Мулоқоти М. Зокирзода бо нозирони баӣналмилаллӣ

10 Октябр 2020, Шанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо гуруҳи нозирони Ассамблеяи Баӣнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки таҳти сарварии Олег Мелниченко, ҷиҳати иштирок  дар интихоботи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тоҷикистон омадаанд мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масоили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , имкониятҳои аҳзоби сиёсӣ, нақшаву барномаҳои пешазинтихоботӣ, баробарии имкониятҳои таблиғотии аҳзоб, истифодаи васоити иттилоотии давлатӣ, раванди корҳои омодагӣ  ҷиҳати баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ ва дигар масъалаҳои мубрами  рӯзро мавриди муҳокима қарор доданд.

Маҳмадтоир Зокирзода таъкид намуд, ки аӣни замон участкаҳои интихоботӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ барои баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мебошанд.

Ҳамчунин бо мақсади мушоҳидаи интихобот, гузаронидани он дар шароити шаффоф ва ошкоро мушоҳидони баӣналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудаанд.

Дар мулоқот ёдовар шуд, ки  ба номзад ба Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ нафар: сарвари кунунии давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалистӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ Тоҷикистон пешбари шудаанд.

Дар интиҳои мулоқот таъкид гардид, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар фазои озод, шаффоф, демократӣ ва бо иштироки васеи интихобкунандагон баргузор мегардад.

Бино ба маълмоти Комиссияи марказии интихобот ва раъӣпурсӣ (КМИР) то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 258 нафар намояндагони ВАО ва 122 нафар мушоҳидони баӣналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мстақил, Созмони Ҳамкории Шанхаӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, кишварҳои Россия, Беларус, Қазоқистон  ва якчанд сафоратхонаҳои муқими Душанбе номнавис (аккредитатсия) шудаанд.

 

Илова кунед