Пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемории сирояти COVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифт

29 Октябр 2020, Панҷшанбе

Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии ҶумҳурииТоҷикистон ва дигар идораҳои дахлдори кишварамон  соати парлумонӣ дар мавзӯи «Пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемории сирояти COVID-19» ва “Таҳлили вазъи рушди истеҳсоли дорувории ватанӣ» баргузор гардид.
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Самариддин ва муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой баромад намуда, иброз намуданд, тибқи маълумоти оморӣ то 16.10.2020 дар ҷумҳурӣ дар натиҷаи гузаронидани зиёда аз 173 325 намунаҳои озмоишшуда ҳамагӣ 10374 ҳодисаи тасдиқшуда бақайд гирифта шудааст. То ин замон 9317 ҳодиса ё 89,8 фоизи сироятёфтагон солим гардонида шуда, мутаассифона  80  ҳодисаи тасдиқшуда ё 0,77 фоиз бо фавт ба анҷом расидаанд.
  • Дар асоси Фармони Президенти ҶумҳурииТоҷикистон аз 1 майи соли 2020, аз ҳисоби фондҳои захиравӣ барои дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ 12 416 250 сомонӣ ҷудо карда шуд, ки дар давоми 3 моҳ иловапулӣ ба музди маош пардохт карда шуд.
  • Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимо июиқтисодии ҶумҳурииТоҷикистон» аз 5 июни соли 2020, ба имзо расид. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоноид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.06.2020, «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 11 июли соли 2020 ба имзо расид.
  • Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 15 нафар мутахассисони соҳаи эпидемиологӣ, пулмонология, реаниматология, тибби халқӣ ва техникаи тиббӣ, аз Ҷумҳурии Ўзбекистон 8 нафар мутахассисон, аз ҷумла эпидемиолог, пулмонолог, реаниматолог ва вирусологҳо, коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз Ҷумҳурии Лаҳистон 15 нафар, аз ҷумла реаниматолог, табиби ташхисгар-функсионалист ва сироятшинос, инчунин аз Федератсияи Россия (Роспотребнадзор) 8 нафар вирусологҳо, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, таббодули таҷриба намуданд.
  • Аз ҷониби Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ўзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Давлати Қувайт, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Бонки Рушди Осиё ва 46 ташкилотҳо ва ширкатҳо зиёда аз 390 номгўи маводҳои муҳофизатӣ, безараркунанда ва озмоишӣ (дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, ҳароратсанҷи фосилавӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ, маводҳои гигиенӣ, айнакҳои муҳофизатӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ, дастпўшакҳои якбормасрафшаванда, бахил, пойпўшҳои обногузар ва хилъатҳо, инчунин, маводҳои дорувории зиддивирусӣ, зиддимикробӣ, маҳлулҳои инфузионӣ ва ғ.) ба маблағи умумии 94 182 171 сомонӣ дастрасгардидаанд.
  • Аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағи 11,3 млн. доллари ИМА барои таъсиси шўъбаҳои табобати интенсивӣ ва пардохти кўмакҳои унвонӣ, аз тарафи Бонки осиёии рушд маблағи 1 миллиону 982 ҳазор доллари ИМА барои маводҳои худмуҳофизатии шахсӣ, аз тарафи Бонки исломии рушд маблағи 350 000 доллари ИМА барои маводҳои худмуҳофизатии шахсӣ, аз тарафи Хазинаи глобалии мубориза бар зидди ВНМО, сил ва вараҷа барои харидории тестҳо, маводҳои сарфшаванда барои ташхисгоҳҳо ва таҷҳизоти ташхисӣ, аз тарафи Бонки олмонии рушд барои харидории дастгоҳҳои нафаскашии сунъӣ ва маводҳои худмуҳофизатӣ ба маблағи 1 миллион евро, аз тарафи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид маблағи 300 000 доллари амрикоӣ барои таъсиси маркази иттилоотии вокуниши фавқулодда ва маводҳои худмуҳофизатӣ, аз тарафи Сафорати Япония дар Тоҷикистон – маводҳои худмуҳофизатӣ ва термосканерҳо, аз тарафи Ҳукумати Федератсияи Россия тавассути Роспотребнадзор зиёда аз 40 000 тест, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой – зиёда аз 40 тонн маводҳои худмуҳофизатӣ, тестҳо ва 50 адад дастгоҳҳои нафаскашии сунъӣ, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон - маводҳои доруворӣ ва худмуҳофизатӣ ва аз Ҷумҳурии Ҳиндустон - маводҳои доруворӣ дастрас карда шуданд.
   Дар анҷоми муҳокимаи парламентӣ қарор ва тавсияҳои дахлдор қабул карда шуд


Илова кунед