Маҳмадтоир Зокирзода бо Датук Азҳар Азизан Ҳорун мулоқот намуд

09 Ноябр 2020, Душанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар реҷаи фосилавӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Парлумони Малайзия Датук Азҳар Азизан Ҳорун мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ ва дигар масъалаҳоро миёни ду кишвар  мавриди муҳокима қарор доданд.
Маҳмадтоир Зокирзода дар ибтидо Датук Азҳар Азизан Ҳорунро ба муносибати интихоб шуданашон ба мақоми Раиси Девони Ракият (Парлумон) - и Малайзия табрик намуда, миннатдории худро барои пешниҳоди ҷониби Малайзия дар бораи баргузор намудани ин мулоқоти маҷозӣ баён намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Малайзияро, ки дар рушди доимӣ қарор дорад ва давоми даҳсолаҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст, ба ҳайси нуқтаи марказӣ барои ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои минтақа интихоб кардааст.
Ҳамчунин барои таҳким ва густариши муносибатҳои ду кишвар ҷалби мақомоти қонунбарори ду ҷониб муҳим ба назар мерасад.
Шоистаи зикр аст, ки дипломатияи парлумонӣ ҳамчун механизми муассир ва бо эътимод ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дуҷониба эътироф шудааст.
Дар ин робита ҳамон тавр, ки Шумо иттилоъ доред, ҷониби Тоҷикистон гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии қисмати тоҷикистониро таъсис додааст ва мо умедворем,  ки бо таъсиси гурӯҳи дӯстии ҷониби малайзӣ аввалин машварати гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Малайзия дар наздиктарин фурсат баргузор гардад.
Ҳамчунин заминаи қарордодиву ҳуқуқии ду кишварро якчанд созишномаву  ёддошти  тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ташкил медиҳанд, ки онҳо дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия имзо шудаанд.
Дар ин радиф месазад таъкид сохт, ки татбиқи созишномаҳои ба имзо расида ҳамкориҳои ду кишварро боз ҳам тақвият хоҳанд дод.
Дар баробари ин, зарурати таҳкими заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба миён омадааст. Айни замон ҷонибҳо лоиҳаи якчанд санади ҳусни тафоҳуми ҳамкориро баррасӣ доранд, ки аксари онҳо дар ҷониби малайзӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, умедворем, ки бо мусоидати Парлумони Малайзия кишвари дӯст дар фурсати наздик мавқеи худро оид ба рафти баррасии санадҳои мазкур баён намояд.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин изҳор дошт, ки “- Мо боварӣ дорем, ки муносибатҳои дуҷонибаиТоҷикистону Малайзия барои рушд ва тавсеа майдони васеъ доранд ва ҳар ду ҷониб ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илм, техника, фарҳанг ва сайёҳӣ манфиатдоранд”.
“- Иштибоҳ нест, агар гӯем”,- афзуд  Маҳмадтоир Зокирзода, ки маориф бунёди асосии ҳар як давлат аст ва бо такя ба ин гуфтан мехоҳам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа авлавият медиҳад ва ба таҳсили шаҳрвандони худ дар кишварҳое, ки шароити мусоиду лозимро пешниҳод менамоянд, манфиатдор аст.
Малайзия дар ҷомеаи мо ҳамчун яке аз чунин кишварҳо шинохта мешавад.
Омӯзиши донишҷӯён дар кишварҳои якдигар заминаи хуб барои ошноии наздиктар бо фарҳан ва мардуми кишвари қабулкунанда фароҳам меорад ва дар айни замон, ин хатмкунандагон муаррификунандагони ғайримустақими кишварҳо дар ватани худ хоҳанд буд.
Имрӯзҳо ҷавонони Тоҷикистон бештар майли таҳсил дар Малайзияро доранд ва ҳоло 134 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Малайзия таҳсил мекунанд.
Сафорати мо дар Куала-Лумпур бо якчанд донишгоҳи Малайзия, аз қабилиДонишгоҳи Сити, Донишгоҳи Лимкоквинг,  Донишгоҳи Маҳса ва ғайра, ки аксарияти донишҷӯёни тоҷик дар онҷо таҳсил мекунанд, ҳамкориҳои зич дорад.
Баргузории ярмаркаҳои таълимӣ ва роҳандозии робитаҳои мустақим байни муассисаҳои таълимии ду кишвар низ ба мубодилаи донишҷӯён ва олимон мусоидат хоҳад кард.
Раиси парлумони касбии мамлакат ҳамчунин таъкид намуд, ки Малайзия имкони таъсиси як маркази логистикӣ-тиҷоратиро дар яке аз минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар минтақаи алоҳида барои содироти молҳояш ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам барои коркарди пешакӣ ва воридоти маҳсулот аз он ҷо ба Малайзия баррасӣ кунад.ҶумҳурииТоҷикистон метавонад нақши дарвозаи тиҷоратии Малайзия бо кишварҳои Осиёи Марказиро  иҷро кунад. Ҳамзамон дар ин ҷода Малайзия метавонад пайванди Тоҷикистон бо кишварҳои АСЕАН гардад.
Бино ба таҷрибаи фаровони Малайзия дар соҳаи сайёҳӣ, мо мехоҳем муносибатҳои худро дар ин самт бо имконияти омӯзиш тавассути давраҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати соҳаи сайёҳӣ барои намояндагони сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ тақвият диҳем.
Дар хотима мехоҳам иброз намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша саъй менамояд, то ҳамкориҳоро бо Малайзия густариш диҳад.
Итминон дорам, ки кӯшишҳои муштарак ба муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳоямон такони тоза бахшида, ба таҳкими бештари дӯстии халқҳои ду кишвар мусоидат кунанд,-гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои  дуҷонибаи Тоҷикистону Малайзия дар ҳама сатҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷӯҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

Илова кунед