Аз Шӯрои Маҷлиси намояндагон

09 Ноябр 2020, Душанбе

Имруз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  ҷаласаи Шӯро баргузор гардид.
Дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» ва лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат  мавриди баррасӣ  аъзои Шӯро қарор гирифт.
Дар Шӯро таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» бо мақсади мутобиқ гардонии Қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқатии он ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатӣ» инчунин дигар қонунҳо ва дар ин васила бартараф сохтани норасоиву камбудиҳои ҷойдошта мебошад. Зарурати такмили Қонуни мазкур бо меъёрҳои нав ва дар ин васила таҳти танзими ҳуқуқӣ қарор додани муносибатҳои ба салоҳият ва масъулияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ қарордошта, ислоҳи мафҳум ва истилоҳу ибораҳои ҳуқуқӣ бо назардошти техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқӣ ҳуқуқӣ мебошад.
Зимни баррасии масъалаи дуюми рузнома- лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат  таъкид гардид, ки Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 4 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” таҳия гардида, самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии давлатро барои соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат муайян менамояд.
Дурнамои мазкур пеш аз ҳама барои ноил шудан ба мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон –нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат тавассути механизму воситаҳои татбиқшавандаи сиёсати пулию қарзӣ равона мегардад.
Аъзои Шӯро аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасӣ  гардида, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Илова кунед