Машварати кории гурӯҳҳои дӯстӣ

21 Сентябр 2020, Душанбе

Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон нишасти машваратии ҳайати байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар нишасти машваратӣ муҳимтарин масъалаҳои байнидавлатию ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳои Тоҷикистон Ӯзбекистон муҳокима шуда, ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои тарафайн таъкид намуданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо дар раванди гуфтугӯи тарафҳо таъкид намуд, ки муносибатҳои ду кишвари ҳамҷавор дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ дар тамоми самтҳо рушди густурда пайдо намуда, ба шарикии стратегӣ мубаддал гардидаанд, ки аз иродаи қавии роҳбарони сиёсии ду давлат далолат медиҳанд.
Ҳамзамон Улуғбек Иноятов, муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон раванди ҳамкориҳои тарафайро неку дурандешона гуфта, рушди муносибатҳоро барои ҳарду кишвар муҳим ва манфиатбор арзёбӣ намуд.

Дар ҳамоиши гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ 4 масъала:  Дар бораи дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи байнипарламентии ҶТ ва ҶӮ; Дар бораи вазъи иҷрои шартҳои дар Ёддошти соли 2019 байни палатаҳои поёнии ду кишвар баимзорасонидашуда ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда; Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин, таҳкими робитаҳои ҳасанаи байниминтақавӣ ва Рушди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилаллии парламентӣ – Ассамблеяи Байнипарлумони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи Парлумонии Созмони Амнияту Ҳамкори дар Аврӯпо мавриди муҳокимаи тарафҳо карор гирифт.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо Протоколи якҷояи нишасти машваратии ҳайати байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба имзо расониданд. Протоколи мазкурро аз ҷониби Маҷлиси намояндагон муовини Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва аз ҷониби парлумони Узбекистон  Улуғбек Иноятов, муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расониданд.
Худи ҳамин рӯз меҳмонони  ҷониби Узбекистонӣ аз Осорхона, толори таъриҳӣ ва толори иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон ва Кохи наврӯз дидан намуданд.




Илова кунед