ПРЕЗИДЕНТ: Эмомалӣ Раҳмон. Пешвои миллат-ифтихори миллат аст

13 Ноябр 2020, Ҷумъа

Бахшида ба Рӯзи Президент, ки 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад  

Дар таърихи давлату давлатдорӣ ва шоҳсолорӣ кам касоне мисли Президент Эмомалӣ Раҳмон ба дунё омадаанд. 

Ин абармарди миллат, забардасти миллат, тоҷдори миллат ва Пешвои миллат тавонист бо нерӯи созанда, ақли солим,  далерию ҷасурӣ, матонату кордониаш миллатро аз вартаи ҳалокат  наҷот диҳад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон.  Ин номро бештари президентҳои ҷаҳон аз қабили Владимир Путину Нурсултон  Назарбоев,  хонум Меркел бо ифтихор ном мебаранд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ин муҳаббатро сазовор аст.

Ёд дорам, дар хабаргузории «Ховар» кор мекардам. Аввалин солҳои роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон буд. Ҳамон солҳо таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ҷавонон низ, ҳамчун ҷавонтарин Сарвар, хеле зиёд буд. Он солҳо Президент Эмомалӣ Раҳмон дастони мо хабарнигорони ҷавонро пеш аз оғози мулоқотҳояш бо корпуси дипломатии сафирони хориҷӣ як- як мефишурд. Ин амали Ҷаноби Олӣ хоксорона буд, аз рўи раҳму шафқат, ҳалимиву меҳрубонӣ буд. Баъди солҳо ҳис кардам, ки Ў, аслан, хабарнигоронро хеле дӯст медорад ва эҳтиромашонро ҳамеша ба ҷо меоварад.

Ба мо хабарнигорони ҷавон ҳамон солҳои душвор  муяссар шуд Президент Эмомалӣ Раҳмонро дар сафари Мурғоб ҳамроҳӣ намоем.  Бори аввал мо як қадам дур аз Президент меистодем. Ӯ бо мо хабарнигорон салом кард ва ҳамроҳамон дар юртаҳои қирғизи хўрок хўрд.  Бо мурури рафтани солҳо он айём бароям аёми тиллоӣ мегардад. 

Сафари дигари мо ҳамроҳи Президент Эмомалӣ Раҳмон  ба вулусволии Фархори Давлати Исломии Афғонистон буд. Ман он вақтҳо хеле ҷавон будам. Вале тамоми самимияти гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҳис мекардам. Ӯ сухан аз сулҳу ваҳдат мегуфт. Суханҳо аз ҷигари сўхта мегуфт. Ў кўтоҳ мегуфт, вале суханонаш хеле нишонрас буд. Ў тавонист тарафи муқобилро ба ҳайрат оварад.  Ӯ дар сухан ва каломи сухан худодод  буд. 

Пешвои мо - Эмомалӣ Раҳмон дар асл мардумӣ аст. Бо замину каланд дар байни мардум ба воя расидааст. Худи Президент низ ин нуқтаро борҳо дар баромадҳояш таъкид мекунанд.

Аслан, ҳеҷ кас аз модар Пешво ё Президент таваллуд намешавад. Агар инро Худованд нахоҳад. Вале Президенти мо марди худодод аст. Худованд ҳамаро ба Ӯ лоиқ дидааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша муваффақияти худро дар такя ба халқ  мебинад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳастиву вуҷуд ва қалби ин миллати тоҷик аст. Мо бояд Ӯро мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем. Худованд барои мо чунин шахсиятеро ато кардааст, ки бештари кишварҳои дунё инро орзу мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон-ҳастии миллат аст. 

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат шахсияти аҷибу нотакроранд. Ӯ бузургтарин санъат - ба вақти гуфтан гуфтану ба вақти хомўши хомўш буданро хуб омӯхтааст. Ин гуна санъат на ба ҳама сарварон муяссар гардидааст.  

Шайх Саъдии бузург мегўяд «Ҳаргиз дуруст нест ва ба ақли соҳибназарон рост намеояд, ки шамшери Алӣ дар ғилоф бошаду забони Саъдӣ дар даҳони ӯ хомўш бимонад. Яъне рӯзи ҷанг бо душман дар ғилоф будани  Зулфиқори Алӣ ва дар ком хомӯш мондани забони Саъдӣ, ки ҳар ду ба тавоноӣ ва бурандагӣ машҳуранд аз рӯи ақлу хирад нест ва қобили қабул намебошанд».

Ин маъни он аст, ки Президенти мо низ саъдивор сухан мегўянд,   аз номи миллат мегўянд.  Аз номи миллати Ориёию соҳибистиқлол мегўянд. Аз минбари Созмони Милали Муттаҳид мегўянд. Зеро Ӯ давомдиҳандаи  давлати шоҳи Сомониён аст. Дар ҷисми Ў рӯҳи Сомониён нуҳуфта аст.

