САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ – САДОҚАТ БА МИЛЛАТ АСТ

10 Ноябр 2020, Сешанбе

16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он фарзанди ҷасуру диловари миллат – Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси раъйпурсии умумимиллї Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
15 апрели соли 2016 бошад, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад.
Тағйирот ба қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст. 
Мақсад аз рўзи ид муайян кардани рўзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бо мароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихоб ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатии мамлакат мавқеи махсус ва ҳалкунанда дорад, зеро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
21-уми июли соли 1994, таҳти №1042 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он принсипҳои гузаронидани интихобот, таъин, ташкил ва ҷамъбасти интихобот, инчунин дигар масъалаҳои вобаста ба онро танзим намуд. Ҳамин тавр, 6-уми ноябри соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи шаффофи демократӣ бо тарафдории аксарияти интихобкунандагон интихоб гардид ва 16-уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуда, ба иҷрои вазифа шурӯъ карданд. Маҳз аз ҳамон рӯз, Президенти аз ҷониби халқ интихобгардида ба иҷрои фаъолияти Президентӣ, ки Конститутсияи нави давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол муқаррар намудааст, оғоз намуд.
Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рўзи 16 ноябр ҳамчун рўзи Президент пазируфта шудааст.
Мо набояд ҳеҷ гоҳ фаромўш созем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон марди оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Маҳз ин хусусиятҳои раҳбарии Пешвои миллат буд, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта ва эътироф гардид.
Ӯ ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи савганди таърихиаш, моҳи декабри соли 1992, дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.” 
Ӯ аз рӯзи ин қасами худ то 27 июни соли 1997, яъне то расидан ба ваҳдати миллӣ ва суханронии таърихӣ бахшида ба имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 21 маротиба гуфтушунидҳо ташкил карда, 7 маротиба дар муколамаҳо шахсан ширкат варзида, ҳамчун Роҳбари давлат ва Пешвои миллат 80 маротиба ба халқи Тоҷикистон муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ, мусоҳибаҳо ва табрикот карда, ҳамеша аз дӯстӣ ва ваҳдат суҳбат намуда, муноқишаю ҷангро маҳкум сохта, кӯшиши муттаҳид кардани миллатро пайваста думболагирӣ намудааст. 
Дастоварду комёбиҳои беназиру бебаҳои даврони соҳибистиқлолӣ далолат ба хидматҳои бузургу арзишманди Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Сарвари давлат, Тоҷикистони нав соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардидаро дар як муддати кӯтоҳ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, ба мардуми тоҷик шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё сохтанд. 
Дар таърихи навини халқи тоҷик Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст. 
Ҳадафи аслии ин навиштаҳо пеш аз ҳама, ҳимояи корҳои неки оғозгардида, муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созанда, нигоҳдошти роҳи таърихии рушди Тоҷикистон ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва тавсеаи таҷрибаи мусбати ватандорист. Дар ин ҷода мо ба одитарин ва олитарин хислати инсонӣ — қадршиносӣ аз заҳмати фарзанди содиқу вафодори миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунем. 
Маҳз шинохти самимона ва муҳаббати волои мардум ба Пешвои миллат буд, ки ў дар интихоботи президентии 11 октябри соли 2020 беш аз 90 дарсади раъйи мардумро соҳиб шуда, барои 7 соли оянда Президенти маҳбуби миллат интихоб гардид, ки самимонаву содиќона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва миллати азизамонро табрик менамоям.

 

Муҳаммадраҳим Юсуфӣ

Вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед