Ҷавонони маҷлиси намояндагон

31 Март 2020, Сешанбе


Неруи бузурги фикрию интелектуалии ҷавонон дар ҳама давру замон мояи аслии иқтидори давлату ҳукумат маҳсуб шуда, қудрати сиёсию иқтисодӣ ва интизомию ҳарбии ҳар як низоми сиёсӣ аз неруи фитрии ҷавонони он вобаста аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои аввали расидан ба истиқлолияти сиёсӣ бо эътимоди комили Пешвои муаззами миллат ба неруи ҷавонон такя намуда, ин қишри созандаро дар муҳимтарин лаҳзаҳо шарики боэътимоди худ қарор додааст. Имрўз дар тамоми бахшҳои низоми давлатдории Тоҷикистон мавқему ҷойгоҳи ҷавонон намоён буда, тамоми шароити таълиму тадрис, фаъолият, такмили донишу ихтисос ва зарфиятҳои тафреҳӣ барои ин насли пурѓурур муҳайё гардидааст.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ доир ба танзими қонунии фаъолияти ҷавонон қонун қарорҳои судманд қабул намудааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” намунаи волои он аст.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун як шохаи аслии ҳокимияти кишвар ба неруи ҷавонон такя намуда, имрўз дар ин мақоми қонунбарор, аз ҳисоби ҷавонони донишманду закӣ вакилон, мушовирони калон, мудирони шуъбаҳову бахшҳо, сармутахассисон ва дигар вазифаҳои роҳбарию тахассусиро ба ҷавонон бовар намудаанд. Аз ҷумла дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо сарварии Мизроб Кабиров ҷавонон ба ҳайси мудирони шуъбаҳо, муовинони мудир, сардорони бахшҳо ва сармутахассисон фаъолият намуда, бахши хизматрасонии техникӣ ва хоҷагидориро низ ба ҷавонон бовар карда шудааст.

Ҷавонон низ дар навбати худ бо иродатмандӣ ва самимияти комил аз сиёсатҳои Пешвои муаззами миллат масъулиятҳои ихтисосии худро иҷро намуда, барои рушду пешрафти кишвари маҳбубамон саҳмгузорӣ менамоянд.


Илова кунед