Ҷавони бофазилат дар масири сиёсат

17 Декабр 2020, Панҷшанбе

Соли ҷорӣ дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол рўйдоди таърихие ба вуқуъ пайваст, ки таваҷҷуҳи табақаҳои мухталифи ҷомеаи кишварро ба худ ҷалб намуд. Тавре ба ҳамагон маълум аст 17-уми апрели соли 2020 дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум аъзои Маҷлиси миллӣ, тибқи талаботи Конститутсияи мамлакат Рустами Эмомалиро Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб карданд.

Мусалламан, агар ба марҳилаҳои кору фаъолияти Рустами Эмомалӣ назар афканем, ба таври возеҳ аён мегардад, ки мавсуф корро аз зинаҳои поёнӣ, яъне аз вазифаи сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2006) оғоз карда, зинаҳои ибтидоии фаъолияти идораҳои давлатиро накў омўхтааст. Рустами Эмомалӣ ҳамчун мутахассиси ҷавон дарк менамуд, ки барои пурра аз худ кардани касбу кор ва мутахассиси варзида гардидан бояд корро аз вазифаҳои поёнӣ шурўъ намуд. Сипас моҳи апрели соли 2009 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи Сардори Раёсати дастгирии соҳибкорӣ кор карда, моҳи июни ҳамон сол Сардори Раёсати зикршуда таъйин гардид.
Рустами Эмомалӣ ҳангоми дар маснади Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудан, Хадамот танҳо дар соли 2014 тамоми захираҳои ташкилию идоракуниро баҳри таъмини риояи қонунгузорӣ ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, мубориза бар зидди қонунвайронкуниҳои гумрукӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, муқовимат ба коррупсия ва дигар зуҳуроти сўистифода аз мансаб, ки ҳамчун самтҳои афзалиятнок интихоб гардида буданд, сафарбар намуд. Хадамот дар ин давра ба буҷети давлат 4 миллиарду 3,7 миллион сомонӣ ворид кард, ки ин аз нақша 203,9 миллион сомонӣ зиёд буд. Инчунин, бо мақсади беҳдошти шароити моддию маишии кормандони Хадамоти гумрук ва аъзои оилаи онҳо бинои истиқоматии 9-ошёна сохта шуд ва 56 корманди ҳоҷатманди ин мақом соҳиби хонаҳои истиқоматӣ гардиданд.
Қаҳрамони матлаб зимни фаъолият дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ худро ҳамчун шахси кордону ботадбир, ташкилотчиву масъулиятшинос ва нисбат ба қонунвайронкуниҳо оштинопазир нишон дода, миллионҳо сомонӣ зарари моддиву молиявии ба давлату ҷамъият расонидашударо ошкор ва барқарор намуд.
Ташаббускориву шуҷоатмандӣ, донишу фаҳмиши замонавӣ, дидгоҳу назари тоза, самаранокии фаъолият ва таҷрибаи хуби роҳбарии Рустами Эмомалӣ буд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифа ва аз 4-уми апрели соли 2017 Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.
Рустами Эмомалӣ пас аз таъйин гардидан ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи нахустини шаҳрдорӣ иброз намуд, ки тамоми ақлу заковат, имконияту таҷриба ва неруи худро барои ободию сарсабзии пойтахти Ватани азизамон – шаҳри Душанбе сафарбар месозад.
Дарвоқеъ, Рустами Эмомалӣ ба қавли худ содиқу устувор монд. Баробари ба мансаби Раиси шаҳри Душанбе таъйин шудан пойтахти Ватани азизамон рўз то рўз сарсабзу хуррам ва ободтару зеботар гашта истодааст. Тавре имрўзҳо мушоҳида менамоем, дар пойтахти мамлакат корҳои ободониву созандагӣ босуръат ҷараён доранд, даҳҳо иншооти зебову муосир, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ бунёд гашта, ин созандагиҳо шабонарўзӣ ҷараён доранд, ки ба ин васила ҳазорон нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд, ташрифи сайёҳони дихиливу хориҷӣ меафзояд, ки ин дар маҷмўъ, дар баланд бардоштани некўаҳволии мардум ва ба кишвари мутараққӣ табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол кумак мерасонад.
Инчунин, дастовардҳо дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе низ назаррас буда, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ сифатан хубтару беҳтар гардид. Минҷумла, дар хатсайрҳои автобус ва троллейбусгард пардохти роҳкиро ба пуррагӣ тариқи низоми электронӣ роҳандозӣ шуда, корҳо дар самти марҳилаи дуюми лоиҳа ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми мазкур дар хатсайрҳои микроавтобусӣ оғоз гардидааст. Ҳамзамон, дар шаҳр 2 адад эстакадаи сесатҳа ба истифода дода шуд ва дар назар аст, ки то соли 2025 10 адад ва дар доираи амалишавии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе 20 адад эстакадаи сесатҳа сохта мешавад, ки ба ин васила симои шаҳр боз ҳам зебову дилпазир мегардад.
Аз ҳамин ҷост, ки ҳамакнун мақому эътибори пойтахти Ватани маҳбубамон – шаҳри Душанбе дар арсаи байналмилалӣ боло рафтааст. Аз ҷумла, шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуда, тибқи натиҷаҳои назарпурсии Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия ба қатори даҳ шаҳри дар айёми баҳор ва инчунин, тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид ва он дар раддаи даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рўйи таъмини амнияти шабона эътироф шуд. Ҳамрадиф бо ин, шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ «ECO» барои солҳои 2020-2021 интихоб гардид, ки чунин нишондод ва баҳогузории баланд ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳии мамлакат, дар умум, баҳри боз ҳам рушду тараққиёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Боиси сарафрозист, ки 28-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор дар бораи соли 2021 ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе додани мақоми шаҳри фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил қабул гардид.
