Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» тағйиру иловаҳо ворид мегардад

26 Октябр 2020, Душанбе

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, , лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва дигар масъалаҳо  мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар Шӯро таъкид гардид лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» мутобиқ ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бо мақсади такмил додани фаъолияти қонунгузорӣ, бартараф кардани мухолифатҳо байни қонунҳо, беҳтар намудани сифат ва самаранокии онҳо баён гардида мебошад.
Қонуни амалкунанда соли 2004 қабул гардида, ба он 5 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.  Вале, то ҳол номувофиқатии меъёрҳои Қонуни мазкур ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой доранд. Барои бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо назардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи  ҳуқуқӣ, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо, сохтор ва баъзе моддаҳои Қонун ниёз ба такмил доранд.
Аз ин лиҳоз,  дар лоиҳа якчанд меъёрҳои нав ва тағйиру иловаҳо ба мисли моддаҳои 1, 3, 6, 7 ва 18  пешбинӣ гардидаанд, ки тибқи онҳо ба мафҳумҳои  дар  Қонун истифода шуда, мафҳумҳои нав ба монанди «мол, сертификати мутобиқат, аз муомилот гирифтани мол (кор ва хизматрасонӣ), шартнома»,  дар моддаи 3 ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон сархатҳои нав ба монанди «дастрасӣ ба иттилоот дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва дар моддаи 7 муқаррар намудани муҳлати кафолат пешбинӣ шудаанд.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба моддаҳои 5, 10, 14, 21 ва 58 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 1, 7, 40, 49, 50, 51, 55, 56 ва 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ буда, қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Аъзои Шӯро аз рӯи масъалаҳои муҳокима шуда, қарори дахлдор қабул намуданд.

Илова кунед