Сиёсати комили Пешвои миллат – заминаи рушди босуботи Тоҷикистон

02 Октябр 2020, Ҷумъа

Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии халқу миллатҳо шахсиятҳои бузургу таърихие ҳастанд, ки зиндагиномаи онҳо бо сарнавишти давлатдории миллатҳо пайванди ногусастанӣ дорад.
Бузургон фармудаанд: нобиѓаҳо дар як замон зиндагӣ мекунанд, вале рўҳ ва ғояҳояшон таърихи ояндаро комил месозад.
Мардуми Тоҷикистон ба Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмўъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумиллӣ ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ  менигарад. Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон як ҷойгоҳ, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар шоҳидии тамоми мардум ба он расидааст. Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ бештар ба худ боварӣ ва эътимод доранд, ин моҳияти ба таври воқеӣ ва комилан табиии Пешвои миллат будан аст.
Имрўзҳо Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва сокинони боифтихору сарбаланди он дар арафаи маъракаи ҳаётан муҳим – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Интихоботи Сарвари давлат дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва рӯзгори аҳли ҷомеа нақши калидӣ дошта, барномаи пешазинтихоботии нафари ба ин маснади баланд интихобгардида самтҳои асосии фаъолияти ҷомеаро дар тамоми ҷабҳаҳо барои 7 соли минбаъда муайян менамояд.
Натиҷабардории фаъолияти ҳар як Президент аз рӯи амалишавии барномаи пешазинтихобии номзад ба Президент сурат мегирад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз фазои мураккабу таҳаввулоти ҷаҳонӣ Тоҷикистон солҳои охир ба зинаҳои чашмраси инкишоф боло меравад, ки ин шаҳодати тақвияти пояҳои иқтисодию иҷтимоии давлатдории миллии тоҷикон дар тӯли солҳои охир мебошад.
Инсон табиатан дар арафаи ҷашну санаҳои таърихӣ, маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва интиҳои сол роҳи дар давоми як марҳилаи муайян паймудаашро таҳлил намуда, дастоварду пирузиҳои имрӯзро бо гузашта қиёс мекунад ва хулоса мебарорад, ки ба чӣ дастоварде  ноил шуд.
Воқеан, дар давоми 7 соли сипаришуда миллати тоҷик ба кадом комёбиҳо ноил гардид ва дурнамои рушди хоҷагии халқ чӣ гуна аст? Дар ин навиштаи худ мо тасмим гирифтем асосан перомуни тараққиёту рушди соҳаи иқтисодиёт ва илму маорифи кишвар дар ҳафт соли охир изҳори андеша намоем.
Вобаста ба ҷавоби саволи болоӣ бисёр ҳарф задан мумкин аст, аммо посухи аз ҳама кӯтоҳу мушаххасро зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд.
Дар ин санади таърихиву тақдирсоз, ки аҳли ҷомеа якдилона ба ҳайси роҳнамо ва дастури амали хеш қабул намуданд, таъкид гардид, ки татбиқи ҳадафмандонаи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлату Ҳукумат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии халқ ва ба кишвари ободу зебои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта табдил додани Ватани маҳбуб мусоидати ҳамаҷониба намуд.
Бино ба иттилои Пешвои муаззами миллат соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин гардид. Дар давоми ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти мамлакат ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардид, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 млрд сомонӣ ба 87, 4 млрд сомонӣ афзоиш ёфт, ки дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин маҳсуб мешавад. Ҳамзамон дар ин давра ҳаҷми даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 млрд сомонии соли 2013 ба зиёда аз 23 млрд сомонӣ дар соли 2020 баробар шуд. Дар ин радиф даромади пулии аҳолӣ 2 баробар, музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 ва бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар 45 фоиз афзоиш пайдо кард.
Падидаи ҷолиб дар замони соҳибистиқлолӣ қариб ду баробар кам шудани нишондиҳандаи умумии фавт, аз ҷумла 3,2 фоиз кам шудани фавти кӯдакони синни то 5 - сола ва то 75 сол боло рафтани дарозумрии миёнаи шаҳрвандон мебошад. Дар ин давра шумораи аҳолии кишвар зиёда аз 70 фоиз афзуд ва аз 5,5 млн қариб ба 9,5 млн нафар расид.
