Иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои АБ ИДМ

23 Октябр 2020, Ҷумъа

Рӯзҳои 22-23 октябри соли 2020 дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Санкт-Петербург, Қасри Таврический) як қатор чорабиниҳо баргузор гардид, ки дар онҳо вакилони  Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи видеоконфронс иштироки фаъолона намуданд.
Аз ҷумла муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Дилрабо Мансурӣ дар кори ҷаласаи форуми байналмилаллии ҳизбӣ, ки таҳти унвони «ШОС+» дар мавзӯи "Иқтисодиёт барои инсонҳо» баргузор гардид иштирок ва суханронӣ намуд.
Дилрабо Мансурӣ дар мавзӯи "Самаранокии энергия ҳамчун омили муҳими таъмини «иқтисоди сабз» дар Тоҷикистон» баромад намуда, иброз намуд, ки видеоконфронси имрӯза як равиши нави консептуалӣ оид ба таҷдиди саҳми ҷонибҳо дар индустрикунонии минтақа тавассути механизмҳои муаррифии иқтисод барои мардум ва гузариш ба тартиби нави технологӣ мебошад.
Созмони Ҳамкории Шанхай барои ҳамкориҳои васеи байналмилалӣ кушода буд ва бояд боқӣ монад. Мо яке аз ҳадафҳои асосии СҲШ-ро дар пешбурди рушди устувори иқтисодӣ ва мунтазам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебинем. Аз ин ҷиҳат, СҲШ як қатор афзалиятҳо дорад.
Фазои васеи иқтисодӣ, захираҳои бузурги табиӣ ва инсонӣ, мукаммали иқтисодиёт, сатҳи баланди маърифатӣ ва илмӣ-техникии аҳолӣ - ҳамаи ин бояд барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо пурра истифода шавад,-афзуд зимни сханронии худ Дилрабо Мансурӣ.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода  дар кори ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табӣ ва экология иштирок намуд. Аъзои комиссия   лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ (моделӣ) аз ҷумла  "Дар бораи рушд ва ҳифзи қаламравҳои кӯҳӣ", "Дар бораи рафъи зарари ҷамъшудаи муҳити зист", "Дар бораи системаҳои иттилооти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи табиат ва амнияти экологӣ", "Дар бораи ғалладона", "Дар бораи режими ҳуқуқии қаламравҳое, ки аз олудагии радиоактивӣ зарар дидаанд »-ро муҳокима намуданд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода дар кори ҷаласаи  Шӯрои экспертӣ оид ба тандурустии Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона иштирок намуд. Иштирокчиёни ин ҷаласа дар рӯзномаи кории худ масъалаҳои «Фаъолияти ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар барои кумак ба аҳолии осебпазир дар рафъи пандемияи Ковид-19 дар минтақаи Аврупо" ва "Рушди иқтисоди кишварҳои ИДМ дар шароити пандемияи COVID-19" ва дигар масоили муҳими рӯзро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамзамон аз тариқи онлайн-конфронсҳо Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракнии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода, ки ба ҷаласа сарвари кард ва узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидов дар кори комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, омўзиши таљрибаи сохтори давлатї ва худидоракунии мањаллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иштирокчиёни видиоконфронсҳо дар рӯзномаи кории худ якчанд масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла лоиҳаи Кодекси модели интихобот барои давлатҳои аъзои ИДМ, қонунҳои намунавӣ «Дар бораи лоиҳаҳои сармоягузории минтақавӣ», «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ», таҳлили муқоисавии ҳуқуқии воситаҳои танзими зиддибӯҳронӣ, инчунин заминаи қонунгузории Консепсияи рушди устувор ва бехатар барои давлатҳои аъзои ИДМ, лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи ҷуброни зиёне, ки ба шаҳрвандоне, ки аз ҷиноятҳо зарар дидаанд», «Дар бораи сармоягузорӣ ва бонкдории эътимоднок», «Дар бораи суғурта», «Дар бораи фаъолияти нархгузорӣ», «Дар бораи қонунҳои шартномавӣ (муқаррароти умумӣ)»-ро ҳамаҷониба муҳокима намуда, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар видео-конференсияҳо дар баробари масъалаҳои рӯзнома вакилон ҳамчунин ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва дигар вижагиҳои пешбурди кор дар сохторҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор доданд.




Илова кунед