Нишасти онлайнӣ доир ба индекси сармояи инсонӣ

09 Декабр 2020, Чоршанбе

8 декабри соли равон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллоев М.Қ., Ашуров Ғ.М., Шодиён П. ва Даринг Р.Ҷ.Қ. дар нишасти онлайнӣ вобаста ба индекси сармояи инсонӣ дар соли 2020 иштирок намуданд.
Дар нишасти онлайнӣ масъалаи асосӣ - индекси сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2020 Ян-Петер Олтерс - намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ намуд. Ҷаноби Олтерс аснои таҳлил, сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ-молиявӣ, маориф, тандурустиро таҳлил намуда, аз ҷумла нишондодҳои сармояи инсонӣ, ки вобаста аз таваллуди тифл то синни 18 сола, кушодани суратҳисоб, бо муассисаҳои таълимӣ пурра ҷалб намудани кӯдакон, муолиҷа ва амсоли инро махсус қайд намуд.
Вобаста ба масъалаи баррасишаванда аз ҷониби вакилони мардумӣ низ саволу пешниҳодҳо равона гардиданд. Инчунин дар баррасии масъала 80 сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд, ки аз ҷумлаи баромадкунандагон, намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани иқтидори сармояи инсонӣ дар кишвар новобаста ба таъсири бемории сироятии COVID-19 зиёд будани афзалиятҳо ибрози ақида намуданд.
Асосан масъалаҳои :
- нишондиҳандаҳои барқарор намудан дар соҳаи маориф вобаста ба таъсири бемории сироятии COVID-19;
- нишондиҳандаҳои сармояи инсонӣ дар соҳаи тардурустӣ, дастгирӣ ва беҳбудиҳо дар ин самт;
- чораи ҷавобӣ барои ҳалли мушкилот дар самти сармояи инсонӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар хотима Ян-Петер Олтерс - намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон барои иштироки фаъолона аз вакилони мардумӣ ва дигар иштирокчиёни нишаст изҳори сипос ва миннатдорӣ баён намуд.

Илова кунед