Бо назардошти чунин дастовардҳои беназир, Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки: «нишондиҳандаҳои дар соли 2013 пешбининамудаи барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол, дар маҷмӯъ, иҷро гардид».
Воқеан, дар ин марҳилаи дурахшони таърихӣ дар партави сиёсати оқилонаву дурбинона ва ба бунёдкорию созандагӣ нигаронидашудаи Пешвои муаззами миллат барои таҳкими давлатдории миллӣ, тараққӣ додани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, махсусан иқтисодиёт, афзалияти бештар додан ба бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, ноил гардидан ба озодии комили сиёсӣ, иқтисодӣ, мафкуравӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ ва дар умум, ба вуҷуд овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як сокини мамлакат корҳои бузург ба анҷом расида, қадамҳои устувор гузошта шуданд ва роҳи ба даҳсолаҳо баробар паси сар гардид.
Бо назардошти ин, дар давоми ҳафт соли сипаришуда таҳкими пояҳо ва тақвияти истиқлолияти иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳ ва эътибори давлату Ҳукумати Тоҷикистон, шахсан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва ислоҳоти доманадори равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ заминаҳои мусоид ва созгорро барои рушди иқтисодиёти миллӣ фароҳам сохт.
  1. Таъмини фаъолияти пурсамари бахшҳои иқтисодӣ ва инкишофи босуръати соҳаҳои истеҳсолӣ.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръат ва аз кишвари аграрӣ – индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистонро чунин шарҳ додаанд: «Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст».
Мақсад аз саноатикунонии босуръати мамлакат ин аз кишвари аграрӣ – индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Саноатикунонӣ имкон медиҳад, ки дар мамлакат корхонаҳои калон сохта шаванд ва ҷойҳои нави корӣ фароҳам омада, сокинон бо шуғли доимӣ ва музди меҳнат таъмин мегарданд, ки яке аз шартҳои асосӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии мардум мебошад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар рушди иқтисодиёти миллӣ айни замон бахшҳои алоҳидаи соҳаи саноат ба мисли хӯрокворӣ, масолеҳи бинокорӣ, истеҳсоли зарфҳо ва ашёҳои пластикӣ, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва боигариҳои табиӣ нақши калидӣ доранд. Аксари корхонаҳои саноатие, ки солҳои охир мавриди истифода қарор гирифтанд, ба ҳамин бахшҳои саноати миллӣ мутааллиқ мебошанд. Аз рӯи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳафт соли охир бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат танҳо дар соҳаи саноати сабук 49 корхонаю коргоҳҳои нав бо нишондиҳандаи умумии 7300 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз ин нишондиҳандаҳо ба соли 2013-ум 11 адад (1457 ҷой), ба соли 2014-ум 7 адад (950 ҷой), ба соли 2015-ум 8 адад (1710 ҷой), ба соли 2016-ум 3 адад (995 ҷой), ба соли 2017-ум 5 адад (600 ҷой), дар соли 2018-ум 6 адад (510 ҷой), ба соли 2019-ум 5 адад (280 ҷой) ва ба 4 моҳи соли 2020-ум 4 адад (280 ҷой) корхонаю коргоҳ рост меояд.
Ҳамзамон, новобаста ба мушкилот ва маҳдудиятҳои пешовардаи бемории сироятии КОВИД – 19 давоми моҳҳои май – сентябр дар доираи сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ як қатор корхонаву коргоҳҳои нав кушода шуданд. Танҳо дар давоми нимсолаи авали соли равон дар миқёси кишвар ба маблағи 13 млрду 137 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид ва суръати рушд 9,3 фоизро ташкил дод. Дар давоми 7 сол, яъне аз соли 2012 то соли 2019 зиёда аз 2,5 маротиба афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва дар соли 2019 ба 27 млрду 586,6 млн сомонӣ баробар гардидани он худ далели инкишофи рӯзафзуни иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад.
Бояд қайд намуд, ки саҳми арзандаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар пешрафту ободии мамлакат муҳим арзёбӣ мегардад. Маҳз дар давраи байни ду маъракаи муҳими сиёсии Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014 – 2020) бо ҷалби сармоя ва ташкили инфрасохтори саноатӣ фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара», «Панҷ», «Суғд» бамаротиб тақвият ёфта, барои ташкили минтақаҳои озоди иқтисодии «Кулоб» ва «Ишкошим» тадбирҳои муҳим андешида шуданд.
