Эмомалӣ Раҳмон Президенти маҳбубу мардумӣ

16 Ноябр 2020, Душанбе

Дар тамоми дунё Президент сарвари давлат ва муаарифкунандаи халқу миллат аст. Дар Конститусияи кишвари мо низ Президент хамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арз, пойдориву бардавомии давлат, мураттаби фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо  муқаррар гардидааст.
Президент баргузидаву интихихобнамудаи  мардум аст. Ин  мансаби баландтарин дар ҳар давлату ҷомеа ба нафаре муяссар мешавад, ки аз маҳбубияти хосса миёни мардум бархурдор аст. Таърих собит намудааст, ки на ҳар шахсиятҳое ки то ин  мансаби давлатӣ расидаанд рисолати худро ҷавобгу ба ниёзҳои ҷомеаву кишвари худ анҷом додаанд. Мо дар таърихи даврони истиқлолият низ ин руйдоду ҳодисаҳоро дидаву мушоҳида намудаем.
Хушбахтона Президенти кишвари мо, муҳтарам Эмомали Рахмон ки барои бақову устувории миллат, таҳкиму тавсеаи давлат, шӯҳрати чаҳони пайдо намудани Ватан фаъолиятхои бузургу беназииро анҷом додаанд, ки мардуми мамлакат аз ин ҳамеша қадршиноси менамоянд. Дар баробари дигар санаҳои мухими таърихи ва рузхои ид ворид гардидани  ин сана ҳам қадршиноси, гиромидошт ва бузургдошти Президенти маҳбуби мамлакат аст.
 
Рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоии охири садаи бистум, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи наверо боз кардааст, ба саҳнаи маъруфият шахсиятҳоеро баровардааст, ки ба шарофати талошу муборизаҳои онҳо Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол бо тамоми мушаххасоти давлати демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ рӯи пояҳои мустаҳками давлатдорӣ қарор гирифт ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Ва намоёнтарин чеҳраи сиёсии ин айёми мураккаб ва ҳамзамон тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Таҷлили Рузи Президент дар баробари гиромидошту бузургдошти сарвари мамлакат маънои тарғиби сиёсати Президентро низ дорад. Ташвиқу тарғиби сиёсати Президент  бошад маънои тарғиби ғояҳои давлатдориро дорад, зеро сиёсати Президент ифодагари манфиатҳои миллӣ ва омили пешбурди ҳаёти ҷамъиятӣ  аст.
Вақт аз он ки мо имруз дар ҳар масъалаи муҳими ҷамъияти ва дастовардҳои Тоҷикистон ҳарф мезанем пеши назар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбубу мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон падидор мешавад.
Тавре маълум аст дар пешрафти ҳар як самту соҳаи имрузаи мамлакат Пешвои миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон нақши асоси доранд.
Ҳанӯз то имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ  ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мақомоти роҳбарии мамлакат, бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ба татбиқи барномаи ислоҳоти иқтисодӣ шурӯъ кунад. Зеро нигоҳ доштани Истиқлолияти сиёсӣ бе замина ва рушди истиқлолияти иқтисодӣ ғайриимкон буд. Ҳамин буд, роҳбари мамлакат ҳадафҳои стратегии мамлакт, яъне раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ва ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикиро мушаххас намуда, баҳри ноил гардидан ба онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода гардид.
Эмомалӣ Раҳмон дар кӯтоҳтарин муддати таърихӣ тавонист як ҷумҳурии ҷангзадаи бемарому бенизомро ба амнтарин давлати минтақа табдил диҳад  ва дарвозаҳои кишварро барои ҳамкориҳои густурда бо мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон боз намояд. 
Имрӯз Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид буда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ аз ҷониби ин созмони бонуфуз  пазируфта шудани ибтикороти Тоҷикистон ба монанди эълони Соли байналмилалии оби тоза дар соли 2003, тасдиқи Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015,  Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардидани соли 2013 ва “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои  рушди устувор”  солҳои 2018 – 2028 мавқеи аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардидани сарварии Тоҷикистонро дар ин раванд собит намуд ва таҳким бахшид.
Имрӯз кишвари мо дар ҳама самт ва дар ҳама соҳаҳо робитаҳои байналмиллалии худро бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмиллалӣ ба роҳ мондааст, ки ин ҳамкориҳо марҳила ба марҳила тавсеъа ёфта истодаанд. Барои тамоми кишварҳои ҳамкор ва созмонҳои муътабари байналмилалӣ кишвари мо ҳамчун шарики боэътимод ва боварибахш мавқеъи худро муайян намудааст.
Тоҷикистон имрӯзҳо ба марҳалаи сифатан нави тараққиёти худ - таҳким ва густариши беш аз пеши дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ва ба ин васила бунёд сохтани ҷомеаи навини воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дохил  шудааст. Аз ин рӯ, камоли матлуб ин аст, ки дар ҷомеа чунин фазои маънавию ахлоқӣ ба вуҷуд оварем, ки сиёсати давлатӣ ҳамчун ҳидоятгару раҳнамои пешрафтҳои иҷтимоӣ ва омили муваффақ шудан ба ҳаёти хушу босаодат гардад.
Соли равон соли баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ аз ҷумла Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор гардида, иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакатро сарфи назар аз миллату халқиятҳои маскуни он собит намуд.
Ин маъракаи муҳими сиёсӣ баёнгари он шуд, ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз маҳбубияту маъруфияти хоссае миёни шаҳрвандони кишвар бархурдор аст.
Мо бояд ба таври огоҳона дарк намоем, ки ҳар шаҳрванде, новобаста аз ин ки дар чӣ мақому вазифа ва дар чӣ ташкилоту муассиса кор мекунад, дар назди ҷомеа ва Ватани худ масъул аст, ки дар татбиқи ғояҳои низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Президенти маҳбуби мамлакат мушаххас гардидааст саҳми муносиби худро гузорад.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамватанони азизамро ба ин санаи фархундаи Рӯзи Президент табрик гуфта ба ҳамаашон дар кору зиндагӣ комёбӣ таманно дорам.
 
Маҳмудзода Музаффарҷон Ҷусуп
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви Кумита оид ба энергетика, саноат,
сохтмон ва Коммуникатсия

Илова кунед