Ҷаласаи 51-уми Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

27 Ноябр 2020, Ҷумъа

Имрӯз, дар Қасри Таврическийи шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар шакли (реҷаи фосилавӣ) видеоконфронс оғоз гардид.   
Дар ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои Иттиҳод, инчунин намояндагони мақомоти ИДМ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Иҷлосияро аз толори хониши Қасри Таврический Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои АБП -и ИДМ, раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия роҳбарӣ намуд.
Яке аз мавзӯъҳои марказии ҷаласа таъминоти қонунии тадбирҳое, ки дар кишварҳои узви ИДМ дар робита бо пандемияи COVID-19 андешида мешаванд, буд. Инчунин масъалаҳои ҳолат ва дурнамои ҳамгироии иқтисодӣ ва таъминоти меъёрӣ — ҳуқуқии он дар фазои АвруОсиё, омодагӣ ба назорати интихобот ба мақомоти ҳукуматӣ дар кишварҳои ИДМ дар соли 2021, ташкили Шӯрои коршиносон оид ба илм ва маориф дар назди АБП ИДМ ва якчанд  масъалаҳои дигар низ баррасӣ карда шуданд.
Худи ҳамин рӯз, ҷаласаи 51-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар кори он ҳайатҳои парлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуданд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, ҳамзамон Раиси комиссия оид ба масъалаҳои ҳуқукии   АБ  ИДМ Эмомалӣ Насриддинзода дар ин чорабиниҳо аз тариқи реҷаи фосилавӣ (видиоконференсия) иштирок намуда,  роҷеъ ба мавзӯи «Ҷуброни зарар  ба шаҳрвандоне, ки аз содир намудани ҷиноят зарар дидаанд»  ибрози назар намуд.
Ишширокчиёни ин ҷаласа-вакилон ҳамчунин лоиҳаи Конвенсия дар бораи ҳифзи иншооти мероси фарҳангии давлатҳои аъзои ИДМ, Кодекси намунавии меҳнат барои давлатҳои аъзои ИДМ, Кодекси намунавии интихобот барои давлатҳои аъзои ИДМ, инчунин якчанд лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ: «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи фаъолияти муҳандисӣ ва хидматрасонӣ ва машварати муҳандисӣ», «Дар бораи сохтмони объектҳои ғайриманқул дар асоси саҳми муштарак», «Дар бораи бехатарии экологии интиқоли маҳсулоти нафтӣ тавассути қубурҳо», «Дар бораи рушд ва муҳофизати минтақаҳои кӯҳистон», «Дар бораи назорати парлумонӣ», «Дар бораи варзиш дар мактабҳо», «Дар бораи ҷуброни зарари ба шаҳрвандон расонидашуда, ки аз ҷиноятҳо зарар дидаанд» ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасӣ гардида, карорҳои дахлдор қабул карда шуд.
 

Илова кунед