  1. Тақвият бахшидани ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, муҳайё намудани ҷойҳои иловагии корӣ.
Рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти давлат яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва татбиқи он бо истифода аз механизмҳои иқтисоди бозорӣ барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд. Бо мақсади рушди минбаъдаи сармоягузориву соҳибкорӣ, ворид намудани технологияи муосир, дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ташкили корхонаҳои муштарак «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» амалӣ гардид, ки дар натиҷа шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ мунтазам афзуда, соли 2019-ум 326516 ададро ташкил намудааст ва ин рақам нисбат ба соли 2013 беш аз 1,2 маротиба зиёд мебошад. Дар доираи татбиқи барномаи мазкур соли 2019 ба кишвар дар ҳаҷми 345,9 млн доллар сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2013 тақрибан 5 млн доллар зиёд мебошад.
Бо мақсади зиёд намудани ҳиссаи бахши хусусӣ дар тараққиёти иқтисодиёти кишвар, мукаммалсозии қонунгузорӣ ҷиҳати тақвияти ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон, бартараф намудани монеаҳои маъмурию бюрократӣ, кам намудани шумораи расмиёти танзимкунанда, аз ҷумла дар самти низоми бақайдгирӣ, ҳисоботдиҳӣ ва фискалӣ шароити мусоид фароҳам гадид. Ҳамзамон, дар ин самт як силсила имтиёзҳо ҷорӣ гардиданд, ки муҳимтарини онҳо ба рушди соҳаҳои саноат, сайёҳӣ, паррандапарварӣ дар бораи аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти техникаи таъинотӣ, таҷҳизоти истеҳсоливу технологӣ ва маснуоти такмилии онҳо ба ҳисоб мераванд. Ҷиҳати дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуда, дар давоми 7 соли охир ба 161 субъекти соҳибкорӣ 222,4 млн сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо намудааст, ки нисбат ба соли 2013 беш аз 7,4 маротиба зиёд мебошад.
Тавассути ҷараёни муваффақонаи хусусигардонии моликияти давлатӣ миқдори аҳолии машғули кор дар бахшҳои хусусии иқтисоди ҷумҳурӣ муттасил рӯ ба инкишоф ниҳод, ки соли 2019 аҳолии машғули бахши хусусии иқтисод то 81,7% афзоиш ёфт. Агар саҳми бахши хусусӣ дар соли 2013 дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 54 фоизро ташкил диҳад, ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд. Ҳамзамон, содироти маҳсулоти соҳа, алалхусус, семент, гаҷкартон, масолеҳи рангубор, маъдан, консерваи меваю сабзавот, маҳсулоти гуштӣ, матоъҳои пахтагин ва қолин бамаротиб афзуд.
Дар 7 соли охир дар кишвар 2092 коргоҳу корхонаҳои самтҳои гуногуни истеҳсолӣ бо зиёда аз 49 ҳазор ҷойи кории иловагӣ сохта шуда, фаъолият карда истодаанд. Танҳо дар зарфи солҳои 2012-2019 дар кишвар зиёда аз 30 корхонаву коргоҳҳои муштарак бо ҷалби сармояи мустақим дар соҳаи коркарди маъдан ва истихроҷи канданиҳои фоиданок таъсис дода шуда, айни замон, дар кишвар беш аз 350 корхона бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла, коркарди ашёи хом машғул мебошад.
Дар давоми солҳои 2015-2019 дар мамлакат ба маблағи беш аз 4 млрд сомонӣ 875 адад корхонаҳои нави саноатӣ таъсис дода шуданд, ки аз нишондиҳандаи нақшаи дар барнома пешбинишуда тақрибан 4,4 баробар зиёд мебошад. Дар давраи солҳои 2013-2019 бо мақсади вусъат додани шуғли аҳолӣ ва кам кардани шумораи бекорон, хусусан, дар байни ҷавонон, аз ҳисоби рушди соҳаҳои кишоварзӣ, коркарди маҳсулот, саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, кимиё, маъдан ва хизматрасониҳои нақлиёту алоқа, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ бо такя ба бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ зиёда за 1 миллиону 82 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд, ки бешубҳа ба коҳиши сатҳи бекорӣ, ҷалби неруҳои меҳнатии дохилӣ ба рушди иқтисодиёти миллӣ таъсири мусбат гузошт.  
