Обидов Фозил Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
11 Декабр 2020, ҶумъаИмрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ ҷаласаи вакилони узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Хайриниссо Юсуфӣ иброз намуд, ки вакилони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таъмини ояндаи дурахшони кишвар тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, баҳри таҳкими низоми қонунгузории кишвар тамоми неруи ихтисосии худро равона менамоянд.

Рӯзномаи ҷаласаи вакилони узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон танҳо аз як масъала : интихоби Раиси нави фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон иборат буд.


Ҳамин тариқ Фраксия вакилонро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ муттаҳид намуд. Дар байни 42 нафар аъзоёни Фраксияи ҲХДТ вакилон бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла: муҳандисони соҳаҳои заминсозӣ, сохтмон, технология, ҳуқуқшиносон, иқтисодчиён, кишоварзон, агротехнологҳо, математикҳо, филологҳо, файласуфон, мутахассиси соҳаи тиб, сиёсатшиносон дохил гардиданд.
Дар кори ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим ва Дилрабо Мансурӣ иштирок намуданд.