Бояд қайд намуд, ки қаблан истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе аз он изҳори нигаронӣ менамуданд, ки дар гирду атрофи хонаҳои истиқоматиашон майдончаҳои варзишӣ барои бозии наврасону ҷавонон вуҷуд надоранд ва умеду орзу мекарданд, ки чунин ҷойҳо сохта шаванд. Ҳамзамон, аз сабаби набудани чунин ҷойҳо аз ҷониби наврасону ҷавонон бетартибиҳои зиёд рух медод, ҳатто тартиботи ҷамъиятӣ вайрон ва оромии сокинони пойтахт халалдор мешуд, ки ин ҳолат боиси норозигии қишрҳои гуногуни ҷомеа мегардид. Хушбахтона, аз қудуми неки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нигарониҳои онҳо бартараф ва умеду армони деринаашон бароварда шуд. Алъон дар шаҳри Душанбе зиёда аз 230 майдончаҳои варзишӣ барои футбол, баскетбол, волейбол, варзиши сабук, инчунин ҷойҳои махсус барои фароғати кўдакону волидайни онҳо сохта шуданд, ки акнун наврасону ҷавонон дар назди хона ва зери назорати волидайни худ ба варзиш, ки гарави саломатист, машғул мешаванд ва аз беҳудагардӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва даст задан ба ҳар гуна кирдорҳои ношояму номатлуб худдорӣ менамоянд.
Феълан, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо боғу бўстон ва кўчаву хиёбонҳои сарсабзу гулпўш, биноҳои хуштарҳу замонавии хоси миллӣ, фазои орому осуда, марказҳои мухталифи хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳои сатҳи байналмилалӣ ба макони дўстдоштаниву писандидаи сокинони пойтахт ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ мубаддал гаштааст.
Лозим ба ёдоварист, ки Раиси шаҳри Душанбе 23-юми сентябри соли ҷорӣ дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум аз тамоми сокинони шаҳри Душанбе даъват ба амал овард, ки барои ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахт саҳм гузоранд. Дар ин замина пешниҳод намуд, ки ҳамчун нишони ҳамраъйӣ ҳар як оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташон як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намоянд. Бо ин иқдом мо на танҳо шаҳри худро сарсабз мегардонем ва дар ободонии он саҳм мегузорем, балки барои насли наврас намунаи ибрат гашта, дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзамини худро меомӯзем. Иқдоми «Шаҳри сабз»-и Раиси шаҳри Душанбе миёни кулли сокинони пойтахт ҳамовозии гарму ҷўшонро ба вуҷуд оварда, дар тамоми гўшаву канори шаҳр аз ҷониби сокинон ва кормандони касбу кори мухталиф гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шинонда шуданд ва айни ҳол ин маърака идома дорад, ки дар боз ҳам сарсабзу хуррамгардонӣ, ҳифзу беҳдошти муҳити зист ва тоза нигоҳ доштани фазои экологии пойтахт, дар маҷмўъ ба яке аз шаҳрҳои сабзи дунё табдил ёфтани Душанбешаҳр мусоидат менамояд. 
Ташаббусу корнамоӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва меҳнатқариниву суботкориҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мўҷиб гардид, ки дар як муддати кўтоҳ дар дилу дидаи сокинони қалби Тоҷикистон – шаҳри Душанбе маъво гирифт ва дар интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 1-уми марти соли 2020 аз ҷониби сокинони пойтахт, аз ҳавзаи интихоботии № 25-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб ва пасон 27-уми марти соли равон дар интихоботи даъвати нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар интихоб гардид.
Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Бояд хотирнишон сохт, ки тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллӣ аз 33 аъзо иборат буда, аз ҷумла 25 аъзои он ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд. 8 нафар аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ў аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад.
Дар асоси қисми панҷуми моддаи 49-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъйин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.
Қобили зикри хос аст, ки қонунгузории мамлакат, алалхусус, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз барои интихоб намудани Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон талаботи махсус пешбинӣ накардааст. Танҳо муқаррар намудааст, ки Маҷлиси миллӣ аз байни аъзо Раиси Маҷлиси миллӣ, муовини якум ва муовини ўро интихоб менамояд. Раиси Маҷлиси миллӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб мешавад.