Аз ҳама муҳимаш Эмомалӣ Раҳмон тавонист маҳбубияти халқу миллатро ба даст оварад. Имрӯз миллат Пешвои худро дўст  медорад ва бо Ӯ ифтихор дорад. Мутаасифона, ин нуқта на ба ҳама сарварони дунё  муяссар мегардад. Имрӯз аксари мардум ба хотир ва эҳтироми  Пешвои миллат номи фарзандонашонро Эмомалӣ ном ниҳода истодаанд. Зеро  Эмомалӣ рамзи наҷотбахши миллат аст.  Мо ин нуқтаро бояд такрор ба такрор бигўем. Аз ин натарсем ва қадр намоем.

Марк Аврелии бузург мефармояд. Ҳеҷ қуввае шадидтар аз қувваи муҳаббат ба ватан нест. Имрӯз ин қувваро Президент Эмомалӣ Раҳмон бо халқу миллат дорад. Президент Эмомалӣ Раҳмон тавонист худро дар дилу дидаи мардум ҷо кунад. Таърих Президентҳои зиёди дунёро медонад, ки халқ онҳоро бо белу каланд аз ин курсӣ ронданд.

Рамзи эҳтиром имрӯз пеши пои Пешвои миллат гулпарафшонӣ мекунанд. Мардум дигар хел муҳаббати худро ба Пешвои худ пешниҳод карда наметавонад. Ин самимияту эҳтироми Пешвои миллат аст. Ў инро сазовор аст. Ў ҳамаро бо меҳнати ҳалол ва арақи ҷабин ёфтааст. Мо ба қадри Пешвои миллат  бояд дар зиндагӣ бирасем. Ўро посу азиз дорем.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз ғаму дарди миллат огаҳ аст ва ба мушкилоти миллат ҳеҷ гоҳ бепарво нест. Мавсуф ба мардум ҳамдилӣ ва ёрмандӣ мекунад. Ӯ шоистаи номи баланди Пешвои миллат  аст. Таърихи давлатдории шоҳони қадим ва муосир исбот кардааст, ки дар зиндагӣ кам Шоҳоне ҳастанд, ки дар вақти тавоноию қудратмандиашон бо мардум тифоқу адолат кардаанд. Вале имрӯз Пешвои мо рамзи  озодӣ, тифоқ  ва адолат аст.

Баромадҳои пай дар пайи Пешвои миллати мо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид  роҷеъ ба ҳалли глобалии проблемаҳои дунё яке аз баландтарин офаридаҳои  ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дараҷаи баланди инсондустӣ ва сатҳи олии ҷаҳонбинии Пешвои миллати моро нишон медиҳад. Ҷои ифтихор аст, ки баромадҳои  Президенти мо бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума шуда, шуҳрату обрӯи Тоҷикистонро дучанд мегардонад.

Эмомалӣ Раҳмон озоду сарбаланду соҳибихтиёр аст. Ӯ гармию сардии зиндагӣ чашида, бо меҳнати ҳалол ва бо сари баланд зиндагии хешро пеш мебарад. Ў зиндагиро мисли мову шумо дӯст медорад.

Пешвои мо, Президенти мо борҳо ҳаҷҷи хонаи Худо кардааст ва аз нуру сафо холӣ нест. Беҳуда нест, ки Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон дар қатори 500 мусалмонҳои шуҳратманди дунё ҷой гирифтааст ва аз минбарҳои баланди конфронсҳои исломӣ  тозагию покизагии дини мубини исломро ҳимоят мекунад. 

Дар лавҳи турбати  Баҳроми Гӯр навишта шуда, ки дасти  саховатманд беҳ аз бозӯи зӯрманд аст. Пешвои мо низ соҳибкарам аст.  Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси саховатманду саховатпеша низ дар байни халқ ном баровардааст. Дар дили мардум роҳ ёфтааст, вирди забони ҳамагон гаштааст. Саховат файзу баракати хоса дорад ва сабаби фаровонӣ мегардад ва ба сарват сарват зам менамояд.  Мо бояд оини ҷавонмардӣ ва расму шеваи ҷавонмардиро аз Пешвои миллат омӯзем. Чаро, ки Ӯ борҳо номи пуршарафи ҷавонмардиро ба ивази хатар ба ҷонаш ба даст овардааст. Ин аст ойини ҷавонмардӣ.

Бузургии дигари Пешвои миллат он аст, ки Ў ҳамеша  ситоиши илму дониш ва хоксорию беозориро талқин менамоянд. Ӯ ҳеҷ гоҳ ғуруру худписандиро намеписандад. Пешвои миллат шеъру шоирон ва зиёиёнро самимона  дӯст медоранд. Олимону ҳунармандонро навозишу эҳтиром менамоянд. Ў аз аввалинҳо шуда, фарҳангро ҳастии миллат номид ва ба он арҷгузорӣ намуд.

Пешвои мо равшанзамиру хирадманд аст. Аз  сиёсати давлатдории Ӯ  зиндагии имрӯзаи кишварамон  беҳтар гардидааст. Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори даҳ давлати рӯ ба тараққӣ эътироф шудааст. 

