Ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии маориф ба салоҳияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад
01 Октябр 2020, ПанҷшанбеВакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баъди садо додани суруди миллӣ, интихоби котиботи иҷлосия, комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон, тартиби инъикоси кори иҷлосия, дар оғози иҷлосия лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи мазкур ба роҳ мондани низоми ягонаи назорат ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Ҷиҳати таъмини иҷрои ин мақсад аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии он пешбинӣ шудааст.


Дар ҷаласа ҳамчунин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2018-2019 баррасӣ гардид, ки вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва вакили мардумӣ Ашуров Ғиёсиддин масъалара шарҳу тафсир намуданд. Дар ҷаласа қайд гардид, ки Созишномаи мазкр бо мақсади баланд бардоштани малака ва қобилияти муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои таълимӣ бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат ва ихтисосмандкунонии муҳоҷири меҳанатӣ ва оилаҳое, ки бо муҳоҷирати меҳнатӣ алоқаманданд равона карда мешавад. Лоиҳа барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, аз ҷумла паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баробарии гендерӣ, шуғли пурмаҳсул ва рушди иқтисодӣ ва паст кардани нобаробарӣ мусоидати зарурӣ хоҳад кард.

Масъалаҳои мазкур аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ шуда, доир ба тасдиқи масъалаҳо қарорҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон қабул карда шуд.