Парлумон барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таваҷҷӯхи хоса зоҳир менамояд

21 Сентябр 2020, Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба аъзои Шӯро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода муаррифи намуда, изҳор дошт, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур  бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсад аз таҳияи лоиҳаи мазкур ба роҳ мондани низоми ягонаи назорат ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Ҷиҳати таъмини иҷрои ин мақсад аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии он пешбинӣ шудааст.
Бо чунин тартиб аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Илова кунед