Танҳо соли 2019 аз ҷониби соҳибкорони минтақаҳои гуногуни кишвар дар бахшҳои мухталифи иқтисоди миллӣ, зиёда аз 40 адад коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ғайраҳо бо таъсис додани беш аз 2000 ҷойҳои нави корӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд шудааст. 
Бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ, таъмини барномаҳои қабулшудаи давлатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” қабул гардид.
Мавриди қайд аст, ки бо мақсади дастгирӣ соҳибкории хурду миёна ва рушди минбаъдаи соҳибкории истеҳсолӣ, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2008-2010 (аз 25 июли соли 2008 то 25 июли соли 2010, ба мӯҳлати ду сол) ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва солҳои 2011 – 2014 (аз 5 октябри соли 2011 то 4 октябри соли 2014, ба мўҳлати се сол) мораторий эълон гардида буд. Таҷриба нишон дод, ки мораторий ба рушди устувори соҳибкории хурду миёна, ҷиҳати кам кардани хароҷот ҳавасмандиро ба вуҷуд оварда, ба қонунӣ кардани тиҷорат, кам гардидани иқтисодиёти ғайрирасмӣ, зиёд шудани ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти мунтазами маблағҳо ба буҷети давлатӣ мусоидат намуд. Бори сеюм Фармони Президенти кишвар 16 январи 2018 таҳти № 990 ба тавсиб расид ва дар солҳои 2019-2021 (аз 1 январи 2019 то 1 январи 2021 ба муҳлати 2 сол) ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мораторий эълон карда шуда буд.
Дар 7 соли охир ҷиҳати мукаммалсозии қонунгузорӣ ва дар ин асос тақвият бахшидани ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон, бартараф намудани монеаҳои маъмурию бюрократӣ, кам намудани шумораи расмиёти танзимкунанда, аз ҷумла, дар самти низоми бақайдгирӣ, ҳисоботдиҳӣ ва фискалӣ як зумра ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ гардиданд. Дар натиҷаи қабули қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” муҳлати бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи «Равзанаи ягона» аз 45 то ба 5 рӯз ва барои соҳибкорони инфиродӣ то 3 рӯз кӯтоҳ гардид. Инчунин, шумораи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирии давлатии таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз 30 то ба 7 адад коҳиш ёфт. Таҳия ва қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» имконият дод, ки шумораи соҳаҳои иҷозатҳо аз 805 то 86 адад кам карда шуда, расмиёти дастрас намудани онҳо низ соддатар гардид. Зиёда аз ин, низоми электронии пешниҳоди иҷозатҳо то 30 фоиз зиёд гардид.
  1. Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок.
Тўли 7 соли охир таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар нақшаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ пешравиҳои муҳиму назаррас ба амал омаданд.
Муҳаққиқон ва коршиносон бар ин назаранд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ яке аз хусусиятҳои рушди иқтисодиёти миллӣ бо воситаи эълони ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ё худ ҳадафҳои миллӣ инкишоф ёфтани он аст. Дар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2015 расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда буданд.
Тавре зимни яке аз суханрониҳояшон Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» рафтуомад аз қисмати ҷанубӣ ба қисмати шимолии мамлакат ба таври доимӣ таъмин гардид, инчунин, солҳои охир ба хоҷагии халқ ва сокинони мамлакат дар тамоми чор фасли сол ба таври шабонарӯзӣ нерӯи барқ дода мешавад. Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон ба мақоми олии қонунгузор иттилоъ доданд, ки айни замон дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии бештар аз 8,5 млрд сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Оғози навсозии роҳи “Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин”, оғози лоиҳаи “Таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ-Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт” аз рӯйдодҳои муҳими солҳои охир маҳсуб меёбад. Аз оғози давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар ҷамъулҷамъ 44 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуд, ки маблағи умумиаш 1,4 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар давоми 7 соли охир дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Ҳарчанд дар ин самтҳо иҷрои корҳои зиёд дар пешанд, бо итминон метавон гуфт, ки Ватани маҳбубамон аллакай ба истиқлолияти энергетикӣ расида, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтааст. Дар робита ба ин, бояд қайд намуд, ки ба шарофати амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетикаи кишвар дар давоми ҳафт соли охир истеҳсоли нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза 1,3 баробар афзоиш ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба кор андохтанд, ки неруи барқи тавлидшаванда ба низоми умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд ва қисмати минтақаи Осиёи Марказиро низ бо барқ таъмин намуд.
