НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАШАККУЛ ВА ИНКИШОФИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

05 Ноябр 2020, Панҷшанбе

Ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишмандтарин дастовард барои миллату мардуми шарафгавҳари мо буда, ин неъмати давлатдорӣ ҷиҳати таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ зарурати қабули қонуни асосӣ, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён овард.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсозу ифодагари азму ирода ва нияту орзуҳои неки халқи Тоҷикистон буда, дар марҳилаи хеле ҳассосу мураккаби сиёсии кишвар 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии он, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян сохта, муҳимтар аз ҳама, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ўро арзиши олӣ, халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф кард ва барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ шароити созгор муҳайё намуд.

Инчунин, Конститутсия шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии президентӣ муайян намуда, дар боби 4-ум вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар кард. Ин санади олии ҳуқуқии кишвар танҳо ба Президенти мамлакат ҳуқуқи бо Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданро мансуб медонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия дар як вақт Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, самтҳои фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ буда, фарогирандаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат мебошанд.

Бояд қайд кард, ки институти Паёми Сарвари давлат ба парламент оид ба вазъи кишвар ва дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат дар конститутсияҳои аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон муқаррар гардидааст.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин падидаи муҳимми сиёсӣ – ҳуқуқӣ бо сабаби вазъи ноороми сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта, бо гузаштани андаке фурсат, бахусус, пас аз ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» муқаррар карда шуд.

Ҳамин тариқ, бо истифода аз таҷрибаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ки дар дигар давлатҳои ҷаҳон ҷой дорад, бо мақсади рушди давлатдории миллӣ, таъмини пойдориву оромии кишвар, сулҳу субот ва ваҳдат, рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тараққии низоми комилан нави ҷамъиятӣ, мусоидат ба инкишофи демократикунонии минбаъдаи ҳаёти ҷомеа, ба вуқўъ пайвастани дигаргуниҳои куллан ҷадид дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, такмил додани асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд ва кафолати онҳо, ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ, се маротиба: 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳои воридгардида меъёрҳои Конститутсияро такмил дода, тибқи онҳо ҷомеа ба марҳилаи навбатии инкишофи худ ворид гардид, инчунин ҷиҳати таҳкими ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Дар алоқамандӣ бо ин, ба моддаҳои 48, 55 ва 69-и Конститутсия (аз 26-уми сентябри соли 1999) тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Аз ҷумла, дар моддаи 48 муқаррар гардид, ки Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷлиси Олӣ иборат аз ду Маҷлис, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аст. Вобаста ба ин тағйиру иловаҳо салоҳиятҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин гузаронидани ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаҳои алоҳида пешбинӣ ва мушаххас карда шуданд. Банди 1) моддаи 69-и Конститутсия ба Сарвари давлат масъалаи муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вогузор намуд.

Дар асоси тағйироти ба моддаи 55-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар мавридҳои савганд ёд кардан, истеъфо ва шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баррасии Паёми Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, бидуни қабули қарори дахлдор ҷаласаҳои якҷоя мегузарониданд. Сониян моддаи 55-уми Конститутсия (22-юми июни соли 2003) дар таҳрири нав ифода мегардад, ки мувофиқи қисми сеюми моддаи мазкур дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент савганд ёд мекунад ва бо Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд.

Ҳамин гуна, тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми сентябри соли 1999 ва 22-юми июни соли 2003 воридгардида, ба ташаккул ва инкишофи институти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз салоҳияти конститутсионии хеш мутобиқи қисми сеюми моддаи 55 ва банди 1) моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал 27-уми апрели соли 2000 бо Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карданд ва дар он перомуни вазъи ҳаёти ҷомеа, масъалаҳои умдаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, сиёсати хориҷии кишвар, инчунин роҷеъ ба дигар масъалаҳои муҳимми ҳаёти мамлакат дидгоҳу назари худро баён намуданд.

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчун санади конститутсионӣ ва сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар шароити кунунии Тоҷикистон мавқеи намоёнро касб намудааст. Зеро дар паёмҳои ҳарсолаи Президенти кишвар масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илму маориф, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди неруи инсонӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, такмили низоми идоракунии давлатӣ, ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, рушди сайёҳиву соҳибкорӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, тақвияти ватандўстиву худшиносии миллӣ, сиёсати давлатии ҷавонону занон, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, муқовимат ба терроризм, экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат, инчунин соири масоили мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ таҳлилу матраҳ шуда, роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳод гардиданд.

 
Фирўз Сайнозимзода,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон

Илова кунед