Ҳамасола Пешвои миллат сафарҳои зиёде ба кишварҳои гуногуни дунё мекунанд. Бо Президентҳои ҷаҳон, сиёсатмадорони маъруф мулоқоту вохўриҳо мегузаронанд. Манофеи миллии моро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳимоят менамоянд. Аз ҳама муҳимаш дар ин мулоқотҳо Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори нозукбин аз ҳамаи ошноиҳо рӯшноӣ намеҷӯяд. Зеро ин хоси Шоҳони доноёни дунё аст.

Дар интихоби кадрҳо низ Пешвои мо гавҳаршинос аст. Ёд дорам, Президент борҳо дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки  мард бо соҳиб шудан  ба мансаб бузургу шарофатманд намешавад, балки мансаб ба туфайли мардони шарофатманд бузургу баландмақом мегардад.

Зиндагӣ ва фаъолияти Пешвои миллат мароми зиндагонии одамони бошараф ва баору номус аст. Агар аҳмият дода бошед, Президент қобилияту  истеъдоди ниҳоят баланди суханварӣ доранд ва устодон аз таълиму тадриси Ӯ оҷиз мондаанд. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷавониаш аз олимони машҳури замон  илмҳои ҳикмату  мантиқ ва маониро хуб омӯхтааст. Ҳамин аст, донишмандони муосири дунё ба рӯҳияи озодихоҳӣ, илмдӯстӣ ва инсонпарварии Президенти мо, Пешвои мо баҳои баланд медиҳанд.

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мегўяд « Ҳукумрониву фармонравоӣ дар вуҷуди подшоҳон  падидори адолату инсоф аст, на барои нишон додани бузургию шаҳомот. Анӯшервон  дар дини ислом набуд, вале адлу инсоф дошт. Бинобар он,  Муҳаммад пайғамбар алайҳи ва салом бар ӯ мадҳу сано мегуфт ва ифтихор менамуд, ки дар замони ин гуна подшоҳи одилу халқпарвар ба дунё омадааст». Бале ҳақ ба  ҷониби Мавлоно Ҷомӣ аст, ки мо низ маҳз дар замони сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зиндагонӣ мекунем ва ба Ӯ мадҳу сано мегўем.  

Пешвои мо ҳамеша  тарафдори адолат ва ободии мулк аст. Ботини Эмомалӣ Раҳмон  софу нияташон пок аст. Хидмати Худову халқашро пеша  кардааст. Бинобар ин, ба чунин мақому мартаба расидааст, ки  хок дар дасташ  зар мегардад ва аз замири хоҳишманд бе гуфтори ӯ хабардор мешаванд.

Қаҳрамони миллии Давлати Исломии Афғонистон, марҳум  Аҳмадшоҳи Масъуд низ Президенти мо - Эмомалӣ Раҳмонро самимӣ дўст медошт. Ёд дорам, соли 1995 буд. Мо дар қарияи «Ҷангалак»-и Панҷшери Афғонистон, аниқтараш дар хонаи шодравон суҳбате доштем.  Сухан дар бораи сулҳу ваҳдати Тоҷикистон мерафт. Ҳамон солҳои душвор Масъуд гуфта буд: «Шумо тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон доред.  Тасавур кунед, мо зиёда аз сиҳ сол боз барои сулҳ дар Афғонистон мубориза мебарем. Ин абармарди миллат барои Шумо дар як сол сулҳи  бебозгашт овард. Акнун тасавур кунед, ки Шумо чи гуна Пешвое доред.  Ин гуна Пешворо  ҳама хайрхоҳони ҷаҳон орзу мекунанд».

Эмомалӣ Раҳмон дили бузурги инсонӣ доранд, -гуфта буд, Масъуд. Дар ин дил ҳама меғунҷад. Ў охирон тоҷикро ба ватан баргардонид. Магар ин тавоноию қудратмандии инсон нест? Эмомалӣ Раҳмонро на Шумо тоҷикон балки тамоми тоҷикони дунё дўст медоранд. Худо шоҳид аст, ин мард бо ин ақлу заковате, ки дорад дунёро муассир мегардонад, - гуфта буд ҳамон солҳо Аҳмадшоҳи Масъуд. 

Тавре, ки Масъуди одамшинос  гуфта буд:  «Бузургии Эмомалӣ Раҳмон беандоза аст». Имрӯз мо чи қадаре, ки дар бораи ин абармарди миллат ва шахсияти  ҷаҳон эътирофшуда нависем кам аст. Вале дар камии мо самимияту ихлосу меҳрубониҳои зиёде ба Пешвоямон нуҳуфта аст.

Бинобар ин дар «Рӯзи Президент», ки ҳамасола дар кишварамон рӯзи 16-ноябр таҷлил мегардад мо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро   табрику таҳният гуфта, ба Ватани азизамон пешрафту шукуфоии бештар ва ба мардуми тоҷик беҳбудиву осудаҳолӣ ва саодату некуаҳволӣ орзумандем.

 

Муҳамадато Султонов

Мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Илова кунед