Баррасии масъалаи шуғли аҳолӣ дар Парлумон

19 Октябр 2020, Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Зимни баррасӣ таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур мутобиқ ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои Қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи маориф», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ва Гулбаҳор Ашурзода таҳия ва пешниҳод шудааст.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида дар лоиҳа мукаммалгардонии моддаҳои 1, 3, 4, 5, 12, 19, 21, 22, 24 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» бо роҳи илова ва дар таҳрири нав ифода намудани сархатҳо ва қисмҳои махсус ба нақша гирифта шудааст.

Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида ба моддаи 1 қонунии амалкунанда сархатҳои якум, ҳаштум ва дувоздаҳум, ки фарогири мафҳумҳо оид ба «бекорӣ», «кори мувофиқ» ва «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ» мебошанд дар таҳрири нав  баён карда шуда, ҳамзамон ба моддаи мазкур сархати нав яъне сархати нуҳум бо мазмуни зерин «кори фосилавӣ (дистансионӣ)» илова карда шудааст, ки он танзимкунандаи муносибатҳо вобаста ба амалӣ намудани раванди меҳнат берун аз маҳалли ҷойгиршавии корфармо бо истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди кор мебошад.

Инчунин дар қисми 2 лоиҳаи  Қонуни мазкур бо мақсади мукаммал гардонидани моддаи 4 қонуни амалкунанда сархати нав илова карда шудааст, ки тибқи он минбаъд кормандони ба кори фосилавӣ (дистансионӣ)  машғулбуда, ба гурўҳи аҳолии шуғлнок ё ба он баробар карда шуда мансуб мебошанд, ки  хусусиятҳои танзими меҳнатии ин гурўҳи кормандонро Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи рўзномаи ҷаласаи якҷояи сеюми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи қарори мазкур ба  рўзномаи ҷаласаи якҷояи сеюми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум масъала оид ба савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид  карда шуд.

Илова кунед