Ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид мегардад

21 Декабр 2020, Душанбе

Имрӯз таҳти раӣёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Мачлиси намояндагон баргузор гардид.
Дар ҷаласа  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баромади Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои  иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода иброз гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати мушаххас намудани ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм бо мақсади аз байн бурдани такрорёбии ваколатҳо аз тарафи дигар сохторҳои давлатӣ дар самти назорати фаъолияти илмӣ, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорё аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Тибқи тағйироти пешниҳодгардида дар қисми 1 моддаи 60 Кодекси амалкунанда калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» иваз карда шуда, ҳамзамон ба моддаи 64 Кодекси мазкур, қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шудааст:
«3. Фаъолияти илмӣ дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм бо ҷалби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ назорат карда мешавад».
Зимни баромади Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонӣ ба сархати якуми моддаи 14 ва моддаи 27 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 9 ва 69 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гаштааст. Лоиҳаи Қонуни мазкур аз ду қисм иборат буда, дар асоси қисми 1 он, баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои об ба ваколати мақомоти назорати истифода ва ҳифзи муҳити зист вогузор карда мешавад. Минбаъд протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тарафи шахсони ваколатдори мақомоти назорати истифода ва ҳифзи муҳити зист тартиб дода мешавад. Тибқи қисми 2 лоиҳа моддаи 103Кодекси амалкунанда, ки ба ваколати мақомоти ҳифзи захираҳои об тааллуқ дорад, хориҷ карда мешавад.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус ба қисми дуюми моддаи 10, моддаҳои 13 ва 14, инчунин сархати якуми моддаи 14 ва моддаи 27 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Илова кунед