Мулоқоти М. Зокирзода бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Миллали Мутаҳид

23 Сентябр 2020, Чоршанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Миллали Мутаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд. 
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  Созмони Милали Муттаҳид, нақши парламенти Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои тоза нигоҳ доштани оби нӯшокии бехатар, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд. 
Раиси Маҷлиси намояндагон нақши Парлумони касбии Тоҷикистонро барои фароҳам овардани фазои қонунӣ ҷиҳати мусоидати мустақим ба ҳифзи муҳити зист, хадамоти беҳдоштӣ, баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба оби нӯшокии бехатар ва ҳуқуқи инсон баланд арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки парламенти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина қонунҳои алоҳида қабул намуда, ҳамзамон вобаста ба талаботи рӯз ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйироту иловаҳо ворид кардааст. 
Раиси парламенти касбии мамлакат ҳамчунин иброз намуд, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияташ ба хотири мусоидат ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, алалхусус дар соҳаи об, тамоми тадбирҳои лозимаро меандешад ва дар ин замина ба шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидати фаъолашон дар татбиқи амалии тадбирҳои Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об изҳори сипос намуд.
Зимни дидори тарафҳо Маҳмадтоир Зокирзода таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо оид ба истифодаи муштараки захираҳои бойи обу энергетикиаш, ки дар дунё яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд, ибтикор нишон додааст ва ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд ва муносибатҳои неки густурда дар ин самт буд ва хоҳад монд. 
Ҳамоҳангсози доимии Созмони Миллалӣ Мутаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу низ дар навбати худ дар бораи фаъолияти барномаҳои созмони мазкур маълумот дода, ҳамзамон таъкид кард, ки ин барномаҳо айни ҳол дар Тоҷикистон  фаъолиятҳои густурда доранд. 
Мавсуф аз талошҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва фазои ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки барномаҳои онҳо ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон мебошанд.
 

Илова кунед