Конститутсия омили ташаккулёбии низоми муназзами муносибатҳои ҷамъиятӣ

27 Октябр 2020, Сешанбе

Дар муддати даврони  соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конситутсия ва тағйиру иловаҳо ба он заминаи боэътимоди ниҳодинашавии низоми  бо мувафаққият аз озмоиши таърихӣ гузаштаи сиёсию ҳуқуқии имрӯз амалкунандаро фароҳам овард.  Ҳаёти ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир маҳз бо такя аз нақши заминасози арзишҳои дар Конститутсия матраҳшуда иқтидори посухгӯии муносибро ба дигаргуниҳои густурдаи ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла ташаккулёбии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, ба даст оварда тавонист. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан ба сифати давлати мустақили миллӣ инкишоф меёбад ва мушкилиҳои дар ин роҳ ба миён омадаро пайваста тавассути истифодаи зарфияти ниҳодҳои мазкур саривақт ва бо посухҳои муносиб паси сар мекунад. Мутаносибан дар ҳамин замина эътироф ва арҷгузорӣ аз мақому манзалати давлати миллӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар саросари кишвар аз ҷониби қишрҳои гуногуни аҳолӣ ташаккул меёбад.
Ҳузури ин падидаҳо дар шакли ҷӯзъҳои таркибии гусастнопазир омилҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки ба ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон сифатҳои устувор, эътимодбахш ва суботу рушдёбандагиро бахшидаанд. Гусастагию номураттабии фаъолияти ҳалқаи занҷирҳои низомсози ба арзишҳои конститутсионӣ асосёбанда, ки онро бо чашми оддӣ наметавон пурра мушоҳида намуд, дар баъзе аз кишварҳо имрӯзҳо боиси ноустувории ҷараёни ҳаёти ҷамъиятии онҳо гардида, зиддиятҳои дохилии тамоюлоти берунӣ доштаро ба бор овардаанд. Домангустарию дар фазои ҳуқуқӣ ҷанбаи идоранашавандагӣ пайдо кардани ин ҳолатҳо доираи имконияти зуҳури фаъолнокии созандаи аъзоёни ин ҷомеаҳоро маҳдуд сохта, ташвишу нигаронии ниҳодҳои байнамилалӣ ва соири давлатҳоро ба миён овардааст. Аз ин нигоҳ амалияи ҷомеасозии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даврони қабули Конститутсияи нав татбиқшаванда, ки ба эҳтиром аз арзишҳои инсонпарварона асос ёфтааст, ниёз ба ҳифзу мукаммалсозии ҳамешагиро дорад, то ин ки ҷомеа бо такя аз онҳо қудрати инкишофи минбаъдаи низоми муназзами муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба вазъи пайваста тағйирёбандаи ҷаҳони муосир дар ихтиёр дошта бошад. Мусаллам аст, ки бидуни чунин сифатҳои низомсоз таъмини идомати рушди низоми ҷамъиятӣ дар шароити бениҳоят тезутунд ва зиддиятноки олами имрӯза мушкил аст.


Конститутсия ҳамчун санади олии меъёрии ҳуқуқӣ дар баробари манбаи аслии машрӯъиятдиҳии муносибатҳои бунёдии ҷомеа будан, инчунин шаклҳои зуҳурёбии хоси онҳоро дар марҳилаҳои муайяни инкишофи таърихии ҷомеа бо тартиби шоистаи ҳуқуқэҷодкунӣ пуштибонӣ мекунад. Бинобар ин зимни таҳия ва қабули ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ таъкиди возеҳу равшани субъектҳои ҳуқуқэҷодкунӣ оид ба доираи фарогирии танзимкунандагии онҳо аз муносибатҳои ҷамъиятии мадди назар қарордошта сурат мегирад. Дар чунин шароит таҳти омилҳои гуногун гузариш аз як низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ба низоми муносибатҳои нави имрӯза бидуни зиддиятҳои ошкоро ҷараён гирифта, ҳамзамон миёни аъзоёни ҷомеа тамоюлҳои ба мадори ин муносибатҳои хоси арзишию иртибототӣ воридшави зуҳури фаъолнокии одамон ташаккул ёфта истодааст. Падидаҳои мазкур бо суръату вижагиҳои гуногун ҷараён мегиранд ва новобаста аз он ки бархурди аъзоёни ҷомеа низ бо онҳо яксон нест, вале он чӣ ин мавқеъҳоро ба ҳам наздик меорад ин ангезаи ҳифз ва ба ворисият додани низоми арзишҳою робитаҳои устувори иҷтимоиест, ки ба сифати омили таҳкимбахшандаи суботу рушди кишвари соҳибистиқлоламон хизмат менамоянд.
Амалияи ҳамоҳангсозии манфиат ва фаъолияти табақаҳои иҷтимоиро дар заминаи таъмини ҳуқуқии дастрасии мутавозини одамон ба захираҳои инкишоф ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онхо маҳаки аслии ғоя ва арзишҳои дар Конститутсия баёншударо ташкил медиҳанд. Ин ҷиҳат на танҳо барои танзиму татбиқи фаъолияти муназзами сокинони кишварамон дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ имконият медиҳад, балки таҷрибаю салиқаи дар фазои ҳуқуқӣ зоҳиршавии фаъолияти созандаи ниҳодҳои иҷтимоиро вобаста ба падидаҳои ҷамъиятӣ густариш дода, амалияи мазкур барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҷустуҷӯи воситаҳои самараноки ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа замина фароҳам меорад. Дар ҳамбастагии омилҳои мазкур ҳаёти ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир аз нигоҳи ташаккули низоми муносибатҳои нави ҷамъиятӣ боиси дигаргуниҳои густурдае дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти амалӣ гардидааст. Дар мадори ин дигаргуниҳо одамон кӯшиш менамоянд, ки ҳаёти худро ба воқеияти нав мутобиқ созанд ва дар амали иҷтимоияшон арзишҳою меъёрҳои низоми нави иҷтимоиро риоя ва ҳадафмандона татбиқ намоянд. Дар ин замина мо айни замон зуҳури фаъолнокии сокинони кишварамонро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мушоҳида менамоем, ки самараашон барои қонеъ сохтани талаботи рушди низоми нав беандоза муҳим аст. Дар ин самт зикри муносибатҳое, ки дар заминаи фаъолияти хоҷагидории имрӯза, аз ҷумла соҳибкории хурду миёнаи истеҳсолию хизматрасонӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва ғайра ташаккул ёфта истодаанд, муҳим ба назар мерасад. Вале густариши ин фаъолнокиҳо роҳи ҳамворро намепаймоянд ва пайваста бо мушкилоту зиддиятҳои на ҳама вақт пурра пешбининашаванда мувоҷеҳ мегарданд, ки ин дар навбати худ зарурияти пайваста такмилу таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро пеш меорад. Ин амал тавассути фаъолияти доманадори парлумони касбии мамлакат Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба воқеият мепайвандад, ки он ҳам тибқи салоҳияту вазифаҳои барои ин ниҳоди сиёсӣ муайяннамудаи Конститутсия татбиқ мегардад. Парлумони мамлакат дар ин самт имрӯзҳо фаъолияти муназзаму ҳадафмандро ба роҳ монда аст, ки ин дар фаъолияти таҳия ва қабули санадҳои дахлдори меъёрӣ-ҳуқуқӣ, густариши ҳамкориҳои судманд бо дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра ифода меёбад. Зикр бояд кард, ки танҳо дар нимсолаи аввалаи соли 2020 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бештар аз 55 санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шудааст.    
Таъкид ба нақши калидии ниҳоди давлати миллӣ дар танзиму ҳимояи муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки дар Конститутсия дарҷ ёфтааст, саҳеҳияту дурустии худро дар қиболи падидаҳои навзуҳури имрӯза бори дигар исбот намуд. Тадбирҳои андешидаи давлати Тоҷикистон дар шароити мушкилоти марбут ба паҳншавии глобалии коронавирус, аз ҷумла ташкили дидбонгоҳҳои назорати шабонарӯзии санитарию беҳдоштӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, ба давраҳои карантинӣ фаро гирифтани шахсони аз минтақаҳои паҳнгаштаи бемории мазкур, ташхису муолиҷаи босамари гирифторони бемории мазкур, баланд бардоштани огоҳсозии ҷомеа вобаста ба зарурияти риояи талаботҳои санитарию беҳдоштии фардӣ хеле системанок, санҷидашуда ва ҳадафмандона мебошанд. Бинобар ин баъзе таҳлилгарон аксуламали мувафақонаи низомҳои иҷтимоии дар Чин ва баъзе аз кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, амалкунандаро ба он вобаста медонанд, ки дар ин ҷо бо эъломи низоми давлати иҷтимоӣ масъулияти пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоиро онҳо пурра аз зиммаи худ канор наандохтанд. Баръакс дар кишварҳое, ки бо маҳдудсозии мавқеи моликияти ҷамъиятӣ дар самти хизматрасониҳои иҷтимоию беҳдоштӣ бештар дар ихтиёри гурӯҳҳои моливӣ қарор дода шуда буданд, новобаста ба баъзе аз афзалиятҳои пешниҳоди хизматрасониҳои босифат барои гурӯҳҳои дорои имконияти беҳтари молиявӣ, вале дар умум барои доираи васеи мардум дар лаҳзаҳои фавқуллодаи эпидемӣ боиси авҷи буҳрон гардиданд. Дар бисёр маврид инчунин заминаҳои меъёрии ҳуқуқии дар ҳолатҳои фавқуллода чӣ гуна ройгону оҷилан барои рафъи эҳтиёҷи ҷамъиятӣ вогузор кардани имкониятҳои муассисаҳои соҳавӣ мушаххас дар ихтиёри ниҳодҳои давлатӣ вуҷуд надошт.
Давлат тибқи меъёрҳои конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути фишангхои қонунии татбиқи фаъолияти ҳокимияти сиёсӣ барои инкишофи на танҳо ҷомеа, балкӣ амалишавии кӯшиши ҳар як шахс шароити мусоид фароҳам меорад. Яъне давлат ҳамеша қудрати ба танзимдарории сиёсии зуҳури фаъонокии одамонро дар соҳаҳои иқтисодиёт, илм, фарҳанг ва ғайраро дорад. Таҷрибаи инкишофи якчандсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки ин раванд бо  вуҷуди дастовардҳои беназир инчунин аҳёнан бо мушкилиҳо низ мувоҷеҳ мешавад. Аз бисёр ҷиҳат ба ҳолати фавқуззикр ноқисӣ дар ташаккули баъзе аломатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки бидуни онҳо мавҷудияти онро тасаввур кардан мумкин нест, мусоидат мекунанд. Ин нишонаҳо дар шакли умумӣ чунинанд: 1) норасоию таъхиркориҳои баъзан дар танзими ҳуқуқии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мушоҳидашаванда, ки бояд субъектҳои қонунгузор ба онҳо хеле оҷилонаю сареҳкорона таваҷҷӯҳ дошта бошанд: 2) номутаносибии зарурияти афзалиятдиҳии бартарияти алоқаҳои иҷтимоӣ нисбати алоқаҳои шахсӣ дар татбиқу танзими баъзе паҳлуҳои муносибатҳои иҷтимоӣ: 3) инкишофи нокифояи ташаббускории шаҳрвандӣ дар татбиқу танзими муносибатҳои иҷтимоӣ. Дар ҳолати сарфи назар намудан аз зарурати ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ин масъалаҳо ҳамеша имконияти фурӯравии амиқи аъзоёни ҷомеа тӯи масоили зиндагии инфиродӣ вучуд дорад, ки идомаи беохири он болоравии худинзивоиро ба бор хоҳад овард ва фарҳанги сиёсии руйи худхоҳии афрод қарордошта наметавонад замонати ҳифзи ваҳдати иҷтимоӣ, истиқлолият ва таҳкими ниҳодҳои сиёсиро дошта бошад.
Ҳамин тавр, нақши Конститутсия дар ташаккулёбии низоми муназзами муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳамеша муҳим ва беназир аст. Исботи ин қазоватро на танҳо бо такя аз дидҳои назариявӣ, балки дар асоси таҷрибаи солҳои истиқлолияти давлатӣ андӯхтаи ватани азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи эъмори низоми мукаммали сиёсию ҳуқуқӣ, фишангҳои муассири идоракунии равандҳои ҷамъиятӣ ба даст овардан мумкин аст. Ғояи ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносию ифтихори миллӣ ва дигар арзишҳои бунёдии ҷомеаамон, ки пас аз касби истиқлолияти давлатӣ дар асоси Конститутсия барои ифодаи воқеияти ҳаёти ҷомеаи муосири Тоҷикистон пайваста ба таври назариявию амалӣ ба кор гирифта мешаванд ва онҳо айни замон дар зершуури мардум ҷой гирифтаю дар ташаккули манзараи ҷаҳонбинияш нақш доранд, гувоҳи тақвият пайдо кардани мақоми арзандаи ин санади олии меъёрии ҳуқуқӣ дар миёни кулли тоҷикистониён мебошад. Ин воқеан ҳам шаҳодати он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмину таҳкими пояи давлатдории миллии худ дар сатҳи Конститутсияи мамлакат таваҷҷӯҳи ҳамешагию консептуалӣ медиҳад. Маҳз ҳамин тамоюл тавонист барои эҳёи ҷомеаи тоҷикистонӣ новобаста аз буҳронҳои солҳои аввали касби истиқлолият ва мушкилоти дигари олами муосирро пайгирикунанда ҳамчун умумияти мустақили фарҳангию тамаддунӣ замина фароҳам созад ва онро сарчашмаи ифтихору корҳои бузурги созандагӣ намояд. 
 
 
Хайридин Усмонзода
профессор, узви вобастаи АМИ ҶТ
Икромов Фазлидин
н.и.к.
вакилони МН МО ҶТ

Илова кунед