Муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид

26 Ноябр 2020, Панҷшанбе

Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти чанде аз вазорату кумитаҳои соҳавии кишварамон муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Татбиқи Созишномаи грантӣ «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассосиатсияи Байналмилалии Рушд» баргузор гардид.

Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода баромад намуда, иброз намуд, ки пеш аз ҳама беҳтар намудани назорати истифодабари ва тақсимоти об бо роҳи барқарор кардани дарвозаҳои обтақсимкунӣ, сохтмони обченаккунакҳо барои бурдани ченаки об дар сарҳади об ва таъмини ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо обченаккунакҳо барои истифодаи оқилонаи оби полезӣ мусоидат хоҳанд кард. Ҳамчунин, Оинномаи Идораи Давлатии  Беҳдошти Замин ва Обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон тасдиқ ва системаи  билингӣ, яъне пардохти  ғайринақдӣ дар ҳавза аз моҳи январи соли 2020 дар 14 ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ҷорӣ гардидааст. Дар баланд бардоштани сатҳи тавонмандии ташкилотҳои давлатии хоҷагии оби 5 ноҳияи зерҳадафи лоиҳа Маркази идораи корҳои зиёдеро ба итмом расонидааст.Ин таҷрибаи марказ боиси дастгирӣ мебошад.
Хамзамон, дар доираи лоиҳа бо назардошти имкониятҳо баррасии васеъ истифода намудани системаи билингӣ мувофиқи мақсад мебошад. Дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон ҷорӣ намудани системаи мазкур натиҷаҳои  хуб дода истодааст. Албатта дар оянда мо бояд пардохти ҳаққи хизмати обрасониро бо воситаи ин система дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат ҷорӣ намоем.
Ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани мақоми дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ҷиҳати расонидани кумакҳои машваратӣ, методӣ ва иттилоотӣ барои баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ ва касбии кормандон онҳо пешниҳод гардида буд. Тибқи маълумотҳо бо назардошти зарурияти набудани  маблағ ин кор амалӣ карда нашудааст. Дар доираи лоиҳа дар ҳавзаи дарёи Зарафшон баррасӣ намудани ҳалли ин масъала мувофиқи мақсад мебуд.

Аз руи масъалаи рӯзнома, дар назди ҳозирин ҳамчунин Раҳмонов Бозоралӣ- мушовир оид ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаи «Идоракунии Захираҳои Обии Водии Фарғона» оид ба рафти татбиқи Созишномаи грантӣ «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассосиатсияи Байналмилалии Рушд бо гузориши муфассал баромад намуд.
Дар анҷоми муҳокимаи парламентӣ баъди саволу ҷавоби вакилони мардумӣ бо масъулини соҳа, қарор ва тавсияҳои дахлдор қабул карда шуд.

Илова кунед