Маҳмадтоир Зокирзода дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд

11 Октябр 2020, Якшанбе

Субҳи имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо истифода аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба номзади дилхоҳи худ овоз дод.
Маҳмадтоир Зокирзода барои иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба участкаи интихоботии рақами 5 ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ 2, ки дар маҳалли зисташон қарор дорад, ташриф овард.
Иштирок ва овоздиҳии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии   Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури шумораи зиёди нозирон аз созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ҷараён гирифт.

Илова кунед