Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» тағйирот ворид карда шуд.

16 Декабр 2020, Чоршанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид,  як қатор масъалаҳо аз ҷумла  «Мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки башардўстонаи Ҳукумати Япония барои мубориза бо COVID-19 дар доираи Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ аз 9 сентябри соли 1994, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Файзуллоев Машраб.»- ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни баррасии масъалаи якуми рӯзнома  таъкид гардид, ки Мубодилаи ёддоштҳои мазкур бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи тадбирҳо ҷиҳати мубориза бо пандемияи COVID-19 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

Маблағи умумии лоиҳа 600 млн. йени ҷопониро ташкил дода, он ҳамчун маблағи грантӣ ба ҳисоб меравад.

Сар задани бемории COVID-19 бори дигар нишон, ки на ҳамаи сохторҳои тандурустии кишвар ба ҳолатҳои ғайричашмдошт омода мебошанд ва омили мазкур, аз ҷумла бо дарназардошти танқисӣ аз мутахассисони касбӣ дар минтақаҳои дурдаст, ҳолати ғайричашмдошти як қатор инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ, норасоии таҷҳизоти зарурӣ ва ташхисгоҳҳои замонавӣ, инчунин нокифоя будани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии пурраи тиббӣ ба амал омадааст.

Қисми зиёди таҷҳизот ва ташхисгоҳҳо аз замони шуравӣ то имрўз мавриди истифода қарор доранд ва бо тағйир ёфтани стандартҳои ҷаҳонӣ, пайдо шудани усулҳои нави ташхис ва табобат хизматрасонӣ ва ёрии тиббӣ тақозои татбиқи маҷмўиро талаб менамояд. 

Бинобар ин, харидорӣ ва дастрас намудани таҷҳизоти замонавӣ аз тарафи Ҳукумати Япония ниҳоят муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Зимни баррасии Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ аз 9 сентябри соли 1994, таъкид гардид, ки Протоколи мазкур низоми бақайдгирии минтақавии намунаҳои саноатиро муқаррар намуда, моҳияти он вобаста ба гирифтани иҷозати ҳифзи намунаи саноатӣ дар якчанд давлатҳо-аъзои Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ бо як ариза, бо як забон ва бо супоридани боҷи ягонаи корбарӣ шароит фароҳам меоварад.

Ҳамчунин афзалиятҳо барои давлатҳои ба Протоколи мазкур ҳамроҳшуда, ин сарфа намудани хароҷоти маъмурӣ ба соҳибкорон мебошад, ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии давлатҳои аъзо бо пардохти танҳо 20 фоиз аз меъёри умумии пардохти муқарраршуда ба аризаи намунаи саноатӣ метавонанд соҳиби патенти авруосиёгӣ гарданд.

Аз ин рў, Протоколи мазкур алоқамандии низоми миллиро бо низоми бақайдгирии минтақавии намунаҳои саноатӣ муқаррар намуда, барои содагардонии бақайдгирии намунаҳои саноатӣ дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия равона гардидааст.

Ҳамчунин зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» баромадкунандагон иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии Қонуни амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» инчунин татбиқи муқаррароти Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ва амалисозии Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мукамалсозии қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон ва мутобиқгардонии ин самт бо меъёрҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таҳия  шудааст.

Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» калимаҳои «ё иҷозатномаи пешбурди фаъолияти адвокатӣ» ба калимаҳои «ва шаҳодатномаи адвокатӣ» иваз карда мешаванд, яъне ба адвокат ҷиҳати мулоқот намудан бо гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар асоси пешниҳоди ордер ва шаҳодатномаи адвокатӣ иҷозат дода мешавад. 

Бо чунин тарз дар иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

 

Илова кунед