Баланд бардоштани сифати таълим ва мутобиқ намудан ба меъёрҳои байналмилалӣ

25 Декабр 2020, Ҷумъа

Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мансурӣ Дилрабо ҳамоиши машваратӣ дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим ва мутобиқ намудан ба меъёрҳои байналмилалӣ» баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон баргузор шуда, дар он вакилони мардумӣ аз кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, вазири маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода М. С. ва дигар намояндагони Вазорати маориф ва илми кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Махсусан муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ доир ба масъалаҳои муҳими соҳаи маориф ва илми кишвар суханронӣ намуда, оид ба чораҳои муҳими амалишуда, дар роҳи татбиқи сиёсати давлат дар самти рушди маориф ва нақшаву барномаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар роҳи ҳалли мушкилоту норасоиҳои соҳаи маорифи кишвар ба вакилони мардумӣ гузориши муфассал ироа намуданд.

Ҳамчунин узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Шарифзода ғиёсиддин доир ба қонунгузории кишвар дар самти маориф ва илм баромад намуда, самти маорифро аз муҳимтарин соҳаҳои ҷомеа маънидод намуд. Аз ҷумла мавсуф афзуд, ки «рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ, умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман ба сифати рушди устувори маориф, ташкили ҷараёни мураттабу босифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён ва дар маҷмӯъ, ба сатҳи саводнокии миллат вобастагӣ пайдо мекунад».
Дар фарҷоми маърӯзаҳо намояндагони Вазорати маориф ва илми кишвар ба саволҳои вакилони мардумӣ посух гуфта, муҳокимарониҳои судманд доир гардид.

Илова кунед