Бо Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушд

17 Ноябр 2020, Сешанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали гирифтани масъулияти роҳбарӣ ба рушди тамоми соҳаҳо диққати махсус зоҳир намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро шукуфон ва ба ҷаҳониён ҳамчун давлати дорои таърих ва тамаддуни бою қадима, дар асл пешрафтаю фарҳангсолор ва соҳибилм муаррифӣ намуданд.
Дар баробари муаррифии байналмилалии малакат, Пешвои муаззами миллат Ватани хуршедиро моро ба сўйи мамлакати саноативу кишоварзӣ раҳнамун намуда, дар ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пеш хоҳад рафт. Ҳамчунин, дар Паёми навбатии худ санаи 26-уми декабри соли 2019 Рушди босуръати саноатикунонии кишварро пешниҳод намуданд, ки татбиқи он бобати расидан ба ҳадафҳои дурбинонаи Роҳбарияти олӣ ва сиёсии кишвар дар самти пешрафти суръатноки Тоҷикистони азиз муассир хоҳад буд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, пешрафти иқтисодиёти кишвар дастуру супоришҳои Президенти муҳтарами мамлакат сурат гирифта, ниҳодҳои масъул қонуну қарорҳо ва барномаҳои мақсаднокеро оид ба рушди соҳаҳои гуногун аз ҷумла Стратегияи милли рудши Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул намуданд, ки татбиқи самараноки он пешрафти босуръати иқтисодиёти мамлакатро таъмин хоҳад кард.
Сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки татбиқи даҳҳо барномаву нақшаҳои давлатии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари озоди худро ба роҳ монда, обрўву эътибор ва мақому ҷойгоҳи сазовори байналмилаии Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳон таъмин намоем.
Барномаи Президенти интихобгардидаи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тамоми соҳаҳо мукаммалу мушаххас ва дурбинона таҳия гардида, дар марҳилаи нави рушд пешрафти бомароми Тоҷикистони азизро таъмин намуда, дар қалби ҳар як фарди соҳибватан нерӯи шӯълавари бузургу созандаеро  фурӯзонтар намуд. Аз ҷумла, вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ва илм аз нигоҳи дигаргуниҳо ва идораи навгониҳо барои мо олмону муҳаққиқони ҷавон муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Дар Барномаи болозикр нуқтасанҷона дарҷ гардидааст: “Бо дарназардошти он, ки илму маориф рушди муттасили ҳар як кишварро таъмин мекунад, мо дар ин самт амалӣ намудани тадбирҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморем:
  • таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудан ба соҳҳаҳои илму маориф, идома бахшидани ислоҳот дар ин самт, давра ба давра зиёд намудани маоши кормандон ва таҳкими пояҳои моддиву техникии онҳо, аз ҷумла таъминот бо технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ;
  • баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар раванди таҳсилот;
  • амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи “Барномаи рушд ва омӯзиши илмҳои табиӣ-дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
  • такмил додани низоми таҳсилоти муттасил, фосилавӣ, фарогир ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати касбу ҳунаромӯзии наврасон, ҷавонон ва калонсолон;
  • фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ барои фароҳам овардани шароити баробари дастрасӣ ба рушди зеҳнии кӯдакон дар деҳоти кишвар;
  • андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати дар ҷомеа баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии онҳо;
  • амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ доир ба рушди сармояи инсонӣ, тавсеа бахшидан ба имкониятҳои зеҳнии кишвар ва навсозии низоми идораи тамоми зинаҳои таҳсилот дар шароити замони муосир;
  • таъмин намудани робитаи илм бо истеҳсолот ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш миёни муассисаҳои илмиву таълимӣ ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии давлатӣ ва хусусӣ;
  • муайян кардани самтҳо ва равияҳои афзалиятноки илм, таҳким бахшидан ба заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмиву таҳқиқотии муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар;
  • таҳия ва татбиқ намудани “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технологияҳо ва инноватсия барои давраи то соли 2030”;
  • тавсеа додани ҳамкориҳои илмӣ доир ба масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ ва масъалаҳои марбут ба об дар сайёра;
  • андешидани тадбирҳои зарурӣ барои ҳавасмандгардонии ихтироъкорӣ ва навоварӣ.
Бо ҳамин зайл соҳаҳои дигар низ барои 7 соли минбаъда барномарезӣ гардидааст. Махсусан таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат нисбати ҷавонон бесобиқа ва беназир аст, ки ин равандро метавон “Бо Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушд” номид.
Мо ҷавонони вилояти Хатлон, олимону муҳаққиқони ҷавон, Ҷоизадорони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ доимо  сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олӣ ва сиёсии кишварро ҷонибдорӣ намуда, барои татбиқи ҳадафҳои созандаву дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистони азиз тамоми нерӯи созандаи худро сафарбар хоҳем кард.
Мо олимону муҳақиқони ҷавон пайравони асили Пешвои муаззами миллат мебошем ва Шарафи Пешвои миллатро шараф ба миллат, давлат ва мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол медонем.
 
Декани факултети агробиология,
стандартизатсия ва тибби байтории
Донишгоҳи давлатии Данғара    
н.и.к., Музафарзода Д.М.

Илова кунед