Конститутсия ва иттиҳоди миллӣ

02 Ноябр 2020, Душанбе

Аз қабули нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 1994, ки мамлакатамон дар вазъияти бисёр мураккаби сиёсӣ қарор дошт, 26 сол мегузарад.
Дар ин давраи начандон зиёди таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбари хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба дастовардҳои баланди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд, ки: «Тавассути раъйпурсӣ қабул гардидани Конститутсия дар таърихи рушди конститутсионии кишварамон таҷрибаи нодир ва нахустин буд, зеро конститутсияҳои қаблӣ аз ҷониби намояндагони мардумӣ дар парламент қабул гардида буданд.
Қобили зикр аст, ки тавассути раъйи мардум қабул шудани қонуни асосии мо дар миқёси кишварҳои пасошўравӣ низ яке аз таҷрибаҳои аввалин ба шумор меравад.
Бо дарки чунин масъулияти таърихӣ 6-уми ноябри соли 1994 сокинони кишвар дар фазои озод дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона иштирок карда, аксари мутлақи онҳо (беш аз 87 фоиз) ба ҷонибдории Конститутсия раъйи худро изҳор доштанд».
Давлат ва Ҳукумати мамлакат бо баргузории чунин маъракаи муҳимму тақдирсоз аз имтиҳони ҷиддӣ гузашт ва бовар ҳосил кард, ки сиёсати дурусту санҷида ва ба манфиати мардум равонашуда аз ҷониби халқ ҳамеша пуштибонӣ меёбад».
Воқеан чунонки Пешвои миллат таъкид намуданд, мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол баъди қабули Конститутсияи кишвар дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати мамлакат саҳми бештар мегузоранд.
Маҳз туфайли қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳидии мардуми кишвар, пойдории сулҳу субот ва амнияти сокинон таъмин гардид.
Ин аст, ки Конститутсияро шаҳодатномаву бахтномаи миллат ном мебаранд. Зеро, туфайли қабули ин санади муҳим сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон асоси боэътимод гузошт.
Он ҳамчун санади воқеъан таърихиву муқаддаси давлату миллати тоҷик ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа ва гузариш ба сохти нави давлатдории тоҷикон нақши ҳалкунанда бозид.
Маҳз пас аз қабул шудани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи халқиятҳое, ки дар кишвар умр ба сар мебаранд боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои обод намудани Тоҷикистон саҳм мегузоранд.
Сарҷамъии мардуми Тоҷикистон ба баланд гаштани ҳисси миллии сокинон мусоидат намуд.
Дар баробари ин, маҳз туфайли қабули Конститутсия шароити мусоид фароҳам овард, ки истиқлолияти давлатии кишвар боз ҳам пойдору устувор гардад ва дар заминаи истиқлолияти давлатӣ бори аввали дар таърихи кишварамон мақомоти олии қонунгузор – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намояд.
Бо ташкили парлумони кишвари соҳибистиқлол, ки барои таъсиси он низ қабули Конститутсияи Тоҷикистон заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам овард, қонунҳои зиёде қабул гаштанд, ки барои некўаҳволии халқ мусоидат намуданд.
Аз ҷумла, маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гаштани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи хуб фароҳам овард.
Боварии комил дорам, ки Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин Конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад, бо садсолаҳои дигар барои беҳтару хубтар намудани шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқии кишвари соҳибистиқлоламон хидмат хоҳад кард ва ҳар сокини кишвари маҳбубамон онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, муқаррароти онро риоя мекунанд.
 
Бахтиёр АҲМАДЗОДА
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед