Тамошои дастаҷамъонаи савганди Пешвои миллат

30 Октябр 2020, Ҷумъа

Имрўз кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ – савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар толори китобхонаи Маҷлиси намояндагон ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд.
Кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ин чорабинии муҳимро нишондиҳандаи сулҳу суботи пойдор, волоияти қонун ва якдилию ҳамоҳангии миллӣ дониста, бо рўҳияи баланди шаҳрвандӣ ва ифтихор аз интихоби арзандаи худ ба мавқеи устувори Сарвари давлат дар таҳкими решаҳои давлатдории миллӣ ва дастгирии занону ҷавонон бо мавҷи пурифтихор кафкўбӣ намуданд.
Хизматчиёни давлатии мақоми қонунгузории кишвар бо шоҳид шудан аз раванди супоридани нишони президентӣ дар Қасри миллат ба муҳтарам Президент, савгандёдкунӣ ва  суханронии Пешвои миллат, гузашти низомии афсарону аскарони қушунҳои ҳарбию низомӣ ва дигар чорабиниҳо ин тантанаҳои идонаро нишондиҳандаи рушди устувори ҷомеа донистанд.
Дар интиҳо Кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо иродатмандии комил бори дигар ҷонибдории худро аз сиёсатҳои бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат эълон намуда, интихоби арзандаи худро кафили рушди бо низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон донистанд.

Илова кунед