ИҚДОМИ НАВБАТИИ ИНСОНДЎСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

21 Октябр 2020, Чоршанбе

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде қабл қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки иртиботу ҳамбастагӣ доштанд, баррасӣ ва қабул кард.

Қабули қонунҳои зикргардида, миёни баъзе аз афроди ҷомеа нофаҳмӣ ва сару садоҳоеро ба вуҷуд овард, ки гўё дар Тоҷикистон барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) ҷавобгарӣ пурзўр мегардад.
Аз ин хотир, дар мақолаи мавриди назар мехостам перомуни яке аз ин қонунҳои қабулшуда – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» каме шарҳ дода бошам.
Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи эҳтирому эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд мебошад ва он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳомии Конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар намуда, ба салоҳияти Президенти кишвар ҳалли масъалаҳои шаҳрвандӣ, аз ҷумла, ба шаҳрвандӣ қабул ва аз шаҳрвандӣ маҳрум кардан, додани паноҳгоҳи сиёсӣ, бахшиши ҷазо ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон мансуб дониста шудаанд.
Аз ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалӣ намудани салоҳиятҳои конститутсионии худ бобати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тамоми чораҳои заруриро андешида, ҷиҳати эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби ҳар як шахс, мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба ҳар як сокини кишвар ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.  
Лозим ба ёдоварист, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28-уми декабри соли 2017 зимни вохўрӣ бо кормандони мақомоти амнияти миллӣ баён доштанд, бо мақсади роҳандозӣ намудани усулҳои пешгирикунандаи муқовимат ба экстремизм тавассути татбиқи ҷазои маъмурӣ ва огоҳкунии расмии шаҳрвандон, инчунин таъқиби ҷиноятӣ таҳия ва бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда буданд.
Ҳамчунин, бояд тазаккур дод, ки Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд.
Ҳамин тавр, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (2-юми январи соли 2020) дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид. Қонуни мазкур дар пурзўр намудани муқовимат ба экстремизм, баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» бори аввал мафҳуми ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта муқаррар гардид, ки тибқи он кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкорона, ки дар асоси хусуматҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, мафкуравӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) содир шуда, барои он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст, ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта эътироф мегардад.
Бо дарназардошти ин, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав – моддаи 4621 (Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)) илова гардид, ки пас аз мавриди амал қарор гирифтан ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ (мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, агар ин кирдорҳо ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла интернет, содир шуда бошанд, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, барои ин гуна ҳаракатҳо ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ шабонарўз таъйин карда мешавад.
Тавре вазири адлия Ашуриён Музаффар, зимни баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Маҷлиси намояндагон зикр намуд: «Дар амалия ҳолатҳое ҷой доранд, ки шахс барои баён кардани суханҳои ноҷо, ки метавонад боиси барангехтани адовати миллӣ, динӣ ё мазҳабӣ гардад, бо моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Дар бисёр маврид шахсе, ки ба чунин кирдор даст мезанад, бинобар надоштани дарки дуруст оқибати ҳуқуқии амали худро пешбинӣ намекунад ва дар натиҷа, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Ҷорӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои бори аввал содир намудани ин гуна кирдор боиси огоҳсозии шаҳрвандон аз оқибатҳои ҳуқуқии чунин кирдорҳо ва пешгирии экстремизм мегардад».
Воқеан, шахсе, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, аз ҷумла бо моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми адои ҷазо ва пас аз он ба мушкилоти зиёде рў ба рў мегардад, чунончи чанд соли ҳаёташ дар зиндон сипарӣ ва аз озодӣ маҳрум мешавад, азоби рўҳиву равонӣ мекашад, зиндагии аҳли оилааш душвор мешавад, муносибати ёру дўстон бо ў каме тағйир меёбад, ҷиҳати кор намудан дар баъзе аз мақомоти давлатӣ монеа эҷод мекунад ва ба дигар монеаву мушкилот мувоҷеҳ мегардад.
Пешвои миллат ҳамчун Сарвари хирадманду дурандеш ва адолатпарвару инсонпарвар ин монеаву мушкилотро эҳсос намуда, ҷиҳати ҷорӣ ва татбиқи ҷазои маъмурӣ, яъне ҷазои сабуктар барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Аз ин ҷиҳат, ворид гардидани иловаи дахлдор ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ буда, дар баробари пешгирии кирдорҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳамчунин хусусияти тарбиявӣ дошта, ба шахси гумроҳ ва хатокор имкон фароҳам месозад, ки хатои худро ислоҳ намуда, ба ҳаёти осуда баргардад ва ба қадри озодӣ бирасад. Дар зимн, аз ашъори хеш гуфтаниам:
Назди қонун касе сар хам кард,
Хештанро раҳо зи ҳар ғам кард.
Бояд иброз намуд, ки мақсад аз ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё маъмурӣ кашидани шахс, ин дар назди қонун ҷавоб додан барои кирдорҳои содирнамудааш ва ислоҳи ў, пешгирии содир кардани ҷиноятҳо ва ё ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии нав чӣ аз тарафи ў ва чӣ аз ҷониби афроди дигар, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ахлоқи ҷомеа, саломатии аҳолӣ, муҳити зист, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, тарбияи шаҳрвандон дар рўҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ иборат мебошад.
Ҳамин тавр, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро метавон иқдоми навбатии инсондўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон намуд.
 

 

Фирўз Сайнозимзода,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон

 

Илова кунед