Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба рӯзи Президенти Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир шуд

16 Ноябр 2020, Душанбе

Имрӯз дар толори таърихии  Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи 16 ноябр бошукӯҳ таҷлил мешавад, ҳамоиши  тантанавӣ баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкурро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Мавсуф аз хизматҳои бешумули Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ёдоварӣ намуда, изҳор дошт, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат дар рушду тараққии ҳамаҷонибаи Ватанамон беандоза бузург аст.
Ҳамин аст, ки хурду бузурги кишвар Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ва ифтихори баланди миллӣ ҳамчун рӯзи адолату қадршиносии хизматҳои таърихии Пешвои миллат пешвоз гирифта, тамоми дастовардҳои даврони президентиро ба иқдомҳои неки Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонанд.
Аслан тибқи назари коршиносу сиёсатшиносон, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.
Дар маҷмӯъ, ба таври  мухтасар ин сана, яъне Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашни бузурги миллӣ, рамзи  муҳаббату вафодорӣ, тантанаи хираду мардумсолорӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои демократӣ ном бурдан мумкин аст.
Дар назди ҳозирин ҳамчунин муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Ватанзода Маҳмадалӣ дар мавзӯи «Рӯзи Президент- ҷашни миллии тоҷикон» ва Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фаттоҳзода Саидмурод дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол» баромад намуда, роҷеъ ба  нақши Президенти маҳбубамон дар раванди бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ибрози андеша намуданд.

Илова кунед