Рустами Эмомалӣ бидуни муболиға шахсияти ботаҷрибаву обрӯманд, ватандӯсту поквиҷдон, шикастанафсу шуҷоатманд, хоксору ростқавл, фарҳехтаву саховатманд, кордону дорои фарҳанги воло ва дониши муосир, ҷаҳонбинии фарох, фаҳмишу дарки замонавӣ буда, дастпарвари мактаби сиёсӣ ва идоракунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Қаҳрамони матлаб дар тамоми зинаҳои фаъолият поквиҷдонӣ ва масъулиятшиносиро шеваи асосии фаъолият қарор додаву медиҳад. Барояш муҳим нест, ки дар кадом мансаб қарор дорад, баръакс самараи меҳнат ва нақши он дар пешрафту ободонии Ватани азизамон аст. Вежагии дигари фаъолияти шахсияти мавриди назар дар он аст, ки дар ҳама кор низому тартиботро ба таври бояду шояд ҷорӣ менамояд.
Сарафрозу ифтихорманд аз онам, ки сарнавишт каминаро бо чунин шахсияти олиқадру олимақом ва соҳибдилу соҳибназар ошно кард. Мавриди ёдоварист, ки камина бо Рустами Эмомалӣ дар литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар як синф таҳсил намудем. Ва аз ҳамон айёми ҷавонӣ ҳисси роҳбарию ташкилотчигӣ дар вуҷудаш ҳувайдо буд ва ҳамеша низому тартибро бо дарки баланди масъулият қабул менамуд.
Дар симати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Рустами Эмомалӣ корҳои шоёну ҳадафҳои мондагорро тарҳрезӣ ва амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла, 26-уми июни соли ҷорӣ дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум дар хусуси масоили мубрами ҳаёти мамлакат, алалхусус нақши қонун дар ҷомеа ва рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати қонунгузорӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ сухан карда, таъкид сохт, ки «қонунҳое, ки аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия ва пешниҳод гардида, дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ карда мешаванд, бояд ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои истиқлолият, таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, рушди соҳаҳои гуногуни иқтисод ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, беҳбудии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар равона гарданд».
Раиси Маҷлиси миллӣ дар ин иҷлосия ба аъзои он дастур дод, ки неруи зеҳнӣ ва донишу таҷрибаашонро ҳамчун марҳалаи нав рушду инкишоф дода, иҷрои пурраи вазифаву имкониятҳои мақоми олии қонунгузор ва самаранокии фаъолияти онро дар рушди давлатдорӣ тақвият бахшанд.
Раиси Маҷлиси миллӣ зимни суханронӣ ба сатҳу сифати қонунҳо, ки яке аз масъалаҳои муҳимми фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мебошад, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, қайд намуд, ки «мо бояд марҳала ба марҳала фаъолияти қонунгузориро тақвият бахшида, дар ин раванд на ба шумораи лоиҳаҳои қонунҳо, балки ба мазмун ва сифати онҳо диққати аввалиндараҷа зоҳир намоем».
Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум аз 17-уми апрели соли 2020 баён гардиданд ва дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аъзои Маҷлиси миллӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузориро таҳия намуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар манзур карданд. Қабули онҳо ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани сатҳу сифати қонунгузорӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва маҷмўан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат мусоидат менамоянд.
Чанде қабл Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Москваи Федератсия Россия сафари расмӣ анҷом дода, бо Раиси Шўрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, муовини якуми Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков, муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Алексей Оверчук ва Раиси шаҳри Москва Сергей Собянин дидору мулоқоти судманд намуданд. Дар ҷараёни мулоқоту музокирот масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия муҳокима гардид. Чунончи, масъалаҳои таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ, вусъат бахшидан ба амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаҳои маориф ва фарҳанг, масоили муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон, тақвияти ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, инчунин масъалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Россия баррасӣ шуданд.
Ҳамин тариқ, нахустин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст шуда, дар таҳкиму густариши муносибатҳои дўстонаи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия саҳифаи навро боз намуд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки зери роҳбарӣ ва роҳнамоии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аъзои Маҷлиси миллӣ фаъолияти қонунгузориро тақвият бахшида, тамоми ғайрату кўшиш ва донишу таҷрибаашонро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати қонунгузорӣ, рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолати иҷтимоӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба ҳар як сокини кишвар ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол сафарбар месозанд.

 

Сайнозимзода Фирўз,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси

намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон

 

 

Илова кунед