Вакилони Маҷлиси намояндагон бо «Ифтихорнома» сарфароз гардиданд

29 Октябр 2020, Панҷшанбе

Дар арафаи ҷаласаи  якҷояи сеюми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 30 октябри соли равон баргузор мегардад се нафар вакилони Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, аз ҷумла Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ   Абдураҳим Холиқзода, узви кумитаи мазкур Шарифҷон Ҳакимзода ва узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иқтисод ва молия Гулбаҳор Назирӣ бо «Ифтихорномаи» Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.
 «Барои таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани нуфузи он дар ҷомеа ва саҳми муносиб гузоштан дар маъракаи  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон  бо «Ифтихорномаи» Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шаванд»-чунин омадааст дар матни «Ифтихорномаи»  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шудааст.

Илова кунед