Парчами давлатӣ рамзи ватандорӣ ва ифтихору ғурурӣ миллӣ мебошад

24 Ноябр 2020, Сешанбе

Имрӯз дар толори таърихии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори иди фархундаву муқаддаси кишварамон — Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид.
Нахуст дар ҳамоиш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баромад намуда, иштирокдорони ҳамоишро ба «Рӯзи парчам», ки яке аз рамзҳои давлатдории миллии тоҷикон ба шумор меравад табрик намуда, иброз доштанд, ки Парчами давлатӣ барои ҳар як миллат рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ифтихору ғурурӣ миллӣ мебошад. Аз ин хотир мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ба он ҳамчун муҳимтарин рукни давлатдорӣ ва воситаи асосии муттаҳидкунанда арҷ мегузоранд.

Дар ҳамоиши тантанавӣ қайд карда шуд, ки парчами давлатии Тоҷикистон дар вазъияти басо ҳассос ва мураккаби сиёсӣ қабул гардидааст. Махсусан дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ аз нав барқарор шуда, ба саҳнаи сиёсӣ, сиёсатмадори даврони нав, сарвари оқилу ҷасур ва ватандори асилу дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шуд, ки ӯ Тоҷикистонро на танҳо аз вартаи нобудшавӣ раҳонид, балки масири рушди босуботи ояндаи онро муайян кард. Аз ҷумла 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки бо ҳамин кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.
Ҳамин тавр бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 ноябри соли 2009-ум 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, ҳамасола таҷлил мегардад, ки бовар дорем ин санаи муҳими таърихӣ бо исми накуи Пешвои муаззами миллатамон барои ҳамеша ҷовидон хоҳад монд.  
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи  ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ  сафарбар менамояд.
Зимнан Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода таъкид намуданд, ки Парчами милии мо дар радифи Конститутсия, суруди миллӣ ва нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб ёфта, таърихи ба даст овардани он ба фаъолияти мондагори Пешвои муаззами миллатамон пайванди абадӣ дорад. Бинобар ин, мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои муқаддас сарҷамъ бошем.
Ҳамчунин дар чорабинии идона муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим ва Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Содиқӣ Насиба роҷеъ ба «Рӯзи парчам», нақш ва моҳияти он дар ҳаёти ҷумҳурии соҳибистиқлоламон суханронӣ намуданд.
Ёдрас мешавем, ки Рӯзи Парчами миллӣ чун рамзи давлатдории тоҷикон барои ҳар як фарди ҷомеа асолати миллӣ, ғурури сиёсӣ ва ҳувияту муҳаббати ватандориро таҳким бахшида, кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.

 

Илова кунед