҳои зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи мақсадноки қитъаҳои замин;

— мусоидат намудан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидоре, киғаллаи хушсифатро бо мақсади ғанигардонии бозори истеъмолии дохилӣ истеҳсол мекунанд, инчунин ба субъектҳои дигар, ки нигоҳдорӣ, тозакунӣ, хушконидан, безараргардонӣ, интиқол ва истифодаи партовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди онро анҷом медиҳанд;

— бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистон анҷом додани назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор оид бамуомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 21. Шаклҳои дастгирии давлатӣ

Бо мақсади таъмини устувории бозори ғалла шаклҳои зерини дастгирии давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он амалӣ карда мешаванд:

-таъмини хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ бо тухмиҳои аълосифат ва хушсифат бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чорабиниҳои карантинӣ ва муҳофизати растанӣ;

-додани тухмӣ ба истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

-мусоидат намудан ба истифодаи технологияҳои нав;

— ташкил намудани таҳвили лизингии техника ва таҷҳизот;

— хариди ғалла ва маҳсулоти коркарди он барои эҳтиёҷоти давлатӣ;

— шаклҳои дигари дастгирии давлатии муқаррарнамудаи қонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 22. Самтҳои дастгирии давлатии муомилоти ғалла ва

                                  маҳсулоти коркарди он

  1. Дастгирии давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он дар самтҳои зерин анҷом дода мешавад:

— маблағгузории барномаҳои давлатии илмию тадқиқотӣ ва корҳои таҷрибавию конструкторӣ оид ба селексия, тухмипарварӣ, нигоҳдории ҳосилхезии хок, истеҳсол, такмилдиҳӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди ғалла, инчунин таҳия ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар ин самт;

— рушди инфрасохтори бозори ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

— суғуртаи фаъолият оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

— самтҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

  1. Тартиби дастгирии давлатии истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди онро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

 

БОБИ 4.СИФАТИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН

 

Моддаи 23. Таъмини сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он

Сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он тавассути усулҳои зерин таъмин карда мешавад:

-бамеъёрдарории талабот;

— гузарондани ташхис;

-арзёбии сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он ва бақайдгирии давлатии гигиении он;

-сертификатсия;

— талабот нисбат ба бехатарии ғалла вамаҳсулоти коркарди он;

-назорати давлатӣ.

 

Моддаи 24. Бамеъёрдарории талабот нисбат ба сифати ғалла ва

маҳсулоти коркарди он

  1. Бамеъёрдарории талабот нисбат ба сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он, муайян кардани стандартҳо ва талабот нисбат ба шароити истеҳсол, тайёркунӣ, сифатнокӣ, интиқол, нигоҳдорӣ, коркард, фурўши ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» анҷом дода мешаванд.
  2. Сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он бояд баталаботиҚонуни мазкур, регламентҳои техникӣ, қоидаю меъёрҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ, санадҳои дигаримеъёрии техникӣ ҷавобгўй бошад.

 

Моддаи 25. Экспертизаи сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он

  1. Экспертизаи сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он аз ҷониби озмоишгоҳҳое, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, гузаронда мешаванд.
  2. Ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки аз рўйи натиҷаи тадқиқот барои истифодаи мақсаднок корношоям дониста шудаанд, бо мақсади муайян намудани имконияти истифодаи минбаъдаи он ва ё нобудсозии он бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми дахлдори давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, бояд аз ташхис гузаронда шаванд.
  3. Ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки аз ташхисгузаронда мешаванд, бояд ба таври махсус, бо нишон додани ҳаҷми онвариоя намудани шартҳои истиснокунандаидастрасии онҳо, инчунин риояи талаботи бақайдгирии сифату миқдор нигоҳ дошта шаванд.
  4. Хароҷоти вобаста ба ташхис, нигоҳдорӣ, интиқол, нобудсозии ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки барои истифода азрўйи таъиноти мақсаднок корношоям эътирофшудаанд, аз ҳисоби соҳибионҳопардохт карда мешаванд.

 

Моддаи 26. Арзёбии сифати ғалла, маҳсулоти коркарди он ва

бақайдгирии давлатии гигиении он

  1. Сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди ондар озмоишгоҳҳои махсус бо тартиби муқарраргардида аз рўи усули ягона арзёбӣ мешавад.
  2. Таркиби ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд ё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз рўи нишондиҳандаҳои кимиёвӣ, биологӣ, токсикологӣ ва радиологӣ таҳлил ва арзёбӣ карда мешавад.

