Китобхонаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли наву муосир ифтитоҳ гардид
11 Декабр 2020, ҶумъаИмрӯз китобхонаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли наву муосир ифтитоҳ гардида, барои қабули хонандагон ва ниёзмандон корро ба шакли ҷадид оғоз намуд. Ин махзани маърифату иттилоъ бо мизу курсиҳои нав, рафҳову ҷевонҳо, тахтаи электронӣ ва дигар василаҳои муосири китобхонаҳо муҷаҳҳаз гардида, дорои осори зиёди адабию тахассусӣ мебошад.

Фонди умумии он беш аз 17 ҳазор нусха китобҳои гуногуни тахассусӣ, илмию адабӣ, луғату қомусҳои соҳавиро фаро гирифта, аз рӯи хоҳиш пешкаши хонандагон карда ммешаванд.
Инчунин дар Китобхонаи мазкур нашрияҳои даврӣ ва махсусан «Ахбори Маҷлиси намояндагон», рӯзномаҳои «Садои мардум», «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», «Народная газета», «Халқ овози» ва дигар нашрияҳои даврӣ гирдоварӣ шуда, барои ниёзмандон пешниҳод мегардад.
Ёдрас мешавем, ки Китобхонаи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон соли 1992 таъсис ёфта, баъд аз ба фаъолияти касбӣ шурӯъ намудани парламенти тоҷик зарурати таъмин ва такмили китобхона афзуда, шумораи китобҳо ва хонандагонаш низ марҳмила ба марҳилда зиёд гардидааст.










Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон