Мавқеи паёмҳои Президенти кишвар дар балнанд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

11 Декабр 2020, Ҷумъа

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санадҳои муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқиест, ки дар он масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакат таҳлилу баррасӣ мегарданд. Махсусан, масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат таҳлилу баррасӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд.
Бояд иброз намуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва нахустдараҷаи кишварҳое маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардидааст. Арзишҳои номбурда собит месозанд, ки дар таърихи инсоният онҳо аз арзишҳои дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 90-ум масъалаи баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакатро хеле муҳим ва мубрам ҳисобида, 9-уми апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷyмҳypии Тоҷикистон»-ро қабул карданд. Фармони мазкур бо мақсади таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо қабул мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии табақаҳои мухталифи ҷомеа тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин самт як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст. Аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» аз 1-уми декабри соли 1999, таҳти №2, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи низоми давлатии омўзиши ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12-уми июни соли 2001, таҳти №272, «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» аз 3-юми  декабри соли 2012, таҳти №678 ва ғайра.
Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2001 оид ба масъалаи сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон сухан карда, аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки «то ҳанўз сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии мардум паст мебошад. Сабаби инро ман пеш аз ҳама дар суст будани кори ташвиқоти қонуну қарорҳои қабулшуда мебинам. Яке аз сабабҳои асосии содиршавии ҷиноят аз тарафи шаҳрвандон, вайрон кардани меъёрҳои қонун аз ҷониби роҳбарони идораю корхона ва муассисаҳои алоҳида маҳз надонистани қонун аст».
Ҳамчунин, Сарвари давлат дар идомаи суханронӣ хотирнишон сохтанд, ки «Конститутсия ва қонунҳое, ки дар давоми чанд соли охир қабул шудаанд, асоси тозаи низоми ҳуқуқиро гузоштанд, ки аз нигоҳи моҳияту  мазмунашон дар муқоиса бо қонунҳои давраи гузашта комилан нав ҳастанд. Дарку фарогирии ин падидаҳои ҳуқуқӣ ва идомаи  ислоҳоти соҳаи ҳуқуқ ҳам аз шаҳрвандон ва ҳам аз мақомоти давлатию ғайридавлатӣ тақзо мекунад, ки муносибати худро дар ин самт ба куллӣ тағйир диҳанд».
Аз ин лиҳоз, дар ҳамин Паём парламент, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, дастур гирифтанд, ки барои тарғиби дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии ҳуқуқии аҳолии мамлакат фаъолона саҳм гузоранд. Махсусан ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 30-юми апрели соли 2007 омадааст: «Дигар масъалае, ки ҳамчунин кӯшиши якҷояи ҳамаи рукнҳои ҳокимият, аҳзоби сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои иттилооти омма, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва таҳсилоти умумӣ, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеаро талаб мекунад, тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ ва зина ба зина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум ва пеш аз ҳама ҷавонон аст». Албатта таблиғу ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолии мамлакат кори саҳлу осон нест ва меҳнату заҳмати зиёдро тақозо менамояд. Биноан, даъвати Сарвари давлат аз ҳамаи мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус маърифати ҳуқуқии ҷавонон саривақтӣ мебошад.
Дар замони муосир дар рушду инкишофи ҳар як давлат ҷавонон нақши муҳим доранд. Зеро онҳо идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол ва неруи созанда буда, нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа бештар фаъолу серҳаракат, инчунин умеду такягоҳи давлат ва миллат мебошанд. Аз ин хотир, ҷавонони моро зарур аст, ки пайваста омўзанд ва дониши худро такмил диҳанд, аз илму фарҳанги ҷаҳонӣ воқиф бошанд, дар баробари ин, сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоранд.
Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми апрели соли 2008 низ яке аз масъалаҳои умдаи давлатдорӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар баён гардид. Тавре Президенти кишвар тазаккур доданд: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад». Бинобар ин, дар Паёми зикршуда олимони соҳаи ҳуқуқи мамлакат вазифадор гардиданд, ки Тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия карда, то ҷашни 15-солагии қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, яъне 6-уми ноябри соли 2009 рўйи чоп оваранд. Ҳамзамон, Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки барои беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ зарурати таҳияву қабул кардани барномаи нави дарозмуддати мукаммал ва ба таври самарабахш татбиқ намудани он амалӣ карда шавад.
Ҳамин тавр, барои иҷро намудани талаботи Паёми зикргардида соли 2009 Тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи олимони соҳаи ҳуқуқи ватанӣ аз чоп баромад ва айни ҳол аз ҷониби табақаҳои гуногуни аҳолии мамлакат ба таври васеъ истифода мешавад. Инчунин, 29-уми апрели соли 2009, таҳти №253 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» тасдиқ гардид. Мақсади асосии ин барнома баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси ватандўстӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷyмҳypии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсону шаҳрванд ва амсоли инҳо иборат буданд.
Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2016 муҷаддадан ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Академияи илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар мақомоти давлатиро дастур доданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш диҳанд.
Ҳамчунин, Роҳбари давлат дар Паёми мазкур ба Вазорати маориф ва илми мамлакат супориш доданд, ки «омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад».
Ҳамин тариқ, дар заминаи Паёми зикршуда дар барномаҳои муассисаҳои таълимии кишвар омўзиши Конститутсияи мамлакат, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба роҳ монда шудаанд, ки ба ин васила донишҳои сиёсиву маърифати ҳуқуқӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва дигар қонунгузории мамлакат, ҳисси ватандўстиву меҳанпарастии наврасону ҷавонон боло мераванд ва дар раванди эъмори давлати ҳуқуқбунёд саҳми назаррас мегузоранд.
Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 Президенти мамлакат зикр намуданд, ки «баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад». Мусалламан, эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маърифати баланди ҳуқуқиро тақозо мекунад, ки бидуни он арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, аз қабили волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд комилан амалӣ шаванд.
Дар Паёми мазкур Сарвари кишвар бинобар ба охир расидани муҳлати «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009–2019» зарур шумориданд, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад.
Дар натиҷа, ҷиҳати амалӣ сохтани талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26-уми декабри соли 2018, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми ноябри соли 2019, таҳти №599 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» тасдиқ гардид.
Барномаи навбатии дарозмуддати таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 дар шароити кунунӣ бағоят муҳим буда, зарур аст, ки муқаррароти он ва дар ин замина муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни қишрҳои гуногуни аҳолии мамлакат аз ҷониби масъулину мақомоти дахлдори давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мунтазам тарғибу ташвиқ карда, ба ин васила маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат баланд бардошта шаванд. Зеро баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат дар пешгирии қонунвайронкуниҳо, таъмини волоияти қонун, риояи Конститутсия ва қонунгузории кишвар, инчунин эътирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамоянд.
Дар фарҷом қайд кардан ба маврид аст, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат нақши бағоят муҳим гузоштанду мегузоранд, зеро дар ин самт Президенти мамлакат дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру вазифаҳои мушаххас медиҳанд ва барои иҷрои саривақтии онҳо дар навбати худ аз ҷониби вазорату мақомоти дахлдори давлатӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Фирўз Сайнозимзода,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон

Илова кунед