Муколама бо нозирони байналмилалӣ

22 Сентябр 2020, Сешанбе

Дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода мудири шуъбаи мониторинги интихоботии Асамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил Юлия Анисимова ва ташхисгари ин созмон Станислав Ткаченкоро ба ҳузур пазируфт. 
Дар мулоқот вобаста ба масоили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, равандҳои интихоботӣ, имкониятҳои аҳзоби сиёсӣ, нақшаву барномаҳои номзадҳо, мавқеъи аҳзоб доир вазъияти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва муносибатҳои байналмилаллӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Аснои муколама Саидмурод Фаттоҳзода таъкид намуд, ки «имконоти васоити ахбори омма ба таври шаффофу баробар дар ихтиёри номзадҳо қарор дошта, ҳеҷ монеае барои ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди таблиғоти интихоботӣ вуҷуд надорад».
Юлия Анисимова ва Станислав Ткаченко ҳамзамон бо номзадҳои интихоботи президенти Рустам Қудратов ва Латифзода Рустам мулоқот намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 11 октябри соли равон Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он 5 номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои чамъиятӣ байни ҳам рақобат менамоянд ва барои назорати раванди интихобот нозирони созмону ташкилотҳои байналмилалӣ даъват шудаанд.
Дар мулоқот намояндаи Мачлиси Олӣ дар Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва муовини котиби генералии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода иштирок ва суханрони намуд.


Илова кунед