Иштироки вакилон дар видеоконфронс
09 Октябр 2020, ҶумъаРўзҳои 8 ва 9-уми октябри соли равон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи видеоконфронсҳои онлайнӣ дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) иштирок намуданд.

Бо чунин тарз: Фаттоҳзода Саидмурод – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, Содиқӣ Насиба – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба илм ва маориф, Шоҳмурод Рустам – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният дар Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба мудофиа ва амният ва Раҳмонзода Зоир Файзалӣ – узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин дар Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, туризм ва варзиш иштирок намуданд.