Бояд қайд намуд, ки аз соли 2013 инҷониб дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ низ бисёр иқдомҳои шоиставу ватандӯстона рӯи кор омаданд, ки бамаротиб зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти ғизоии воридотивазкунанда дар дохили мамлакат далели ин гуфтаҳост. Соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 27,8 млрд сомонӣ расид, ки низ натиҷаи татбиқи ислоҳоти куллӣ дар ин соҳа ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат афзоиш ёфта, ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар рушди иқтисодии мамлакат назаррас мебошад ва 39 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи тақвияти заминаи ҳуқуқии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шароити иқтисодиёти бозорӣ дар соли 2019 беш аз 172 668 адад хоҷагиҳои деҳқонии калону миёна ва хурд таъсис дода шуда, нисбати соли 2013-ум, ки шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ 87 594 ададро ташкил медод, ба андозаи 2 баробар афзоиш ёфтааст. Дар натиҷаи амалӣ намудани “Барномаи ислоҳоти кишоварзӣ барои солҳои 2012-2020”  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфта, 60 фоизи бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ таъмин мебошад. Бо мақсади такмили ислоҳоти соҳа, додани афзалият ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ватанӣ ва паст намудани вобастагӣ аз маводи ғизоии воридотӣ, таъмини механизмҳои рақобатпазирии хоҷагиҳо ва дар ин замина ба 70-80 фоиз расондани ҳиссаи маҳсулоти кишоварзии ватанӣ дар бозори дохилӣ, рушди растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар самтҳои истеҳсолоти кишоварзиро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат тамоми чораҳои заруриро амалӣ гардида истодааст.
Сайёҳӣ таҷассумгари таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ мебошад. Ҳамчун феномени иқтисодӣ ва яке аз соҳаи даромадноки иқтисодиёт дар давоми садсолаҳо эътироф гардида, дар кишвар бо суръати баланд рушд намуда истодааст. Бояд қайд намуд, ки 26 декабри соли 2018 зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 - 2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Ҳадафи ин тадбир рушди минтақаҳои мамлакат, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин мусоидат ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Бо ташаббуси созандаи Пешвои муаззами миллат барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд.
Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуданд. Таҳлилҳо собит сохтанд, ки то ба ин давра ба соҳибкорон ва сармоягузорон дар маҷмўъ 73 имтиёз ва 240 сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешбинӣ шудааст, аз шумораи умумӣ 29 намудро имтиёзҳои андозӣ, 23 намудро имтиёзи гумрукӣ, 4 намудро имтиёзҳои танзимкунанда ва 15 намудро имтиёзҳои молиявӣ, грантҳои аслии давлатӣ ва ѓайра ташкил медиҳанд, 85 фоизро имтиёзҳои фискалӣ ва тақрибан 15 фоиз ба ѓайрифискалӣ рост меоянд.
Ҳамзамон, дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ дар панҷ соли охир ба иқтисодиёти кишвар беш аз 5 млрд доллар сармоягузории хориҷӣ ҷалб гардид ва барои 2 млрд доллар сармояи мустақим мусоидат намуд. Бо мақсади ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ” ва як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳо таҳия ва қабул гардиданд. Дар солҳои 2013-2019 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 57,3 млрд сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки қариб 30 млрд сомонии он сармояи мустақимро ташкил медиҳад. Солҳои 2013-2019-ум 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гардида, ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 13,2 млрд сомонӣ сармояи давлатӣ равона карда шуд. Ҳоло дар кишвар 66 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мешавад, ки маблағи умумии онҳо 32,4 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Натиҷаи татбиқи чунин чораҳои ҳадафманд буд, ки Хазинаи байналмилалии асъор аз рӯи суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни 193 кишвари олам мақоми 11-ум ва дар байни кишварҳои пасошӯравӣ мақоми аввалро муносиб донист.
