Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон–дар маддӣ назари Парлумон

23 Октябр 2020, Ҷумъа

Имрўз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва бо иштироки кормандони дастгоҳи ин мақоми олии қонунбарор семинар-машварат роҷеъ ба  омўзиши «Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» баргузор гардид
Дар назди ҳозирин мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуқодир Комилзода ва муовини мудири шуъбаи кадрҳо ва коргузории махсус Занҷирамо Нуруллозода баромад намуда, иброз доштанд, ки бо мақсади тақвияти масъулияти хизмачии давлатӣ ва самаранокии идоракунии хизмати давлатӣ, инчунин ҷиҳати таҳкими обрўю эътибори ниҳоди хизмати давлатӣ мувофиқи қисми 2 моддаи 71 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»ва дар асоси  Фармони Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015, «Дар бораи Кодекси одоби хизмачии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шуд.
 Кодекси одоби хизмачии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- маҷмўи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматчии давлатиро, ки сифатҳои ахлоқии фаъолияти касб ва рафтори ўро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсон, талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба хизматчии давлатӣ мебошанд, танзим менамояд.
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5- БОБ ва 51 банд иборат мебошад.
Мавсуф  ҳамчунин иброз намуданд, ки  мукаррароти Кодекси мазкур нисбат ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ, ки мансабҳои давлатии хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии низоми хизмати давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ишғол менамоянд, татбиқ мегардад.
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хизмати давлатӣ дохил мешавад, ба Кодекси мазкур шинос  шуда, вазифадор аст талаботи онро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти хизматӣ ва ғайрихизматӣ риоя намояд.
Таҳти мафҳуми Рафтори хизматӣ-рафтору амал ва муносибати хизматчии давлатӣ, ки ҳангоми ба кор омадан, аз кор рафтан, иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ, иштирок дар маҷлису машваратҳо, сафарҳои хизматӣ ва дигар чорабиниҳои давлатӣ зоҳир мегардад.
Рафтори ғайрихизматӣ - рафтору амал ва муносибати хизматчии давлатӣ, ки ба иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ иртибот надошта, берун аз ҷои кор дар ҷомеа зоҳир мегардад.
Дар анҷоми мулоқот Абдуқодир Комилзода ва Занҷирамо Нуруллозода   ба саволҳои ҳозирин посух гуфтанд.

Илова кунед