Ҳамоиши парлумонӣ: саноатикунонии босуръати кишвар

08 Декабр 2020, Сешанбе

Имрўз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ҳамоиши парлумонии машваратӣ дар мавзўи «Саноатикунонии босуръати кишвар ва шуғли пурмаҳсули аҳолӣ» баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур дар доираи нақшаи Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар баробари вакилони мардумӣ дар ҳамоиш роҳбарони вазорату кумитаҳои секторои иқтисод ва саноати кишвар иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода аҳамияти рушди соҳаи саноат дар мамлакатро зикр намуда, таъкид намуд, ки «сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат вобаста ба пешниҳод ва қабули ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла масъалаи саноатикунонии босуръат ё худ индустриаликунонии мамлакат, яке аз асосҳои калидии пешрафти иқтисодиёти миллӣ ба шумор меравад. Зеро мо худ шоҳиди он ҳастем, ки амалигардонии се ҳадафи қабулгардида, ба раҳоӣ бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор ба таъмини рушди иқтисодиёт, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, инчунин бунёди садҳо ҳазор гектар боғу токзор заминаи басо бузург фароҳам овард».

Ҳамзамон Раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон Амонулло Хайрулло баромад намуда, таъкид доштанд, ки «мақсад аз баргузории чорабинии мазкур фароҳамоварии шароити мусоиди асосҳои ҳуқуқӣ бо вориднамоии тағйироту иловаҳо дар қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ ва таҳияи қонунҳои мукаммали нав ҷиҳати таъмини рушди босуръату устувори саноати мамлакат мебошад».
Дар ин нишастВазири саноат ва технологияҳои нав Кабир Шералӣ, Вазири энергетика ва захираҳои об Ҷумъа Далер, вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой  Солеҳзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оймуҳаммадзода Илҳомҷон ва дигар шахсони расмӣ баромад намуда, роҳҳои тақвият бахшидан ба саноатикунонии мамлакат ва дурнамои барномаҳои амалишавандаро дар самти саноатикунонии босуръати кишвар шарҳу тафсир намуданд.
Баъд аз баромадҳои расмӣ, аз ҷониби иштирокдорон музокираҳо сурат гирифта, вазирони ҳукумат ба саволҳои вакилони мардумӣ посух гуфтанд.

Дар интиҳо муовини раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим баромад намуда, доир ба масъалаҳои мубрами соҳаи саноати кишвар ва ҷиҳати татбиқи ҷанбаҳои қонунгузории соҳавии кишвар андешаронӣ намуд. Ҳамзамон аз ҷониби иштирокдорон бо таклифу пешниҳодҳои вакилони мардумӣ тавсияҳои парлумонӣ қабул карда шуд.







Илова кунед