Ватани маҳбуби мо имрӯз дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва созанда эътироф гардидааст. Сиёсати «дарҳои боз» ҷавҳари робитаҳои хориҷии давлатро ташкил медиҳад, ки ба шарофати он Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бисёр мамлакатҳои дунё муносибати нек ва ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Дар радифи амалисозии фаъолияти содиротию воридотӣ ба роҳ мондани ҷалби сармояи хориҷӣ, фароҳам овардани имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва институтсионалӣ барои сармоягузорони хориҷӣ имкон фароҳам овард, ки шумораи корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби сармояву шаҳрвандони хориҷӣ фаъолиятбаранда бамаротиб афзоиш ёбад ва ҳоло шумораи онҳо ба 649 адад мерасад. Ҳамгироӣ ва вуруди ҷумҳурӣ ба муносибатҳои байналмилалӣ омилҳои муҳимтарини фаъолияти самараноки иқтисоди миллӣ ва татбиқи индустрикунонии нав мебошанд. Тоҷикистон ҳамчунон иқдомоти ҷиддиро барои рушди густардаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя идома дода истодааст.
  1. Амалӣ гардондани тадбирҳои муассир ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон.
Дар натиҷаи амалӣ гардидани нақшаву барномаҳои воқеӣ зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат таъмин гардида,  як қатор чорабиниҳо баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ иҷро гардиданд. Дар тӯли 7 соли охир дар ҷумҳурӣ оид ба беҳтар кардан ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ корҳои зиёд роҳандозӣ гардиданд, аз ҷумла, зиёдшавии музди меҳнат, ташкили ҷойҳои корӣ, сохта ба истифода додани корхонаҳои соҳаҳои гуногун, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои томактабӣ, боғҳои фароѓатию истироҳатӣ ва ғайра.
Соҳаи иҷтимоӣ низоми иқтисодиро муайян мекунад. Дар замони ҳозира, бисёртар мафҳуми «маблағгузории иҷтимоӣ» ҳамчун маблағгузорӣ ба объектҳои соҳаи иҷтимоӣ бо мақсади ба даст овардани даромад ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум бо эҳтиёҷоти моддӣ, иҷтимоӣ ё маънавии онҳо васеъ истифода бурда мешавад. Дар ин радиф нишондиҳандаи ҳаҷми маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд гардид. Дар соли 2013 ин нишондиҳанда 10,2%-ро ташкил кард ва дар соли 2019 фоизи маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ нисбат ба ММД 12,6 %-ро ташкил дод.
Дар натиҷаи таъмини сатҳи баланди рушди  иқтисодиёт аз ҳисоби дастгирии сармоягузории давлатӣ ва қарздиҳии тиҷоратӣ аз соли 2013 то 2020 сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 % аҳолӣ то 27,5% коҳиш ёфт. Ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ дар ин солҳо 1,4 маротиба паст гардид ва мақсади дар Барномаи пешазинтихоботӣ гузошташуда асосан иҷро шуд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат то соли 2020 ба ҳар сари аҳолӣ 1,5-2 маротиба афзоиш ёфта, вазни қиёсии даромад ва хароҷоти ҷории буҷети давлатӣ нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 24-25 фоиз ва маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз 12 то ба 16 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расид. Ин имконият дод, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар ин давра аз дуюним то се баробар зиёд гардад. Умуман дар 7 соли охир даромадҳои воқеии аҳолӣ то 4 баробар зиёд гардиданд. Дар натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди ақали музди меҳнат 2 маротиба, музди миёнаи меҳнат 1,9 маротиба, стипендияҳои давлатии донишҷӯёну аспирантони муассисаҳои илмӣ 1,5 маротиба афзудааст. Нафақаи ҳадди ақал аз рўи синну сол, заминавӣ ва ниҳоӣ 1,4 маротиба афзудааст.
  1. Рушди соҳаи маориф, таблиғи андешаҳои миллӣ ва таҳкими заминаи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон.
Он миллате саодатманд ва пирӯз аст, ки Сарвараш оқилу хирадманд ва  соҳибфазилат  бошад. Хушбахтона, миллати тоҷик дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳу эътибори хосаро нисбати илм ва маорифи кишвар беш аз пеш эҳсос мекунад.
