Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Украина

26 Ноябр 2020, Панҷшанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк  бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд.
Маҳмадтоир Зокирзода дипломати Украиниро ба парлумони касбии мамлакат хаӣра мақдам намуда, роҷеъ ба фаъолияти парлумони касбии мамлакат ахбороти муфассал дод. Мавсуф аз ҷумла изҳор дошт, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳои мо дар доираи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ асос ёфтааст.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, муносибатҳои баӣнипарлумонии  Тоҷикистону Украина баррасӣ шуд.
Аз суръати рушди ҳамкории дуҷониба дар баъзе соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ  карда шуд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Украина ҳанӯз хеле зиёданд.
Дар ин нишаст ҳамчунин таъкид карда шуд, ки заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Украинаро санадҳои зиёде  ташкил медиҳад, ки самтҳои мухталифи ҳамкории ду кишварро фаро мегирад.

Илова кунед