Мулоқоти М. Зокирзода бо Сафири Эрон

24 Сентябр 2020, Панҷшанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ мулоқот намуд. 
Зимни мулоқоти судманду самимӣ  Маҳмадтоир Зокирзода  роҷеъ ба вазъияти равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ибрози назар намуда, ҳамзамон ба рушду инкишофи бештари муносибатҳои парлумонӣ ва равобити иқтисодию тиҷорати кишварҳо таъкид намуд. 
Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин иброз намуд, ки  Эрон аз аввалин кишварҳое буд, ки истиқлолияти  Тоҷикистонро ба расмият шинохт, сафорати худро дар кишвари мо кушод ва равобити танготанге бо давлату мардуми мо барқарор кард. Ҳамзабониву ягонагии фарҳангиву динии ду миллат ва муштарак будани решаҳои ҳувиятӣ ва тамаддунии ду кишвар – муҳимтарин авомили барқарории ин пайванду тавсеаҳо ба шумор меравад.  
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва парламенти он дар муносибатҳои байналмилалии худ ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Намунаи ин пайвастагӣ сафару мулоқотхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон оқои Ҳасани Рӯҳонӣ мебошад.
Маҷлиси намояндагон-парлумони тозабунёд аст. Ҳоло мо бо парлумонҳои зиёди кишварҳои дунё равобити хуби кориро ба роҳ мондаем. Аз таҷрибаи якдигар самаранок ва бештар истифода мебарем. Парлумонҳо воқеан бозувони пуртавонои миллатҳо ва давлатҳо мебошанд, ки дар густариш ва тавсияи равобити байнидавлатҳо нақши босазое доранд. Моро мебояд аз таҷрибаи ҳамидигар самарабахш истифода барем, чароки фарҳангу забони муштарак, дину таърихи умуми барои мо авлавиятҳо медиҳад.
Боиси қаноатмандист, ки миёни Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гуруҳи дустии байнипарлумонӣ таъсис дода шудааст. Ба ин васила бо қаноатмандӣ бояд зикр намуд, ки дар заминаи робитаҳои байнипарлумонии кишварҳоямон қадами устуворе гузошта шуд. Имрӯз вақти он расидааст, ки ин ҳамкориоро густариш диҳем. Мо метавонем дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарломунӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами якдигар дар низоми қонунофарӣ, иттилоотонӣ ҳамкориҳои судманде дошта бошем. 
Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ аз сатҳи равобити иқтисодию тиҷоратӣ истиқбол намуда,  аз ҳамкориҳои байнипорлумонӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Сафири Эрон ҳамчунин баргузории интихоботи парлумониро гоми устуворе дар пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистон арзёбӣ кард ва аз таҳкими фаъолиятӣ Гурӯҳӣ дӯстии байнипарлумонӣ истиқбол намуд.

Илова кунед