Риояи устуворонаи Конститусия бояд барои ҳамаи шаҳрвандон ва шахсон меъёр бошад

31 Март 2020, Сешанбе


6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ якумин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид, ки ба идеологияи ҳуқуқҳои муқаррарӣ ва бегона набудаи инсон асос ёфта, Тоҷикистонро давлати ҳукуқбунёд эълон намудааст. Конститутсияи соли 1994 идея, принсип ва мақсадҳои нави  рушди давлатӣ ва ҷамъиятиро ба сатҳи олии меъёрӣ бардошт; он эътирофи арзишҳои умумидемократии конститутсионализми муосирро нишон дода, дар ин асос ба ниҳодҳои конститутсионии вазъи ҳуқуқии шахс ва ба низоми ҳокимияти давлатӣ таѓйироти ҷиддиро ворид намуд. Конститутсия ин хуҷҷати ягонаи сиёсиву хуқуқӣ буда, ҳар як қисми он бояд бо ҳамаи қисматҳои дигар алоқаи зич дошта, ба асосҳои ягонаи консептуалии рушди сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа, сохтори давлативу сиёсӣ асар кунад. Ин модели меъёрии ташкили ҳаёти ҷомеа аст, ки ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти ҷомеа ва давлатро умуман дар бар мегирад. Конститутсияи соли 1994 дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, кафили ҳамаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳақиқат санаде номидан мумкин аст, ки дар он иродаи мардум изҳор гардидааст, меъёрҳои он бевосита амал мекунанд ва дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд. Қонун ва санадҳои дигари ҳукуқӣ, ки дар Тоҷикистон қабул карда мешаванд, набояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф бошанд. Риояи устуворонаи Конститусия бояд барои ҳамаи шаҳрвандон ва шахсон меъёр бошад. Конститутсия инчунин ҳамчун усули тамоюли иҷтимоӣ баромад мекунад. Дар он мақсад ва вазифаҳои стратегии рушди ҷомеа ва давлат оварда шудаанд. Ниҳоят муҳим аст, ки Конститутсия ва таҷрибаи ҷамъиятӣ ба якдигар мухолифат накунанд. Конститутсияи амлкунандаи Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат аст. Дар дебоча эълон гардидааст, ки халқи Тоҷикистон ҳамин Конститутсияро қабул мекунад, арзишҳои демократӣ ва башардўстонаро мустаҳкам, ҷойи Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир муайян менамояд ва дар назди наслҳои ҳозира ва оянда худро масъул мехисобад. 10 боби Конститутсия асосҳои сохти сиёсӣ, ҷамъиятӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷимоиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, сохти унитарӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин тартиби аз нав дида баромадани Конститутсия ва ба он ворид намудани таѓйиротро мустаҳкам менамоянд. Конститутсияи Тоҷикистон чӣ аз рўи шакл ва чӣ аз рўи мазмун аз конститутсияҳои пештара ба таври назаррас фарқ мекунад. Дар ин Конститутсия принсипи афзалияти ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд асосӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он инсон, ҳуқуқу озодиҳои ў арзиши олӣ эълон гардидаанд. Принсипи соҳибихтиёрии мардумӣ маънои онро дорад, ки халқи сермиллати Тоҷикистон сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва баёнгари соҳибихтиёрӣ дар давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 1 Конститутсия эълон мекунад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Соҳибихтиёр маънои давлатеро дорад, ки дорои ҳудуди аниқ муайяншуда буда, дар он давлат соҳибихтиёрии дохилӣ ва берунаи худро амалӣ месозад, аҳолӣ, ҳукумати доимӣ дорад, ба дигар давлатҳо вобаста нест ва ваколату иқтидори бо дигар давлатҳои соҳибихтиёр барқарор намудани робитаҳои байналмилалиро дорад. Давлати демократӣ давлатест, ки сохтор ва фаъолияти он ба иродаи мардум, ҳуқуқ ва озодиҳои ба таври умум эътирофгардидаи инсон ва шаҳрванд мувофиқат мекунанд. Ҳуқуқбунёд ва дунявӣ маънои онро дорад, ки давлат, тамоми мақомоти он, шаҳрвандон бояд Конститутсия ва қонунҳои давлат, таҷзияи давлат ба шохаҳоро риоя намоянд. Дунявӣ маънои ҷудо будани дин аз давлат, ҳудудгузории соҳаҳои фаъолияти онҳоро дорад.  Ҳамзамон дар моддаи 26 ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба дин, дахолатнопазирии одамон ба пайравӣ кардан ба ягон дин ва иштироки онҳо дар маросим ва расму оинҳои динӣ кафолат дода шудааст. Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки он ҳадде, ки динро аз давлат ҷудо мекунад ва ҳуқуқҳои динии шаҳрвандонро маҳдуд месозад,  ниҳоят нозук аст, яъне на он қадар аён аст.

 

Боз як моддаи дигари Конститутсияро баррасӣ менамоем, ки он  аз мукаммалии Конститутсияи ҳозираи мо нисбат ба конститутсияҳои пештара шаҳодат медиҳад. Тибқи моддаи 12 асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳад, давлат ҳифзи ҳуқуқии шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Дар конститутсияҳои қаблӣ чунин доираи васеи ҳуқуқҳо вобаста ба моликияти хусусӣ пешбинӣ нашуда буд. Дар онҳо ба моликияти давлатӣ, ки маблаѓи умумии он 88.6%-ро аз сохтори умумии моликият ташкил медод, бартарият дода мешуд. Моликияти шаҳрвандон бошад танҳо 1.2%-ро ташкил медод, ки он аз монополияи давлатии истеҳсолот шаҳодат медод. Айни замон вазъият тамоман дигар аст, ҳифзи моликияти хусусӣ бо Конститутсия кафолат дода мешавад.

 

Конститутсияи амалкунандаи соли 1994 ягона буда, ба гурўҳи конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эълон менамояд, шомил аст.

Манижа Ҳакимова корманди масъули
Дастгоҳи Маҷлиси 
намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед