Мизи мудаввар баргзор гардид

28 Октябр 2020, Чоршанбе

Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарони  як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат мизи мудаввар оид ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии аграрӣ» баргузор гардид.
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим баромад намуда, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум санаи 17 марти соли 2020 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «бо мақсади рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, таъмини адолати иҷтимоӣ, ваҳдату суббот, пешрафту созандагӣ ва танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонун бояд қабул карда шавад ва он ифодагари манфиату ниёзҳои мардум, таконбахши рушди ояндаи ҷомеа, ҳамчунин, амалишавандава ба талаботи рўзҷавобгў бошад.»
Соҳаи кишоварзӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат вазифаҳои гуногунҷабҳаро  ба зима дошта, ҳамчунин барои аз модели аграрӣ – саноатӣ ба модели саноатӣ – аграрии рушд табдил додани иқтисодиёти миллӣ мавқеи хосаро ишғол менамояд.
Аз руи масъалаи рӯзнома, дар назди ҳозирин ҳамчунин Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам, вакили Маҷлиси намояндагон Ахмедов Мирзоанвар баромад намуда, иброз намданд, ки дар давраи истиқлолияти давлатии мамлакат барои мутобиқгардонии фаъолияти соҳаи кишоварзӣ ба талаботҳои иқтисодиёти бозорӣ,  бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои соҳавӣ ва барномаҳои гуногуни махсуси давлатӣ қабул ва татбиқ гардиданд.
Гузаронидани ислоҳоти замин, иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини адолати иҷтимоӣ ва муҳайё  намудани шароит барои рушди баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар замин ташаккули иқтисодиёти бисёрҷабҳаро    таъмин намуд.                   Дар раванди ислоҳоти замин зиёда аз 180 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки  ҳоло мустақилона сохтори кишти зироатҳо, парвариши намуди ҳайвоноти кишоварзӣ, бозори фурўши маҳсулот ва дигар самҳои фаъолиятро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд, ташкил ёфтанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ қайд менамоянд, ки додани мустақилият дар интихоби самти хоҷагидорӣ имконият дод, ки  «маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ дар даҳ соли охир 2 маротиба зиёд гардад».      Бояд қайд кард, ки афзудани миқдори хоҷагиҳои деҳқонии хурду миёна муаммоҳои навро дар пешбурди соҳа ба миён овардаанд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ сатҳи ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорво барои баланд бардоштани даромаднокӣ мусоидат намекунанд. Масалан, ҳосилнокии ғалладона ба ҳисоби миёна дар 5 соли охир дар сатҳи 28 сентнерӣ аз ҳар як гектар, пахта 18,6: картошка 208: сабзавот 251, 4 ва мевагиҳо 40,2 сентнерӣ қарор доранд. Ширдўши аз ҳар сар модагов ба 1706 килограмм баробар мебошад.
На ҳама вақт  маълумотҳои аналитикӣ оид ба вазъи бозори аграрии кишвар саривақт пешниҳод мегарданд, ки барои танзими он зарур мебошанд. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил бо нархи паст харидорӣ шудани маҳсулоти соҳа, масалан пиёз аз 30 то 50 дирам, картошка 1,5 -1,8 сомонӣ,  болоравии нархҳои маҳсулоти чорвою парранда дар бозорҳои дохилӣ масъалаҳое мебошанд, ки ҳалли худро талаб мекунанд. Сатҳи дастгирии давлатии соҳа низ ба талаботи пешбурди соҳа мусоидат намекунад.  
Дар натиҷа дар соҳа муносибатҳои иҷоравии ғайрирасмӣ ба миён омада, заминистифодабарандагони дуюм ва сеюмдараҷа сиёсати истифодаи заминро муайян мекунанд, ки яке аз сабабҳои зуд  - зуд тағйирёбии нархҳо мегарданд. Ин ҳолат ҳамчунин барои аз истифодабарии кишоварзӣ берун мондани қитъаҳои замин, бад гаштани ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи ғайриоқилонаи оби полезӣ сабаб гардида истодааст.
Ҳоло ҳалли масъалаҳои ташаккулёбии сохтори институтсионалӣ, муттаҳидшавии ихтиёрии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, якҷояшавии (интегратсияи) онҳо бо корхонаҳои коркарду шабакаҳои савдо, ташаккули занҷираи ягонаи логистикӣ ва кластерҳои агросаноатӣ,   ҳимояи молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ дар бозори фурўши маҳсулот, дастгирии давлатии соҳа ва дигарҳо таваҷҷўҳи махсусро талаб менамоянд.            
Соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» қабул гардид, ки вазифа ва принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, хусусият ва механизмҳои амалӣ намудани дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳа муқаррар шудааст, ки ба ташаккул ва устувор намудани иқтидори саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Дар қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, заминаи ҳуқуқии танзими самтҳои алоҳидаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳа пешбинӣ гардидаанд.
Масалан, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосан заминаи ҳуқуқии маблағгузорӣ (кумаки молиявӣ) ба соҳа ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» самтҳои таъмини амнияту истиқлолияти озуқаворӣ ва тадбирҳои дастгирии давлатӣ пешбинӣ шудаанд.
Дар Кодекси замини Тоҷикистон татбиқи меъёрҳои заминаи ҳуқуқии муносибатҳои заминистифодабарӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» (соли 1992 қабулгардида)  пешбинӣ менамоянд, низ инъикоси пурраи худро ёфтаанд.
Бояд қайд намуд, ки соҳаи кишоварзӣ барои саноатикунони босуръати ҷумҳурӣ мавқеи хоса дорад. Ҳамзамон, муаммоҳои солҳои охир дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба миён омада – такрорёбии бўҳрони иқтисодиву молиявӣ, таъсири тағйирёбии иқлим, пандемия  заруриятро барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли озуқавории истеҳсоли худӣ талаб менамояд.
Тоҷикистон имкониятҳои табии афзун намудани озуқавориро дорад. Танҳо зарур аст, ки ҷойгиронии саноати хурокворӣ ва ташаккули низоми логистикӣ, яъне дар сатҳи баланд пешгирӣ намудани талафи маҳсулоти соҳа, дастгирии устувори давлатии соҳа ва дигар масъалаҳо, ҳалли худро ёбанд.
Умуман, масъалаҳои ташаккулёбии сохтори институтсионалӣ, муттаҳидшавии ихтиёрии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, якҷояшавии (интегратсияи) онҳо бо корхонаҳои коркарду шабакаҳои савдо, ташаккули занҷираи ягонаи логистикӣ ва кластерҳои агросаноатӣ,   ҳимояи молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ дар бозори фурўши маҳсулот, дастгирии давлатӣ  ва дигарҳо инъикоси пурра, шаффоф ва таваҷҷўҳи махсусро дар сиёсати давлатии аграрӣ талаб менамоянд.
Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти такмили мунтазами муносибатҳои ҷамъиятӣ,  мутобиқ гардонидани пешбурди соҳа ва ҳудудҳои он ба сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зарурият барои муайян намудани заминаи ҳуқуқии татбиқи сиёсати давлатии аграрӣ, танзим ва идоракунии соҳа ба миён овардааст. 
Сипас, иштирокчиёни мизи мудаввар  як қатор таклифҳои ҷолиб пешниҳод намуданд, ки ҳамаи ин таклифҳо ба инобат гирифта шуданд.

Илова кунед