Парчам рамзи иттиӽоду якдилист
18 Ноябр 2020, ЧоршанбеВақте ки мо имрӯз – дар асри бисту як ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеӽ мебинем, ки ниёгонамон дар зери парчам саф кашида, барои ӽимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиӽо кардаанд.
Эмомалӣ Раӽмон
Истилоҳи Парчам ҳамчун рамзи худшиносӣ, худогоӽӣ, ягонагӣ ва сарҷамъию пирӯзӣ таърихи беш аз 3000 сола дошта, аӽмияту моҳияти асосии он муттаҳид кардани мардум барои ба даст овардани ҳадафҳои ягона, ба мисли озодӣ, ободӣ, истиқлолият ва ғайра аст.
Тибқи маълумоти ахбору сарчашмаӽо аввалиин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони қадим пайдо шуда, оммаро ба иттиҳоду ҳамдилӣ раҳнамун сохтаанд. Дар китоби муқаддаси Авасто дар бораи парчамҳои ниёгонамон, хоса парчамҳои Бохтари қадим, маълумоти зиёд ба чашм мерасад.
Дар “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ низ маълумоти ҷолиб дар бораи Парчам, бо истилоҳи дигар “Дирафш” дода шудааст. Дирафши ковиёнӣ Парчами тамоми шоҳони ривоятӣ ва давлати Эрон дар аҳди Кушониён ва Сосониён буд.
Агар ба таърихи халқамон назар андозем мебинем, ки миллати некноми тоҷик таи садсолаҳо парчамҳои зиёде доштааст ва вобаста ба ҳаводиси рӯзгор ва гирудорҳои таърих, шикастанҳову шукуфтанҳои миллат, парчамҳо низ дигар мешуданд.
Чунончи, бо таъсисёбии ҷумҳурии автономӣ ва баъдтар Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1924 – 1929 ранги Парчами кишвар саропо сурх буд. Дар канори чапи Парчам акси досту болға, ситора, пахта ва навиштаҷот бо хатти форсӣ, “Пролетарҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!” ҷой гирифта буд. Пас аз ин Парчами Тоҷикистон дар соли 1953 боз тайғйир ёфт. Парчами нав аз боло то поён ранги сурх ва дар миён ду хати нисбатан борику сафеду сабз, дар гӯшаи чап аз боло досу болға ва ситорача ҷой доштанд. Ин тарҳи охирини Парчами Тоҷикистони Шуравӣ буд, ки то соли 1991 арзи ҳастӣ карда, ба ҳукми таърих ворид гашт.
12 - майи соли 2007 аз ҷониби Маҷлиси Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро муқаррар мекунад.
3 - ноябри соли 2009 аз ҷониби Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардид, ки мувофиқи он 24 - ноябр Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон эълон гардида, ба ӽамин тариқ бо ибтикори Сарвари давлат дар тақвими таърихи халқамон боз як рӯзи ҷашн илова шуд.
30 августи соли 2011 бошад бо иштироки Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти ватани азизамон - шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, баландиаш 30 ва паҳноияш 60 метр аст парафшон гардид, ки ин нишонаи арҷгузорӣ ва эҳтиром ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Эӽтиром ва арҷгузорӣ ба рамзӽои давлатӣ, хоса парчами миллӣ, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 3 ба таври зайл дарҷ гардидааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст».
Инак, 11 сол мешавад, ки 24- ноябр дар ҷумҳуриамон рӯзи парчами миллӣ, ки рамзи иқболу хушбахтӣ, иттиҳоду якдилӣ, озодиву соҳибистиқлолӣ, рамзи бахту саодат, нангу номус, ватандориву ватанпарастӣ ва хушрӯзиву пирӯзист бо ифтихору эҳтироми сазовор таҷлил мегардад. Зери парчами парафшони ватан ҷавонони саодатманд-ӽомиёни марзу буми кишвар, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони касбу кори гуногун савганди садоқат ба Ватан-Модар ёд мекунанд, навхонадорон маросими ақди никоӽ анҷом медиӽанд, мактабиён дарси далериву мардонагӣ меомӯзанд. Бо ба даст овардани дастовардӽои шоён аз ҷониби варзишгарон дар мусобиқоти гуногун Парчами давлатии кишварамон барафрохта мешавад.
Хуллас, дар тамоми кишварҳои олам аз тарафи шаҳрвандон эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти ватан ба ҷо оварда мешавад. Дар Тоҷикистони азизи мо, ки кулли шаҳрвандонаш бо фарҳангу бо маърифатанд, ба рамзҳои давлатӣ, хоса Парчами миллат, эҳтироми хоса зоҳир мегардад. Мо бо Парчами давлатиамон, ки моро ба далериву шуҷоатмандӣ, муттаҳидиву ягонагиву вафодорӣ даъват менамояд, ба мо руҳи озодихоҳӣ мебахшад, ба ҳифзи тамомияти арзишҳои кишвар ҳидоят мекунад, арҷ мегузорем. Дар ин рӯзгори босаодат ӽамаи моро зарур аст, ки зери парчами парафшони ватан боз ӽам муттаҳидтар бошем, ҳар ваҷаб хоки поку муқаддаси ватанамонро ҳифз намоем, дар ободонии он саҳм бигирем, парчамбардорони миллатамон бошем.
Файзулло Наҷмиддиниён,
Ғиёсиддин Шарифзода
вакилони Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумӽурии Тоҷикистон