Сарвари давлат  ба таври доимӣ барои пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Дар ин ҷода ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҷавонони соҳибилму соҳибкасб бо ҷаҳонбинии васеи илмӣ ояндаи давлату миллат мебошанд. Тарбияи наслҳои нав инъикоскунандаи ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад. Тарбия на танҳо вазифаи оила ва мактаб, балки вазифаи давлат ва ҷомеа ҳам мебошад. То имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ имкониятҳои баробар фароҳам гардидааст.
Дар ин ҷода ёдовар шудан аз дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тарбияи кадрҳои баландихтисос ба соҳаҳои мухталиф, мутахассисони замони нав ва ташкили курсҳои омӯзишӣ барои касбазхудкунӣ бар манфиати кор аст. Зеро Сарвари мамлакат дар ҳар баромади хеш аз фардои ин миллати куҳанбунёд ҳарф зада, таъкид бар он медоранд, ки ояндаи кишвар дар дасти ҷавонон аст ва мо бояд онҳоро тавре тарбия намоем, ки миллатро ба сӯи созндагиву бунёдкорӣ бубаранд.
Дар ин муддат дар соҳаи маориф ва илм якчанд иқдомҳо амалӣ гардиданд, ки онҳо бевосита ба ташаккули донишҳои техникӣ, тарғиби фарҳанги техникӣ, фароҳам овардани заминаи воқеӣ барои рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзиву техникӣ ва ба ин васила муваффақ шудан ба дастовардҳои техника ва технологияи муосир равона гардидаанд.
Роҳандозӣ шудани  “Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020”, «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзиву техникӣ барои солҳои 2010-2020», «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимиву илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмиву таҳқиқотӣ» ва «Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ва дигар ҳуҷҷатҳои расмиро қабул гардидааст, ки барои дастгирӣ ва дар сатҳи талаботи замон ба роҳ мондани таълиму тарбия, пешбурди илму маориф ва тарбияи кадрҳои миллӣ мусоидат намуда истодаанд.
Таҳкими пояи моддӣ - техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, баланд намудани мақоми омўзгор дар ҷомеа, зиёд кардани музди меҳнат ва таъмини ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм, рушди робитаҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, фароҳам овардани замина барои омўзиши забонҳои хориҷӣ идома ёфта истодааст. Танҳо дар соли 2019 ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шудааст. Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст. Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, амалӣ шудааст. То ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.
Эълон гардидани солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои азхудкунии донишҳои замонавӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас, бо таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ фаро гирифтани ҷавонон як такони хуб гардидааст. Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамасола ташкил ва гузаронидани озмуни “Фурўѓи субҳи доноӣ китоб аст” наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ менамояд ва барои баланд бардоштани қобилияти эҷодии онҳо тақвият мебахшад.
Ҳамон тавре, ки дар боло ишора намудем, дар замони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки барои баланд шудани сатҳи маърифати ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Зеро дар ҷомеае, ки дар он сатҳи маърифати мардум баланд аст, ҳар гуна рафтору дасисаҳои ноҷо рох ёфта наметавонад. Хеле хуш аст, ки дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасмандии насли наврасу ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Таъсиси ҷоиза бо номи “Дурахшандагон” барои мактабиён ва ҷоизаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ва ҳамасола баргузории олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва Ҷоми академияи илмҳо бозгӯи гуфтаҳои болоиянд.  
Тавре, ки дар боло қайд намудем имрӯз дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои хурду азими саноатӣ бунёд гардида истодаанд, бинобар ин соҳа  ба мутахассисони баландпояи соҳибкасби коргарӣ эҳтиёҷ дорад. Вобаста ба ин, рушди самтҳои гуногуни маориф, аз ҷумла, баланд бардоштани сатҳи ҳамаи зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таъмини заминаҳои моддиву техникӣ ва имкониятҳои омодакунии  кадрҳои  ин муассисаҳо яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ шумораи  қабули хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ зиёд гардида, дар солҳои таҳсили 2019 - 2020 ба 14660 нафар баробар гардидааст, ки назар ба соли 2013 ин нишондиҳанда 13, 6 фоиз зиёд гардидааст. Дар соли 2013 ба ин муассисаҳо 12900 нафар қабул гардида буданд. Соли 2019 курсҳои кӯтоҳмуддати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро 12259 нафар хатм намуданд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2013-ум  2556 нафар ё 26,4 фоиз зиёд аст. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ солҳои таҳсили 2013/2014 шумораи донишҷӯён 48,0 ҳазор нафар буда, он дар соли таҳсили 2018/2019 ба 86,5 ҳазор нафар ё 80,2 фоиз зиёд гардидааст. Мавриди қайд аст, ки шумораи донишҷӯён дар ин муассисаҳои таълимӣ, бахусус аз ҳисоби духтарон давра ба давра зиёд гардида истодааст.
Яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф таҳсилоти томактабӣ ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи таъмини дастрасии намояндагони ҳамаи гурўҳҳои иҷтимоии ҷомеа ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва истифодаи шаклҳои алтернативии он фарогирии кӯдакон дар ин зинаи таҳсилот давра ба давра зиёд шуда истодааст. Соли 2019 миқдори муассисаҳои томактабӣ 659 ададро ташкил дод, ки дар онҳо 98030 нафар кӯдакон фарогир шудаанд, ки назар ба соли 2013 132 адад муассисаҳои томактабӣ ва 17,6 ҳазор нафар кӯдак зиёд мебошад, зеро дар соли 2013 шумораи муассисаҳои томактабӣ 527 адад ва шумораи кӯдакон 80,4 ҳазор нафарро ташкил медод. Тибқи маълумот дар соли 2013 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 30 адад кӯдакистони хусусӣ фаъолият менамуд,  дар соли 2019 шумораи муассисаҳои томактабии хусусӣ ва Марказҳои хусусии инкишофи кӯдак дар сатҳи ҷумҳурӣ 153 ададро ташкил додааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба мақоми олии қонунгузори кишвар чунин таъкид намудаанд:
«Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе ба мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд». Сарвари давлати тоҷикон ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳкими ҳокимияти давлатӣ, истиқлолияти давлатӣ, пояҳои давлатдорӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, татбиқи стратегияю барномаҳои давлатии рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як инсон, рушди арзишҳои фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани обрўю нуфузи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ равона намуда, рушди соҳаҳои иқтисодию  иҷтимоӣ таъмин намуда, тамоми масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дастгирӣ менамоянд.
Мо дар арафаи интихоботи навбатии Президент қарор дорем. Интихоботи Президент ҳамчун омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат мекунад. Барои шаффофу демократӣ бо иштироки ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон баргузор гардидани интихобот ягон шубҳае нест. Маъракаҳои пешазинтихоботӣ нишон медиҳанд, ки ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар доираи талаботи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф гузашта истодааст. Боварӣ дорем, ки Интихобот сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии мардуми шарифи Тоҷикистонро бори дигар собит намуда, ба тақвияти боз ҳам бештари нуфузу обрӯи давлати мо дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.
Имрӯз вақте фаро расидааст, ки мо бори дигар садоқатамонро ба сиёсати ояндабинонаи Пешвои миллат ва роҳи интихобкардаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ва мавқеи устувор нишон диҳем. Зеро 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ наздик аст. Ин ҷашн як навъ хулосагирӣ аз меҳнати суботкорона ва собитқадамонаи Пешвои муаззами миллат маҳсуб мешавад. Роҳи саодати мо маҳз аз соҳибзаковатии ин марди хирад оғоз ёфт. Пас моро мебояд, ки ба қадри ин арзишҳо расем. Иштирок дар интихобот ва овоздиҳӣ ба номзади арзанда ин саҳмгузорӣ дар ободии кишвар, пурфайзии дастурхони мардум, бунёди ҷомеаи солим ва пешрафти халқи тамаддунофари тоҷик хоҳад гашт. Зеро ин маъракаи муҳим кафили рӯзгори пурсаодати мардуми тоҷик хоҳад гашт. Итминон ва эътимоди комил дорем, ки мардуми бонангу номус, ватанпарасту меҳнатшиор ин даъватро мақсаду мароми рӯзгори худ табдил медиҳанд.


Насиба Содиқӣ,
Гулбаҳор Назирӣ,
Вакилони Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
аъзои Фраксияи ҲХДТ

Илова кунед