Ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳимоя карда мешавад

30 Ноябр 2020, Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласаи Шӯро таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Тағйиру иловаҳои пешбинигардида ба бартараф намудани норасогиҳо ва бархурди манфиатҳо, рушду такомули муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ва фурӯшандагон татбиқи қонуни амалкунанда мусоидат менамояд.
Лоиҳаи пешниҳодшуда тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ҳамчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон таҳия гардидааст.
Зимнан ироа гардид, ки лоиҳаи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бо мақсади кам намудани  муҳлати баррасии ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном, в (ё) номи падар, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном  ва (ё)  номи падар дар муддати на дертар аз  як моҳ аз рӯзи додани ариза баррасӣ карда мешавад. Ҳамзамон, дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок, муҳлати баррасӣ намудани ариза  понздаҳ  рӯз дароз карда мешавад.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» дар иртибот ба иҷрои банди 22 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 20 майи соли 2020 зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ иброз доштанд, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Мақсади асосии лоиҳаи Қонуни мазкур муҳайё намудани шароит ва содакунонии ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бақайдгирии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, истеҳсол ва додани имтиёзҳо ҳангоми истифодаи онҳо дар амалиётҳои ҳарбӣ, ҳолатҳои фавқулода, паҳншавии эпидемия, пешгирӣ ва табобати бемориҳо, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои номусоиди кимиёвӣ, биологӣ ва радиатсионӣ пешбинӣ мешаванд, иборат мебошад.

Илова кунед