 

 

Моддаи 27. Сертификатсияи сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он

  1. Сертификатсияи сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он дар ҳолатҳои зерин гузаронда мешавад:

— ҳангоми харид барои эҳтиёҷоти давлатӣ;

— ҳангоми воридот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он ба хориҷи ҷумҳурӣ;

— ҳангоми муроҷиати субъектҳои хоҷагидор, ки истеҳсол ва нигоҳдории ғалла ва маҳсулоти коркарди онро анҷом медиҳанд;

— ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Тартиби сертификатсияи сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкурва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 28. Талабот нисбат ба бехатарии ғалла ва маҳсулоти

                                  коркарди он

  1. Истеҳсолкунандагон вазифадоранд,ки ба харидорон ва (ё) истеъмолкунандагон оид ба бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди он маълумоти пурра ва дақиқ пешниҳод намоянд.
  2. Муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он бояд дар шароити таъмини бехатарӣ ва нигоҳдории нишондиҳандаҳои сифати он анҷом дода шавад.

 

Моддаи 29. Назорати давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти

                                  коркарди он

  1. Назорати давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  2. Назорати давлатии сифати ғалла, назорати муайян намудани нишондиҳандаҳои сифати ғалларо ҳангоми қабул дар корхонаҳои ғаллақабулкунанда, инчунин ҳамлу нақл, ҳолат ва миқдори онро дар бар мегирад.

 

БОБИ 5. ЗАХИРАҲОИ ДАВЛАТИИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ

                                КОРКАРДИ ОН

 

Моддаи 30. Захираҳои давлатии ғалла

  1. Захираҳои давлатии ғалла аз инҳо иборатанд:

— захираҳои давлатии ғаллаи озуқавӣ;

— захираҳои давлатии ғаллаи емӣ;

— захираҳои давлатии тухмӣ;

— захираҳои давлатии ғаллаи фурўшӣ;

— захираҳои давлатии устуворгардонии бозори ғалла.

  1. Захираҳои давлатии ғаллаи озуқавӣ барои таъмини эҳтиёҷоти сафарбарӣ ва амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегарданд.Захираҳои давлатии ғаллаи озуқавӣ дар ҳолатҳои истисноӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими бозори дохилӣ истифода шуда метавонанд.
  2. Захираҳои давлатии ғаллаи емӣ барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти ҳайвонотикишоварзӣ таъин мегарданд.
  3. Захираҳои давлатии тухмӣ барои расондани кумак ба истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳолатҳои фавқулода, таъмини устувори эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маводи тухмӣ, навкунии тухмӣ, ивазкунии навъҳои тухмӣ, таъмини иҷрои созишномаҳои байнидавлатӣ таъсис дода мешаванд.
  4. Захираҳои давлатии ғаллаи фурўшӣ барои навкунии меъёри захираҳои давлатии ғаллаи озуқавӣ, захираҳои давлатии тухмӣ, захираҳои давлатии ғаллаи емӣ, фурўш дар бозори дохилӣ, расондани кумаки башардўстона ва содироти ғалла таъсис дода мешаванд. Захираҳои давлатии ғаллаи фурўшӣ метавонанд барои танзими бозори дохилӣ то ташаккули захираҳои давлатии устуворгардонии бозори ғалла ва (ё) дар ҳолати норасоии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои ташаккул, нигоҳдорӣ, навкунӣ, (ивазкунӣ) ҳамлу нақл ва истифодаи захираҳои давлатии ғалла мавриди истифода қарор дода шаванд.
  5. Захираҳои давлатии устуворгардонии бозори ғалла барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва танзими бозори дохилӣ бо назардошти қонеъгардонии эҳтиёҷоти минтақаҳои ҷумҳурӣ таъсис дода мешаванд.
  6. Хароҷоти вобаста ба нигоҳдорӣ ва интиқоли захираҳои давлатии ғалла барои захираҳои давлатии ғаллаи озуқавӣ, захираҳои давлатии устуворгардониибозори ғалла, захираҳои давлатии тухмӣ, захираҳои давлатии ғаллаи емӣ ва захираҳои давлатии ғаллаи фурўшӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

 

Моддаи 31. Ташаккули захираҳои давлатии ғалла ва маҳсулоти

                                  коркарди он

1.Ташаккули захираҳои давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди онбо роҳҳои зерин сурат мегирад:

— хариди давлатӣ;

— таҳвилҳои ройгони мақсаднок.

  1. Талабот оид ба ташаккул, нигоҳдорӣ, навкунӣ (ивазкунӣ), ҷойгиронӣва истифодаи захираҳои давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  2. Захираҳои давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди он аз ҳисоби истеҳсоли дохилию воридот таъсис дода мешаванд ва моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

БОБИ 6.МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ

 

Моддаи 32. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни

мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоянакардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 33. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии

                                  Тоҷикистон «Дар бораи ғалла»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 «Дар бораи ғалла» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7 мод.348) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

 

21 феврали 2018 сол

      №1506

Илова кунед