ФАЪОЛИЯТИ МУШТАРАК ДАР ИСТИФОДАИ ФАЗОИ КАЙҲОНӢ

14 Октябр 2020, Чоршанбе

        Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
      Санади мазкурро  ба вакилони Маҷлиси намояндагон вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин ва вакили мардумӣ Гиёзода Азиз муаррифӣ намуда, изҳор доштанд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати таҳия ва тасдиқ намудани Стандартҳои миллии аудити дохилӣ ва Кодекси одоби касбии аудиторони дохилӣ бо дарназардоштани дар қонуни амалкунанда мавҷуд набудани талабот вобаста ба онҳо, ки салоҳиятҳои мақоми ваколатдорро муайян менамояд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
                     

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар ва вакили мардумӣ Зиёӣ Баҳриддин таъкид намуданд, ки лоиҳаи Қонни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Ҳамзамон лоиҳа дар ҳамбастагӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, барои татбиқи ҷавобгарии маъмурӣ нисбат ба кирдори шахсе, ки ҳангоми набудани аломати ҷиноят дар кирдораш муқаррар мекунад, таҳия шудааст.

         
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар ва вакили мардумӣ Маҷидова Сарвиноз зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» афзуданд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур дар ҳамбастагӣ бо ворид намудани моддаи нав ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мақоми баррасикунандаи парвандаҳои маъмурии дар моддаи мазкур пешбинигардидаро аз ҷониби суд барои таъйини ҷазо дар баробари ҷаримаи ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ муқаррар мекунад, таҳия шудааст.
                     
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба вакилони Маҷлиси намояндагон низ вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар ва вакили мардумӣ Раъно Бобоҷониён баррасӣ намуда, изҳор доштанд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рўзи 28 декабри соли 2017 зимни вохўрӣ бо кормандони мақомоти амнияти миллӣ баён доштанд, ҷиҳати ба роҳ мондани усулҳои пешгирикунандаи муқовимат ба экстремизм тавассути татбиқи ҷазои маъмурӣ ва огоҳкунии расмии шаҳрвандон таҳия шудааст.
           

Дар асоси қисми 1 моддаи 189-и лоиҳаи Қонуни мазкур минбаъд ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ (мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, агар ин кирдорҳо ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла Интернет, дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содиршуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷсол ҷазо дода мешаванд.
                  
Масъалаи ниҳоии рӯзнома – «Созишнома оид ба амалӣ намудани фаъолияти муштараки давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи таҳқиқ ва истифодабарии фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта»-ро Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фаттоҳзода Саидмурод муаррифӣ намуда, аз вакилони мардумӣ хоҳиш намуданд, ки Созишномаи мазкрро ба тасвиб расонанд.
              
    Бо чунин тарз вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Илова кунед