Семинари машваратӣ

05 Октябр 2020, Душанбе

Имрӯз дар толори таърихии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратӣ дар мавзӯи “Истиқлолият ва шукргузорӣ дар ҳикмати давлатдорӣ” баргузори гардид. Семинар аз ҷониби вакили мардумӣ Зайниддин Сафарзода баргузор карда шуда, дар он кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва мушовирони кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон фаъолона интирок намуданд.
Зайниддин Сафарзода мақсад аз баргузор намудани семинари мазкурро дар шинохти Истиқлолияти давлатӣ ва дарки ҳикмати давлатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки шинохти истиқлолияти давлатӣ ва дарки арзишҳои маънавии соҳибдавлатӣ миллати моро аз вартаи носуботиҳо эмин дошта, рӯз то рӯз кишвари моро ба пешрафту тараққиёт ноил менамояд.
Зайниддин Сафарзода ҳамзамон вазъи кунунии ҷаҳони муосир, бархӯрди неруҳои ифротию террористӣ ва аъмолу дасисаҳои аҳзоби хиёнатпешаро шарҳу тафсир намуда, асоситарин роҳи муқобилият бо неруҳои ифротию террористиро муттаҳид шудани ҷомеаи ҳар як кишвар номид.
Дар интиҳои маърӯзаи вакил аз ҷониби иштирокдорон саволу муҳокимарониҳо сурат гирифт.

Илова кунед